
Ифтитоҳи хатти оби полезӣ, муаррифии лоиҳаҳои азхудкунии 601 гектар замини корами лалмию чарогоҳ барои кишти картошка дар ноҳияи Шаҳристон ва обёрии 1007 гектар замин дар се деҳаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
07.07.2026 7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст хатти оби полезиро барои обёрии 20 гектар замини картошка ифтитоҳ карда, бо лоиҳаҳои азхудкунии 601 гектар замини корами лалмию чарогоҳ барои кишти картошка…
Суратҷаласаи тими донишгоҳӣ давлатӣ Бохтар ба номи Н.Хусрав .

ДАСТАИ ДОНИШГОҲ СОҲИБИ ҶОМИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ГАРДИД
Имрӯз дар майдончаи Федератсияи футболи шаҳри Бохтар бозии ниҳоии мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар финали мусобиқа дастаҳои Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Агентии нафақа дар вилояти Хатлон бо ҳам қувва озмуданд. Бозингарони Донишгоҳи давлатии Бохтар аз дақиқаҳои аввали рақобат бо маҳорати баланди техникӣ, ҳамоҳангии…
Муфассал “ДАСТАИ ДОНИШГОҲ СОҲИБИ ҶОМИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ГАРДИД” »
ТАҚДИМИ ДИПЛОМҲОИ АЪЛО БА ДОНИШҶӮЁН
Имрӯз дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маросими тантанавии тақдими дипломҳои аъло ба хатмкунандагони соли таҳсили 2025–2026 баргузор гардид. Ҷамъомадро ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ифтитоҳ намуда, хатмкунандагонро бо анҷоми муваффақонаи таҳсил ва соҳиб шудан ба дипломҳои аъло самимона табрик гуфт. Зимни суханронӣ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат изҳор дошт, ки дониш сарвати…
СУРАТҶАЛАСАИ ТАҚДИМИ ДИПЛОМҲОИ АЪЛО БА ДОНИШҶӮЁН
ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ МУБОРАК!
Имрӯз дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-048 дар назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳимояи рисолаи номзадии Саъдуллозода Шамсулло Саъдулло, унвонҷӯи кафедраи методикаи таълими физикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Методикаи фаъолгардонии донишҷӯён ҳангоми ташкилу гузаронидани машғулиятҳои озмоишӣ дар раванди таълими физика барои ихтисосҳои омӯзгории МТОК”, зери роҳбарии номзади илмҳои педагогӣ,…
ШАНБЕГӢ ДАР ДДБ БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВ
ибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо мақсади беҳдошти фазои экологӣ ва ба роҳ мондани корҳои ободонӣ шанбегӣ гузаронида истодаанд. Дар шанбегӣ кормандон бо тозаю озода намудани синфхонаҳо, роҳравҳоро рубучин, бехи дарахтонро нарм, ба тартиб овардани майдонҳои варзишӣ ва тамиз кардани саҳни факултетҳои донишгоҳ саҳми худро дар ин маъракаи муҳим…
Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон
03.07.2026 3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими эҳтиром ва видоъ бо собиқ Раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ ба шаҳри Теҳрон ворид шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми расмии Ҷумҳурии Исломии…
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён
03.07.2026 3 июл дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд. Дар оғози суҳбат Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба роҳбарият ва мардуми дӯсти Эрон дар робита ба шаҳодати собиқ Раҳбари олии кишвар Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ изҳори…
Муфассал “Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён” »
