БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ
Дар толори хониши Китобхонаи марказонидашудаи шаҳри Бохтар ба номи Камоли Хуҷандӣ маҳфил ва суҳбати адабӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон дар доираи «Солҳои фарҳанги китобхонӣ» баргузор шуд. Дар чорабинии мазкур кормандони китобхона Салихова Ситора ва Абдиева Нарзигул, инчунин Косимзода Лутфия, омӯзгор ва доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси таърихи Донишгоҳи давлатии Бохтар…
