



Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи садорати факултети педагогика ва варзиш муҳокимаи пешакии рисолаҳои хатми бакалаврии донишҷӯёни хатмкунандаи ихтисоси Таҳсилоти ибтидоӣ. Санъати мусиқӣ баргузор карда шуд. Ҳадаф аз баргузории пешдифоъ ин омодагии ҳамаҷонибаи донишҷӯён ба имтиҳонҳои давлатӣ ва ҳимояи лоиҳаҳои дипломӣ ба ҳисоб меравад.
Интернет дар айни замон як маҳзани бузургест, ки тамоми соҳаҳои ҳаётии инсонро дар бар гирифтааст. Ҳар як шахс новобаста аз самти фаъолият метавонад бо роҳи ҷустуҷӯ аз системаҳои ҷустуҷӯкунанда маълумотҳоеро пайдо намояд, ки соатҳо дар китобхонаҳо дар ҷустуҷӯи он ранҷ мекашид. Ин аст дастоварди бузургтарини асри ХХI, ки инсоният тавонад бо сарфи ками вақт маводи…
Муфассал “ИНТЕРНЕТ ВА ТАЪСИРИ ОН БА МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ВА АХЛОҚИИ ҶОМЕА” »
Дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-036- и назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳимояи рисолаи номзадии Кабиров Шарифбек, омӯзгори факултети забони англисӣ дар мавзуи “Хусусиятҳои тарҷумаи мафҳумҳо, вожаҳо ва ибораҳои варзишӣ аз забони англисӣ ба забони тоҷикӣ” зери роҳбарии номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ҳасанова Шаҳло бо муваффақият дифо намуд.
Аъзои Маҷлиси миллӣ тариқи овоздиҳии пинҳонӣ, номзадии муҳтарам Рустами Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд. Раиси интихобшудаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳозирин сухан гуфта, барои садоқат ба давлат ва мардуми Тоҷикистон савганд ёд намуданд.
Тибқи нақшаи кории шуъбаи Робитаҳои байналмилалии ДДБ ба номи Носири Хусрав оид ба гузаронидани дарсҳои маҷозӣ факултети таърих ва ҳуқуқ бо Донишгоҳи давлатии педагогии Алтай баргузор гардид. Дарси маҷозиро аз ҷониби н.и.т. дотсенти кафедраи таърихи умумии ДДП Алтай Лидин Николай Николаевич дар мавзуи “Советская военная помощь Китаю во времия Японо-Китайская войны 1937-1945 гг.” бо забони…
Муфассал “ДАРСИ МАҶОЗИИ ФАКУЛТЕТИ ТАЪРИХ ВА ҲУҚУҚ БО ДОНИШГОҲИ АЛТАЙ” »
Бо ташаббуси кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДБ ба номи Носири Хусрав дар китобхонаи доншгоҳ хониши сиёсӣ дар мавзуи “Роҳҳои пешгирии терроризм ва экстремизм дар миёни ҷавонон” баргузор гардид. Дар хониши сиёсӣ Н. Нурализода, муовини ректор оид ба тарбия, Э. Набизода, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ, А. Саидов, мудри кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, омӯзгорони факултети…
ШАКЛИ ЭЛЕКТРОНИИ МАВОДИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗУИ «НАҚШИ ВАО ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ ВА БАРХӮРДИ ФАРҲАНГУ ТАМАДДУНҲО» (11-12 АПРЕЛИ СОЛИ 2025)
11 апрел дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таҳти унвони «Нақши воситаҳои ахбори омма дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо» конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд. Зимни конференсия иброз гардид, ки дар ҷомеаи демократӣ матбуот аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори ҷомеа…
Вохӯрии охири Президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд на танҳо як рӯйдоди сиёсии муҳим, балки заминаи рушди робитаҳои таърихию фарҳангии байни се давлат мебошад. Ин мулоқот дар яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ- шаҳри Хуҷанд, ки солҳои зиёд шоҳиди ҳамзистиву ҳамкории мардумони минтақа будааст, баргузор гардида, бори дигар аҳамияти ҳамсоядории нек ва…
Муфассал “ЭЪЛОМИЯИ ХУҶАНД РАМЗИ ВАҲДАТУ СОЗИШИ СЕ ҲАМСОЯКИШВАР” »
