Саразм яке аз ёдгориҳои қадимаи давраи энеолит ва асри биринҷии Осиёи Марказӣ мебошад. Энеолит, ин давраи гузариш аз неолит ба аҳди биринҷӣ буда дар он олоти аввалини мисӣ пайдо шуда бошад ҳам, олоти меҳнат, асосан аз санг буд. Ин давраи ривоҷи соҳаҳои иқтисодиёти истеҳсолӣ, чун кишоварзӣ, чорводорӣ ва истеҳсоли мис маҳсуб меёбад. Ин табаддулот, асосан дар навоҳии аҳолиаш муқимӣ ва кишоварз, на дар даштҳо, ки бошандагони он кӯчиёни чорводор буданд, мегузашт. Ана ҳамин марҳала дар ёдгории Саразм (15 км ғарбтар аз шаҳри Панҷекат) бараъло мушоҳида карда мешавад. Масоҳати ин ёдгорӣ 130 гектарро ташкил медиҳад. Ёдгорӣ аз тарафи А.И. Исҳоқов (1977-1996) кашф ва омӯхта шудааст. Аз соли 1983 ин ҷониб дар Саразм экспедитсияи муштараки Тоҷикистону Франсия таҳқиқот мебарад. Санаҳои таърихии он аз рӯи ҳисоби радиокарбонӣ давраҳои Саразм I 3500-3200, Саразм II 3200-2900, Саразм III 2900-2700, Саразм IV 2700-2000-и то милод муайян шудааст.