Мулоқоти ректор бо гурӯҳи иттилоотӣ-таҳлилии донишгоҳ

           

Рӯзи 26-уми феврали соли 2020 мулоқоти ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав», профессор Давлтзода С.Х. бо гӯрӯҳи иттилоотӣ-таҳлилӣ баргузор гардид, ки дар он ноибони ректор оид ба илм ва инноватсия, тарбия ва дигар сохторҳои донишгоҳ иштирок доштанд. Дар мулоқот фаъолияти гурӯҳи иттилоотӣ-таҳлилӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти он пешниҳодҳо ироа гардид.

Роҳбарияти донишгоҳ қайд намуд, ки аъзои гурӯҳ аз ҳисоби устодони соҳибистеъдод ва эҷодкор пурра карда шуда, маводи барои сомона пешниҳодшуда дар баробари забони тоҷикӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ интишор шаванд. Пешниҳод ва тасдиқи Оинномаи фаъолияти гурӯҳи иттилоотӣ-таҳлилӣ ба сифати кори гурӯҳ мусоидат мекунад. 

Яке аз вазифаҳои муҳими аъзои гурӯҳи иттилоотӣ-таҳлилӣ саривақт оид ба масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии кишвар, минтақа ва ҷаҳон навиштани мавод ва паҳн намудани он мебошад.

Бояд қайд намуд, ки гурӯҳи иттилоотӣ-таҳлилӣ аз 29-уми апрели соли 2019 № 57 дар ҳайати 19 нафар таъсис дода шуда, барои таъмини сомонаи донишгоҳ бо иттилоот фаъолият доранд.

 

 

Шарифов Сангимурод сардори  

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав