Ёдбуди Ғаффоралӣ Сафар дар доираи маҳфили адабии “Суханоро”


Рӯзи 28-уми феврали соли 2020, бо ташаббуси факултети филологияи тоҷик дар асоси нақшаи кории маҳфили илмӣ-адабии «Суханоро»-и кафедраи адабиёти тоҷик дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи Бохтарии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир Ато Мирхоҷа, мудири бахши адабиёти бачагонаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Азизи Азиз, котиби масъули шуъбаи Бохтарии иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир Салимиён Озар дар кохи фарҳангии донишгоҳ бахшида ба ёдбуди устоди зиндаёд, шоир ва рӯзноманигори варзида – Ғаффоралӣ Сафар маҳфили адабӣ баргузор гардид.

Дар маҳфил зиёда аз 350 нафар устодону донишҷӯёни факултет ва дӯстону ҳамқаламони шодравон Ғаффоралӣ Сафар ширкат варзиданд.  Дар ҷараёни маҳфил устодону донишҷӯён аз эҷодиёти шоир шеърҳо қироат намуда, бо хотирот ва зикри хайри хеш рӯҳи устодро  шод намуданд. Оҳангу сурудҳои ҳунарманд Муроди Одина ба маҳфил таъсиру шукӯҳи хосса бахшид.

Маҳфил хеле хотирмон сурат гирифта, иштирокдорон аз суҳбати устодони шинохтаи каломи бадеъ  ғизои маънавӣ гирифта, бори дигар бо рӯзгор ва паҳлуҳои гуногуни фаъолияти илмиву эҷодии Ғаффоралӣ Сафар  ошноӣ пайдо намуданд.

 

Шарифов Сангимурод сардори  

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав