БА ИСТИҚБОЛИ СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. «Ҳулбук касабаи Хатлон аст ва мустақари подшоҳ аст. Шаҳрест ба барокӯҳ, ниҳода, бисёрмардум, бо рустоҳои бисёр». («Ҳудуд-ул-олам», асри X). «Яке аз калонтарин шаҳрҳои Тоҷикистони ҷанубӣ пойтахти Хатлон- Ҳулбук буд. Фақат қисмати марказии он масоҳати 70 гектарро фаро мегирифт. Дар ин ҷо қалъае вуҷуд дошт, ки дар вақти ҳафриёт аз он бақияи қасри пурзебу зиннати Хатлон ёфт шуд» (Б.Ғафуров«Тоҷикон»).

Ҳар халқи дунё дорои муқаддасотест, ки дар давраи муайяни таърихӣ симои ин халқро инъикос намуда, гувоҳномае аз ҳиссае он дар бунёди тамаддуни башар мебошад. Аз ин муқаддасот то замони мо шаҳру шаҳракҳои қадима, кухандизу қасрҳо, манору мақбараҳо ва ё осори хаттӣ ба мерос мондаанд. Барои мардуми барӯманди Хатлон вайронаҳои пойтахти қадимаи он, шаҳри Ҳулбук дар радифи чунин муқаддасот мебошад.

Бале ҳазор сол муқаддам Ҳулбук шаҳри ободон буд ва маркази сарзамини Хатлон ҳисоб меёфт ва макони муқаддас гаштани он ба насли имрӯза асос дорад.

Якум давраи пайдоиш ва тараққиёти шаҳр ба аҳди Сомониён – ташаккули халқияти тоҷик ва сохти давлатдории он, инкишофи забони адабии тоҷикӣ марбут аст. Аз ин рӯ Ҳулбук ҳамзамони Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абӯалии Синову Абурайҳони Берунӣ, Хоразмиву Форобӣ, Нархашиву Табарӣ ва даҳҳо дигар бузургони илму фарҳанг мебошад.

Дуюм, Ҳулбук аз ҷониби муаррихону сайёҳони давр дар радифи Самарқанду Бухоро, Балху Ғазнин, Марву Тирмиз ва дигар шаҳрҳои бузурги Мовароуннаҳру Хуросон гузошта мешавад. Дар тӯли таърихи дусадсолаи худ Ҳулбук маркази иҷтимоию сиёсӣ, инчунин маркази асосии тиҷорати мардуми куҳистони тоҷик буд. Корвонҳои зиёди мамолики Шарқ аз гузаргоҳи Чӯбаки дарёи Панҷ гузашта, вориди Ҳулбук мешуданд. Аз шаҳр ду роҳи корвонӣ мебаромад, яке ба воситаи Пули Сангини Вахш, Вашгирд (ноҳияи Файзобод), Шумон (Душанбе), Бутамон (болооби Зарафшон), Истаравшан (ноҳияи Уротеппа) ба роҳи шоҳи пайваста, ҷониби Хитой мерафт. Роҳи дуюм ба воситаи кӯҳистони Дарвозу Помир ҷониби Қошғару Ҳиндустон мебурд (бояд хотиррасон кард, ки Шоҳи Хомӯш охири садаи Х1 бо ҳамин роҳ аз Ҳиндустон ба Хатлон омада буд).

Сеюм, замоне Ҳулбук ба маркази мадании ноҳияҳои ҷануби шарқи Мовароуннаҳр табдил ёфт.

Агар Ҳулбук нигини Хатлон бошад, пас қасри шоҳон ҷавҳари он аст. Ба шарофати ҳамин қалъа буд, ки соли 1953 олимони шӯравӣ Е.А.Давидович ва Б.А.Литвинский мавқеи Ҳулбукро аниқ намуда, ба баҳсу мунозираҳои садсола оид ба мавқеи шаҳр хотима гузоштанд. Дар зарфи зиёда аз 35 соли ҳафриётҳо дар ин ҷо бисёp паҳлуҳои санъату ҳунари аҷдодӣ кашф гардиданд, ки ҳамчун суннатҳои миллии тоҷикон таърихи аз ин беш қадима дошта, аз тамаддунҳои гузашта обхурӣ намудаанд.

Меорем бархе аз ин ҳунарҳо ва маҳсули онҳоро, ки имрӯз низ бо нафосату зебоӣ ҳар як бининдаро ба ваҷд меоранд. Таҳқиқҳо нишон доданд, ки Қасри шоҳони Хатлон дар масоҳати 50-150 метр аз ду қисмат: ҷанубӣ ва шимолӣ иборат аст. Қисми ҷанубӣ нисбатан баландтар буда, дар он толори асосӣ бо тахти шоҳ, биноҳои кории амалдорон, масҷиди қаср ва дигар хонаҳои хизматӣ макон доштанд. Қисми шимолиро бошад ҳарамхона, ҳуҷраҳои хизматгорон, саҳнаи мутрибон, ҳавзи қаср ва хонаҳои хоҷагӣ оро медоданд. Масолеҳи сохтмонӣ бештар похса истифода шудааст, вале фарши хонаву толорҳо, даромадгоҳи қаср, майдону ҳавзи он аз хишти пухта бино ёфтаанд. Дар дохили қаср шабакаи васеи обтаъминкунии қубурӣ ва зерифаршии гармидиҳӣ вуҷуд дошт. Бадрабҳои махсус бошанд тозагии саҳни онро таъмин мекарданд. Қалъаро аз берун ду қабат деворҳои мустаҳками мудофиавӣ иҳота менамуданд, деворҳо ва бурҷҳои доирашаклу чоркунҷаи онҳо қисман аз хишти пухта сохта шудаанд ва қисман бо чунин хишт рӯйкаш гардидаанд. То ба имрӯз девори берунӣ хсле кам вале девори дохилӣ аксаран аз баландии 1-3,5 метр маҳфӯз мондааст. Даромадгоҳи қаср аз тарафи офтобшин буда, пештоқи онро ҳарфҳои калони аз гил пухташудаи катибаҳо оро медоданд. Тарзи сохт ва ҷойгиршавии биноҳо бостоншиносонро ба хулосае оварданд, ки дар ин ҷо ҳунармандони хатлонӣ бештар суннати меъмории тоисломиро истифода кардаанд.

Суннати дигари ниёгон, ки дар қасри шоҳон таҷассуми худро ёфтааст гаҷкориҳои он мебошад. Садҳо пораҳои хурду калони гаҷҳои гулбуридашуда, ки ҳангоми ҳафриётҳо ёфт шудаанд, аз ин шаҳодат медиҳанд. Онҳо як замоне девори хонаҳо, сутуну айвонҳо ва толору роҳравҳои қасри шоҳонро зиннат медоданд. Аз рӯи шакл ин гулбуриҳо ба се намуд ҷудо мешаванд: тасвирҳои исломӣ (наботот), махлуқот ва сураҳои Қуръон. Чуқурии буриши тасвирҳо аз 2 то 20 сантиметр буда бо рангҳои кабуд, зард, гулобӣ тобиш дода шудаанд. Биноҳо тарзе оро ёфтаанд, ки ягон композитсияи алоҳида дуюмбора такрор нашудааст. Тасвири махлуқот ва махсусаи шер, ки бештар дар сутунҳои айвонҳо омадаанд хусусияти хоси худро доранд. Эркиной Ғуломова чунин мешуморад, ки образи шер дар ҷаҳонбинии хатлониён ҳамчун посбони хонадон аз офатҳо ҳисобида мешуд. Бостоншиноси намоёни тоҷик Юсуфшоҳ Ёкубов бошад дар ин тасвирҳо образи худои офтоби қавмҳои эронинажод Митраро (Меҳр) мебинад, ки то асрҳои миёна дар маданияти моддиву маънавии хатлониён боқӣ мондааст. Ба фикрам дар тасвирҳо образи зӯриву тавоноӣ ва нотарсию далериро низ бояд дид. Дар ин ҷо ба маврид аст ишораеро аз «Ҳудуд-ул-олам» оиди аҳли Хатлон биёрем: «Ва мардуми ин ноҳия мардумони ҷангианд…». Сайёҳи асри IX араб Ибни Ҳавкал дар асари худ «Мамолику-л-масолик», овардааст, ки то забти ислом шоҳони Хатлонро шери Хатлон ҳам меномиданд. Аз эҳтимол дур нест , ки сурати шер нишони (герб) шоҳони ин сарзамин бошад.

Сабти сураҳои Қуръон дар гаҷкориҳои Ҳулбук хеле олиҷанобанд. Онҳо бо тарзи хати куфӣ ва бо андозаҳои гуногун тавре моҳирона бурида шудаанд, ки ҳатто ҳарфҳои алоҳидаро аз гулҳо фарқ кардан мушкил аст. Вобаста ба андозаи девору ҳуҷраҳо, сураҳо пурра ё қисман истифода гардидаанд. Ба фикри бисёр олимон ба гаҷбуриҳои Ҳулбук фақат чунин бозёфтҳои шаҳрҳои Тирмиз, Самарқанди кӯҳна (Афросиёб) ва Самара-пойтахти Хилофати Араб дар асри IX (наздикии Бағдод) рақобат карда метавонанду халос.

Яке аз суннатҳои маъмули ниёгон, ки дар қасри шоҳон инъикос ёфтааст, ин санъати тасвирӣ мебошад, ки ҳоло ҳам ёдгоре аз ин давр боқист то мо аз чунин ҷабҳаи ҳастии маънавии халқамон огоҳ шавем. Барои ҳамин ҳам тасвирҳои Ҳулбук беҳамтоянд. Дар муддати садсолаҳои зиёди хароба аксари тасвирҳо нест шудаанд. Боқимондаҳо кам ё беш зараp дидаанд. Вале ҳаминҳо ҳам аз зебоию шукуҳияти санъати монументалии Хатлон шаҳодат медиҳанд.

6 августа соли 2001 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ» қабул гардид. Он имконият дод, ки пеши роҳи ғайриқонунӣ аз кишвар баровардани асарҳои санъат, ҳунармандӣ ва ҳунарҳои бадеӣ ва дигар арзишҳои фарҳангӣ, ки сарвати фарҳангии миллӣ ба ҳисоб мераванд, гирифта шаванд.

Яке аз воситаҳои асосии ҳифзи осори гузашта ин таъсиси мамнӯъгоҳҳои таърихӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии «Ҳулбук бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2002 дар асоси димнаи Ҳулбук-пойтахти асримиёнагии Хатлонзамин таъсис дода шуд[1].

Ин як дастоварди муҳиме буд дар соҳаи ҳифзу омӯзиш ва истифодаи мероси фарҳангии ниёгон. Аз рӯзи аввали кашфи ёдгорӣ, соли 1953 (Б. А Литвинский, Е. А Давидович) то соли 1991 дар ин ҷо бо сардории бостоншиноси шинохта Эркиной Ғуломова корҳои таҳқиқотӣ идома доштанд, ки бо иштирок дар онҳо аксари бостоншиносони тоҷик аввалин сабақи соҳавию касбӣ гирифтанд. Дар ҳамин радиф даҳҳо толору ҳуҷраҳои Қасри шоҳони Хатлони асрҳои IX – XI кушода гардида, ҳазорҳо бозёфтҳо кашф шуданд, ки шоҳиди бевоситаи санъати баланди ҳунармандони Хатлонзамин мебошанд.[2]

Вале бо баҳонаи набудани макони нигаҳдорӣ (осорхона) ва ҳамчун адабиёти динӣ нест кардан ва ба ӯзбекистону Федератсияи Россия бурдани ҳазорҳо нусха китоб, хуҷҷатҳои дастнавис ва нигораҳои тиллоӣ, нуқраву биринҷӣ, тобеи сиёсати як ҳизб намудани фаъолияти осорхонаҳо ва аз ҳисоби аҳолии таҳҷоӣ тарбия накардани мутахассисони осорхонашинос ҷиддитарин камбудиҳои ҳукуматдорон ва Вазорати маданияти онвақтаи Тоҷикистон буд.[3]

Мутаасифона, то ҳанӯз ин бозёфтҳои нодир гарчанде дар осорхонаҳои собиқ Иттиходи Шӯравӣ ва мамлакатҳои Аврупо ба маърази ҳазорҳо тамошобинон гузошта шуда бошанд, ҳам соҳиби осорхонаи хеш набуданд. Бо шарофати истиқлолияти кишвар ва сиёсати пешгирифтаи фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонов ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баланд гаштани ҳисси ифтихори миллӣ ва худогоҳии мардум сабаб гардиданд, имкон шуд то ба таърих ва мероси ниёгон рӯй оварда, нисбати ҳифзу эҳёи онҳо чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Бо назардошти аҳамият ва мақому нуфузи шаҳри Ҳулбук дар таърихи шаҳрдорию шаҳрсозии халқамон эҳёи Қасри шоҳони Хатлон ва таъсиси осорхонаи Ҳулбук дар барномаи таҷлили ҷашнвораи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ворид гардид.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2003 таҳти № 68 «Дар бораи Нақшаи тадбирҳои омодагӣ ва баргузории ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб», масъалаи тармиму азнавсозии Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук ба зиммаи Муассисаи давлатии «Иттиҳодияи илмӣ- истеҳсолӣ оид ба тармими ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ» -и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шуда буд[4].

Дар натиҷаи санҷиши фаъолияти Муассисаи давлатии «Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ оид ба тармими ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ» маълум гардид, ки барқарорсозии девор ва дарвозаи Қалъаи Ҳулбук, бо фармони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2006 таҳти № 197 аз тарафи комиссияи давлатӣ қабул гардидааст. Тибқи санади комиссияи давлатӣ Қалъаи Ҳулбук бо арзиши умумии 2.064.337 сомонӣ тармим ва барқарор гардида ба мувозинаи Мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Ҳулбук гузаронида шудааст[5].

Ҳамин тавр ҳудуди ҳозираи ноҳияи Восеъро маркази тамаддуни Хатлонзамин гӯем, хато намекунем. Зеро дар ин минтақа аз тарафи бостоншиносон мероси бузурги тамаддуни аҷдодии тоҷикон ба даст омадааст. Масалан, Маданияти Хулбук, Манзаратеппа, Қайнар, Ғелоту Дарнайчӣ, ки онҳо нишонаи тамаддуни бузурги Хатлонзамин мебошанд.

Умедҷон АМРОЕВ, Гулчеҳра Амроева – аъзои ҲХДТ аз Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”, шаҳри Кӯлоб.

[1] Музаффар Азизов. Ногузирии таъсиси осорхонаи Ҳулбук. Ахбороти осорхонаи миллӣ. 2004

[2] Музаффар Азизов. Ногузирии таъсиси осорхонаи Ҳулбук. Ахбороти осорхонаи миллӣ. 2004.

[3] Абдувалӣ Шарипов. Осорхона ва осорхонашиносии Тоҷикистон. Ахбороти осорхонаи миллӣ. 2004.

[4] Гузориш дар бораи фаъолияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2003

[5] Қарори маљлиси мушовараи ВФҶТ Дар бораи баррасии фаъолияти Муассисаи давлатии «Иттиҳодияи илмӣ- истеҳсолӣ оид ба тармими ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ»