Имрӯз дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи навбатии Шурои илмӣ – методӣ баргузор гардид.
Нахуст, Ҳамдамзода Хурсанд Акбар, муовини ректор оид ба таълим вобаста ба нақшаи кории ШИМ оид ба масъалаҳои дар рӯзнома пешбинигардида суханронӣ намуд.
Доир ба масъалаи аввал Б. Имомализода, декани факултети технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи иттилоот оид ба истифодаи самаранок ва дурнамои зеҳни сунъӣ дар таълим, илм ва истеҳсолот: имкониятҳои амиқва фурсатҳои оянда баромад намуд.
Сипас, А. Муродов, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик ва Ҳ. Ҳакимов, мудири кафедраи методикаи таълими амалияи забон ва адабиёти рус оид ба ҳолати омӯзиш ва таълим дар гурӯҳҳои таълимашон бо забони русӣ ва англисӣ дар донишгоҳ ва шаклҳо, роҳҳо, тарзу усул ва воситаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати он мавриди баррасӣ қарор гирифт. Баромадкунандагон дар фарҷоми суханрониҳояшон мазмуну моҳияти масъалаҳои мавриди назарро ҳаматарафа таҳлил намуда, чандин тавсияҳои илмию методӣ пешниҳод намуданд.
Ҳамчунин дар ҷаласа муҳокима ва тасдиқи корҳои илмӣ-таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, илмӣ-методӣ ва саволномаҳои фаннӣ (тестӣ) мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.
Дар муҳокимаи масъалаҳои баррасишуда профессорон ва дигар аъзоён фикру андешаҳои судманд баён намуданд.

