Мусаллам аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар ҳамоиши дуюми «Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» (С5+1) иштирок ва суханрони намуданд.
Дар ин замина Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хос дошта, аз ҷумла панҷ ташаббуси Пешвои миллатро пазируфтаанд, ки ин навбат ИМА (С5+1) – бо миёни давлатҳои Осиёи Миёна аз қабили Тоҷикистон баргузор намуд.
Дар вохӯрии навбатӣ бо Президентии ИМА, муҳтарам Доналд Трамп доир гардида, масъалаҳои мавриди матраҳ, ки аз ҷониби давлатҳо мамоили иҷтимоӣ, “Энергияи сабз” , “заминаи бунёдии ҳама гуна робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ”, ва “таҳкими занҷираҳои устувори истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ” , “сармоягузорӣ ба истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок” низ, аз ҷумлаи самтҳои ояндадори иқтисоди Тоҷикистонро дар ҳамоиши мавриди баррасию муҳокимаронӣ қарор доданд.
Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди сухан иброз гардид, ки Тоҷикистон ба инобати иқтидори иқтисодии худ, метавонад тавассути густариши ҳамкорию ҳамёрӣ дар таҳкими занҷираҳои устувори истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ мавқеи назаррас дошта бошад, таъкид доштанд сарвари давлат.
Ҳамчунин дар робита ба “энергияи сабз” низ иброз намуданд, ки ҳифзи беҳдошти табиати Тоҷикистон яке аз кишварҳои пешсафи Осиё Миёна ба ҳисоб рафта, дар ин замина барномаҳои дарозмуддати миллӣ таҳия ва қабул гардидаанд.
Боиси хушнудист, ки миёни кишварҳои ИДМ Тоҷикистон ягона кишваре ба ҳисоб меравад, ки дар самти “энергияи сабз” ва ҳифзи табиат саҳми басо муассир дорад.
Сафари кории сарвари мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ин вохӯрӣ ин ҳамаҷониба таҳким бахшидани робитаҳои байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳон шуморида мешавад.
Бинобар захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва мавқеи географиии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҷониби моро бо дигар шарикон дар тавсеаи ҳамкорӣ оид ба таҳкими соҳаи “энергияи сабз” ва интиқоли он ба кишварҳои ҳамсоя таъкид намуданд.
Таъкид карда шуд, ки дар кишвари мо, бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда, ба рушди соҳаҳои гуногуни саноат ва энергетика, бахусус афзоиши иқтидорҳои тавлидоти нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда, аҳаммияти хосса зоҳир карда мешавад.
Дар ин зимн алоқамандии Тоҷикистон ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳо бо шарикони байналмилалӣ дар ин самтҳо иброз гардиданд.
Махсусан сармоягузорӣ ба истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок низ, аз ҷумлаи самтҳои ояндадори иқтисоди Тоҷикистон дониста шуд.
Гуфта шуд, ки канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон аз лиҳози мавқегирии ҷуғрофӣ муфид буда, яке аз бахшҳои муҳимми иқтисоди кишвар дар соҳаи маъданӣ канданиҳои ба ҳисоб меравад.
Зимнан Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, баҳри ифзи иҷтимоии аҳолӣ, беҳдошти зиндагӣ, нигоҳдорӣ ва захираҳои обӣ дар ҷаҳон дониста мешавад.
Аз ин ҷост, ки сарвари кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо назаррас мебошад.
Чунин ҳамкориҳои сатҳи байналмилалӣ метавонад дар рушди иқтсодиёту иҷтмоиёти кишвар ва беҳдошти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, баранд бардоштани сатҳи зиндагӣ мардум нақши калидии мебозад.
Боиси қайд аст, ки дар даҳсолаи баъди пешниҳодҳои Тоҷикистон дар СММ қабул гардидаанд, ки ташаббусҳи назири таърихӣ хоҳанд буд.
Умед Назаров, омӯзгори кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав
