Семинари омўзишӣ барои журналистони оянда           

Аз 10 то 12-уми феврали соли 2020 дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Хома» барои ихтисосҳои рўзноманигорӣ ва журналист-тарҷумони факултети филологияи тоҷики Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав семинари омўзишӣ оид ба наворбардорӣ, тарзи таҳия ва гузаронидани барномаҳои телевизионӣ бо ҷалби мутахассисони варзидаи соҳа ташкилу гузаронида шуд.
Дар ин семинар беш аз 15 нафар донишҷўёни ихтисосҳои рўзноманигорӣ ва журналист-тарҷумони донишгоҳ ширкат варзида, аз семинари омўзишӣ таассуроти нек бардошта, савияи дониши худро бо маҳорату малакаҳои навтарини технологияҳои иттилоотии журналистика тавсеа бахшиданд.

Шарифов Сангимурод сардори

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав