Дар идомаи сафари кории ҳайати роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳигарии Британияи Кабир, вохӯрии муҳим бо роҳбарият ва омӯзгорони факултети илмҳои Осиё ва Ховари Миёна (Faculty of Asian and Middle Eastern Studies)-и Донишгоҳи Кембриҷ баргузор гардид.
Факултети мазкур яке аз марказҳои бонуфузи илмии ҷаҳон дар самти омӯзиши забон, адабиёт, таърих, фарҳанг ва ҷомеашиносии кишварҳои Осиё ва Ховари Миёна маҳсуб ёфта, дорои захираи бойи илмӣ ва мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Пажӯҳишгарони он дар самтҳои таърих, адабиёт, забоншиносӣ, иҷтимоиёт, фарҳангшиносӣ, сиёсати муосир ва антропологияи иҷтимоӣ корҳои илмӣ анҷом медиҳанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доир ба оғози ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ, хусусан дар самти омӯзиши забон ва адабиёти форсу тоҷик, табодули назар намуданд. Намояндагони факултет омодагии худро барои дастгирии тадқиқоти илмӣ дар соҳаи шарқшиносӣ ва рушди барномаҳои муштараки таълимӣ изҳор доштанд.
Аз ҷониби Тоҷикистон дар вохӯрӣ Қурбонзода Маҳмадалӣ — ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Убайдулло Асрорзода — ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Аҳлиддин Ибодуллозода — ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ширкат варзиданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда барномаҳои ҳамкории илмӣ, мубодилаи донишҷӯён ва пажӯҳишгарон, ташкили конфронсҳои муштарак ва нашри мақолаҳои илмӣ дар ин самт ба роҳ монда шаванд.

