Маҳфили «Рўзгордорӣ» дар донишгоҳ

Рўзи 12-уми феврали соли 2020 дар ҳошияи мактуби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми декабри соли 2018, № 1140 «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2020» вобаста ба иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории ҷашни Наврўзи байналмилалӣ ва баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омодасозии ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона маҳфили «Рўзгордорӣ» бо фарогирии донишҷўдухтарон, занону бонувони донишгоҳ ташкил ва гузаронида шуд. Дар озмун намунаи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили омода намудани хўрокҳои мардумӣ, шириниҳо, ороиши дастархонороии донишҷўдухтарону бонувони факултетҳои донишгоҳ ба намоиш гузошта шуда буд.
Тазаккур бояд дод, ки даври дуюми чорабинии мазкур рўзи 13-уми марти соли 2020 дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар бо иштироки донишҷўдухтарон, занону бонувони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ. миёна ва олии касбии вилоят гузаронида мешаванд. Дар ин самт барои иштирок дар даври дуюм аз тарафи шўрои бонувони донишгоҳ дар ҳамбастагӣ бо шўрои бонувони факултетҳо ва занону бонувон омодагиҳо рафта истодааст.

Шарифов Сангимурод сардори Маркази

таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав