




Имрӯз тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи садорати факултети таърих ва ҳуқуқ муҳокимаи пешакии рисолаҳои хатми бакалаврии донишҷӯёни хатмкунанда баргузор карда шуд. Ҳадаф аз баргузории пешдифоъ ин омодагии ҳамаҷонибаи донишҷӯён ба имтиҳонҳои давлатӣ ва ҳимояи лоиҳаҳои дипломӣ ба ҳисоб меравад.
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Рӯзи дарҳои кушод доир мегардид. Хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ин рӯз метавонанд, аз 14 факултети донишгоҳ дидан намоянд.
Имрӯз, 12-уми апрели соли 2025 дар саҳни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид, ки дар он хонандагон аз дастовардҳо ва шароити таҳсил дар донишгоҳ дидан намуда истодаанд. Гурӯҳи хонандагонро Наргис Нурализода, муовини ректор оид ба тарбия роҳнамоӣ намуда, аз синфхонаҳои лексионӣ, лингафонӣ, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, хобгоҳ, толорҳои фарҳангӣ…
11.04.2025 11 апрел иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум таҳти раисии калонсолтарин узви Маҷлиси миллӣ Низом Қосим оғоз гардид. Пас аз иҷрои муқаррароти…
