Ширкати устодону донишҷўён дар нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон

Рўзи 7-уми феврали соли 2020 дар бинои Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода баргузор гардид, ки дар он устодону донишҷўёни кафедраи рўзноманигории факултети филологияи тоҷики Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ иштирок намуданд.
Дар нишасти матбуотӣ раиси вилояти Хатлон ба вазъи фазои иттилоотии кишвар, хоса вилояти Хатлонро арзёбӣ намуд. Ҳамчунин дар нишаст зикр шуд, ки барои пурра намудани фазои иттилоотии кишвар тамоми шаҳрвандон масъул буда, дар ҳифзи амнияти иттилоотӣ саҳмгузор мебошанд. Раиси вилояти Хатлон ба саволҳои хабарнигорон ҷавобҳои қаноатбахш доданд.
Дар охир ба як қатор собиқадорони соҳаи ВАО ва журналистони вилоят Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии раиси вилоят дар вазъияти тантанавӣ тақдим гардид.

Шарифов Сангимурод сардори Маркази

таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав