Аз қадимулайём ақидаю ғоя, расму оин ва анъанаҳои некбинонаю созанда одамонро ҷалбу муттаҳид карда, боиси боҳамойии онҳо ва рушду нумуи сарзамину халқҳо гардидаанд. Андешаю оинҳое, ки дар заминаи нуқтаи назари хайрхоҳонаю бунёдкорона ва фарҳангпарваронаи ҷомеадорию давлатдорӣ ба вуҷуд омадаанд, омили таҳаввулоти бузурге дар ҳаёти халқу давлатҳо ва умуман инсоният гаштаанд.
Дар ҳар давру замон шахсиятҳои хирадманду дурандеш ва некмаҳзар бо ақидаю нигоҳ ва андешаи некбинонаю созандаашон одамонро ба тифоқию ваҳдат оварда, сарзамину халқи хешро ба сатҳҳои нави рушду нумуъ раҳнамун сохтаанд.
Бо бахту иқболи неки мардуми тоҷик чунин шахсияти хирадманду қавиирода ва дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар вазъияти басо душвору вазнин ва ҳасосу пурталотуми кишвар ба ҳайси роҳбари давлати Тоҷикистон интихоб гардиду идораи давлатдориро бар дӯши хеш гирифта, бо сиёсати хирадмандонаю некбинона ва ҷасорату иродаи бемислу волояшон аз лаҳзаю рӯзҳои нахустини роҳбарияшон халқу давлати Тоҷикистонро ба ваҳдату ягонагӣ, роҳи рушду инкишофи бемайлон раҳнамун карданд.
Бо барқарор намудани сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар, тақвияту бунёди аркони давлатдорӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз ва нуфузу эътибори халқу давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ муваффақ гардиданд. Дар доираи сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз халқу давлати Тоҷикистон дар қатори кишварҳои рӯ ба рушд қарор гирифта, яке аз кишварҳои ташаббускору мизбони чорабиниҳои муҳимми сатҳи байналмилалӣ гашта, дар ҷодаи амну субот ба қатори давлатҳои амнтарини олам шомил гардидааст.
Дар воқеъ, ҷомеаи башарӣ аз иқдомҳои созандаю дурандешонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун сиёсатмадори муваффақу хирадманди сатҳи ҷаҳонӣ ва ташаббускору пешниҳодгари роҳи ҳалли масъалаҳои мубрами олами муосир, аз ҷумла дар ҷодаи обу иқлим, амнияти сайёра ва дастовардҳои муосири ҷомеаи инсонӣ ҷонибдорӣ менамоянд. Ин аст, ки фаъолияти густурдаю бисёрҷанба ва бомуваффақонаи дохилию хориҷии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси ифтихору сарфарозии мардуми кишвар гардида, ҳисси худшиносию асолат ва ҳуввияти миллии моро боз ҳам ба қуллаҳои баландтар раҳнамун менамоянд.
Воқеан ҳам Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоҳанги ба таъмини рушду нумуи кишвар ва мустаҳкам намудани мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ ҳамвора барои баланд бардоштани маърифату фарҳанги мардум ва тақвияти худогоҳию бозшиносии арзишҳои миллию динӣ ва бузургони гузаштаю муосири миллат тадбирҳою чораандешиҳои сарвақтиро амалӣ менамоянд. Аз ҷумла, бо ташаббусу иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иду ҷашнҳо, расму маросимҳо, ҳунарҳои мардумӣ, солгарди бузургони илму адаб ва дину оин, ёдгориҳою мавзеҳои таърихию табиӣ, таърихи шаҳрдорию унсурҳои бунёдии давлатдории миллӣ, мероси илмию адабии мутафаккирони ниёгон бошукӯҳу шаҳомати хоса таҷлилу арҷгузорӣ шуда, эътибору мақоми давлатию байналмилалиро соҳиб гаштаанд.
Ба қатори иқдому ташаббусҳои дурандешонаю бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи таҳкими пояҳои давлати миллӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳии сокинон ва муаррифии шоистаи мардуми тоҷик, чун яке аз халқҳои куҳанбунёду соҳибтамаддун, маорифпарвару сулҳхоҳ ва созандаю бунёдкор ин чопу ҳадяи китоб ба сокинони кишвар аз номи Президенти Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Иқдоми дигари нодиру омӯзандаи Сарвари давлат дар ҷодаи чопу тақсими ройгони китоб дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ рӯзи 26 декабри соли 2019 дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ оид ба чопу тақдими китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба аҳолии мамлакат аз ҷониби Роҳбари мамлакат эълон карда шуд. Дар ин маврид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми зикргардида чунин иброз намуда буданд: “Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем.
Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон”-ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд”.
Тақдими китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аз моҳи декабри соли 2020 оғоз гардида, то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ ба ҳар як оилаи кишвар дастрас карда шуд. Вобаста ба тақдим гардидани асари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба аҳолии мамлакат бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат” дар соли 2023 баргузор карда шуд.
Яке аз иқдомҳои наҷибу омӯзандаи навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин чопу эҳдои китоби “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми мардуми кишвар маҳсуб меёбад. Ин иқдом аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронияшон дар Симпозиуми байналмилалии ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров 5-уми декабри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, ироа гардид.
Оид ба тақдими “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии хеш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ 5 октябри соли 2024 чунин баён доштанд: “Ҳадаф аз ташаббуси мо дар бобати ба нашр расонидан ва ба ҳар як хонаводаи мамлакат туҳфа кардани “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, пеш аз ҳама, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон мебошад”.
Чи тавре, ки аз расонаҳои иттилоотӣ огоҳем, моҳи августи соли 2025 корвони пур аз китоби “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ бо мақсади тақдими туҳфаи навбатии Пешвои миллат, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як оилаи тоҷикистонӣ сафари хешро дар мамлакат оғоз намуд. Алакай “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ дар ду ҷилд ба қисме аз сокинони Тоҷикистон дастрас карда шуда, дар боқимонда шаҳру ноҳияҳои кишвар тақсими ройгони он идома дорад.
Бо назардошти шуруи тақсими китоби “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ ва пешбинии дастраси аҳолӣ шудани он, бо иқдому ибтикори Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2026 баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” бо тасвиби Амри дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Дар баробари аҳамияти бузурги таърихию маърифатӣ, маънавию амалӣ ва арҷгузории таъриху фарҳанги миллию суннату анъанаҳои неки ниёгон доштани ташаббусҳои беназиру наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон вобаста ба ҳадяи ройгони китобҳои болозикр ба аҳолии кишвар, инчунин ин иқдомҳо аз якчанд хусусияту рамзиятҳои неку омӯзандаи дигар низ бархурдор аст.
Дар мавриди Қуръони Карим, ки китоби муқаддасу азимушшаън ва Калломуллоҳ миёни мардуми мо шинохта шудааст, тақдими он аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи муқаддаси мусулмонон-моҳи Рамазон иқдом карда шуд, ки хусусияту рамзияти басо неку муътақидонаю боэҳтиромонаи дигарбораи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷикро ба Худою Расул ва китобу моҳи муқаддаси дини Ислом зоҳир менамояд.
Яке аз хусусиятҳои хоси тақдими китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар рақами 30 зоҳир гаштанаш мебошад. Агар мо ба ҷодаи илм расман қадам мондани академик Бобоҷон Ғафуровро аз вақти дифои рисолаи номзадияш ба ҳисоб гирем, пас китоби “Тоҷикон” пас аз 30 сол, яъне соли 1972 ба чоп расидааст. Бо шиносоӣ аз ҳаёту фаъолият ва эҷодиёти Бобоҷон Ғафуров маълум аст, ки ӯ алакай дар оғози соли 40-ум чун олими таърихшинос шинохта шуда, он солҳо мақолаю асаре ба чоп расонидаанд, ки фарогирандаи ҷанбаҳои таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нави халқи тоҷик мебошанд.
Боиси қайд аст, ки асари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар суханрониҳою таълифоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун шоҳасару шиносномаи миллат унвон гирифта, аз эътибору аҳамият ва муҳаббати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи соҳибтамаддуни тоҷик нисбат ба ин асари бузурги таъриху фарҳанги пурғановати мардуми тоҷик мебошад.
Яке аз хусусияту рамзияти тақсими ройгони асари “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ низ дар солгарди 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ туҳфа шуданаш мебошад. Муҳлати заҳмату меҳнати беҳамтои Абулқосим Фирдавсиро дар эҷоди “Шоҳнома” адиб, олим ва муҳаққиқу тарҷумони насрии ин асари оламшумул бо забони русӣ Нора Улуғзода 35-сол ёдовар шудааст. Академик Фарҳод Раҳимӣ низ дар мақолаи худ оид ба 35-соли умри хешро сарф намудани Абулқосими Фирдавсӣ дар таълифи “Шоҳнома” қайд кардааст.
Воқеан ҳам, чи тавре, ки маълум аст муддати таълиф шудани “Шоҳнома”-ро худи маллифи он, Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ бо назм чунин баён намудаанд:
Басе ранҷ бурдам бад-ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.
Миёни мардуму аҳли илму адаб ва давлатмандон “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ асари безавол унвон гирифтааст, ки аз сарчашмаи бузургу пурғановати худшиносию ватандӯстӣ ва аҳамияти бунёдӣ доштани китоби “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ дарак медиҳад. Хусусияти дигари тақдими китоби “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ дар он зоҳир гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нусхаҳои аввалини онро 7 марти соли 2025 дар Рӯзи модар ҳамчун нишони иззату эҳтиром ва гиромидошти зан-модар чун сарчашмаи зиндагии инсоният, меҳру муҳаббат, тавлидгару тарбиятгари ҳар фард ва посдори анъанаю чароғи фурӯзони хонадон ба модарону бонувон эҳдо намуданд.
Дар ин радиф боиси ёдоварист, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол боз озмунҳои ҷумҳуриявии зеҳнию маърифатӣ ва ҳунармандию ихтирокорӣ баҳри баланд бардоштани ҳуввияту худшиносии сокинон, тақвияти неруи зеҳнӣ, инкишофи қобилияти эҷодкорӣ, ҳунару маҳорат, рушди навоварӣ ва пайванди илму истеҳсолот миёни қишрҳои гуногуни аҳолии кишвар роҳандозӣ шудааст, ки заминаи муҳимму боэътимоди гулгулшукуфии Ватану мардуми мо мебошанд.
Воқеан ҳам Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдому ташаббусҳои наҷибонаи хеш эҳёгару посдори дастоварду арзишҳои неки ниёгон буда, моро бо худ ва оламиён аз нав шиносонд.
Боиси таъкиди хос аст, ки тинҷию оромӣ, суботи сиёсию иқтисодӣ, фазои созгори ҳаёту фаъолият ва нишондодҳои хуби рушду нумуи Тоҷикистони азиз, руҳияи умедбахшу фараҳмандиеро миёни мардум ба вуҷуд овардааст. Месазад, ки ба ҳамдигар ҳикмати гузаштагон “Гул гӯему гул шунавем” ё ин, ки “Нек гӯему нек шунавем”-ро ёдрасу талқин карда, мардумро боз ҳам ба таҳкими ваҳдату ягонагӣ ва тақвияти корҳои эҷодию ихтирогарӣ, ободкорию созандагӣ таҳрик намоем.
Тағойзода С.Қ.
саромӯзгорикафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи ДДБ

