Дар дастаи гул нишони хор  мебинам…

Зиндагӣ  пастиву баландиҳо, бешу камиҳо, нобаробариву барорҳо дорад. Миллати тоҷбарсари тоҷик ҳама пастиҳо,  камиҳо,  нобароробариҳоро  аз сар гузаронд. Ба ҳама чиз тоқат намуд,  боумеде, ки шояд расад замоне ки кабӯтари бахт  болои  сарашон  ошён  гузорад. Дуояшон  назди  подшоҳи оламиён мустаҷоб гардид. Сулҳи деринтизор насибашон гашт. Аммо имрӯз низ дар дастаи гул нишонҳои хор пайдост, ки ин ҳам бошад, тафриқаандозии  баъзе нафарони курсаводу  чалласавод  аст. Худро пайрави дин мешуморанду ба номи поки дини мубини Ислом иснод меоваранд. Мехоҳанд мақсадҳои нопокашонро танҳо ба воситаи дину имон байни мардум амалӣ созанд. Лекин ҳеҷ гоҳ ба нияту қасди  зишти  хеш  нахоҳанд расид. Зеро  мардуми  сайёра  акнун  дарк  намудаанд, ки ҷиҳод  чисту барои чӣ мардумро  даъват мекунанд? Зеро аъзоёни  ТТЭ ҲНИТ ва дигар гурўњњои ифротгаро бо  ғаразҳои нопокашон фош сохтаанд?  Сарчашмаи ҳамаи бетартибиҳову  хунрезиҳо  маҳз онҳо будаанд. Нест бод, хоинони бадутанга ватанро мефурӯхтагӣ.  Онҳо кӯшиш кардаанд,  то равшанфикрону олимони ватаниро несту нобуд созанду ба ин васила  миллатро  аз  байн   баранд. Куштанд  чанде  аз  онҳоро мисоли Осимиву Афардӣ ва дигар бузургони миллатро. Пайхас насохтанд,  ки ин абармардон ба мисли курдилони наҳзатӣ бефаҳму беидрок нестанд, балки онҳо мактаби устоду шогирдро ташкил  кардаанду  ва  асои  пир  ба  ҷойи пир аст. Имрӯз шогирдонашон идомадиҳандаи кору пайкори эшонанд. Муроҷиат кардаву мегӯем,  ки эй сагони бӯйгир шумо даст аз сари миллат бардоред. Дилатон  ба  ҳоли зори худатон  сӯзад,  ки мурдаи бекафан мегардеду ғарибхок мешавед. Он ҳамаи пулҳои ваъдакардагиатон рӯзе аз даҳону биниатон мебарояд. Имрӯз,  ки бар дари хоҷагони хориҷиатон,  ки мисоли саге ҳалқа задаеду мисоли  харе савориатон  кардаанд,  рӯзе пушти  дару хокбарсаратон мекунанд. Шумо агар имон дошта бошед,  дилу забонатонро як созед. Рехтани хуни мусалмон магар ҷиҳод аст?. Як бор андеша кунед, кї бо кӣ ҷанг карда истодаед?. Мусалмон бо мусалмон…. Вой бар  ҳоли шумо эй инсонҳои дарғафлатмонда,  модар, падар, зан, фарзанд, хоҳар, хешу ақрабоятон аз  шумо  нафрат  доранд. Ҳар лаҳза пӯшаймонӣ аз  Шумо  барин “хоинони  Ватан”  мекунанд. Шумо  бошед,  бо  ифтихор дар  сайтҳои интернетӣ менависед. Киро  таҳқир мекунед? Киро ғайбат  мекунед? Киро  тӯҳмат мекунед? Миллати худро… Маргат бод,  эй  миллатфурӯшу бегонапараст. Сабаби ҷанги шаҳрвандӣ гаштед, фазои сиёсиро холӣ дарёфтед,  ғаразҳои нопокатонро амалӣ кардед. Дигар  ин  миллат  ба  доми  шумо  нахоҳад афтид. Зеро шуурашон боло рафтаву қалбашон лабрези ишқи поки Ватан аст. Ҳодисаҳои солҳои ҷанги  шаҳрвандиро ба ёд биовареду қазоват кунед. Само тираву замин аз он тиратар буд. Киштии  номуродиҳо ҳар  лаҳза дар дарёи ноумедиҳо ғутаввар мегашт. Шумо  ҷангро  андохтед, шумо  миллатро  ба  парокандагӣ  расондед, шумо ҳамаро ғорат кардед. Имрӯз  номи  поки  динро  мегиреду худро “мусалмони ҳақиқӣ”  мешуморед. Мерасад, рӯзе ки парда  аз  саратон  мисоли  дигар ҳаммаслаконатон  кашида  мешаваду  чеҳраи ҳақиқиатон  намоён  мегардад. Дигар сафсатаву дурӯғҳои  бемаъниатон  суде  намекунад. Як  бор барномаи  “Марди роҳ”-ро тамошо кунед. Шоҳидони  воқеаҳо  қисса мекунанд, ки  дар  лаби  дарёи Вахш  зане  мурда  буду  тифлаки  ширмаки ӯ пистони модари мурдаро мемакид. Раҳми ҳар нафар  меояд ҳангоми шунидани  ин қиссаи  ҷонгудоз  ва ё  зане, ки  дар Афғонистон  гуреза  шуда  буд,  чунин  мегӯяд:  “Ҳар  пагоҳӣ  барои кӯдаки  ғарибхокам гиря  мекунам,  сад  оҳу  афғон  мебардорам,  ки  писарам, дар хоки бегона дафн  шудааст”. Магар  бо шунидани  ин қиссаҳо раҳми кас  намеомада бошад, ки боз  аз  пайи фитнаву  ҷанганд. 

Замоне дарёи Панҷу Вахш  одамхур  шуда  буданд. Ҳар  рӯз муштоқи нӯшидани хуни нафаре мегардиданд. Охир, тавоноии шумо  дар  силоҳи  дастатон  буд. Худро қумандон  медонистед.  Духтаре  аз  дастатон  халосӣ  надошт. Бисёрзанӣ  дар  байни  худатон  ба  анъана  даромада  буд. Гӯё  аз  ин  ҳама  кирдорҳои  номатлубатон  завқ  мебурдед. Имрӯз  бошад,  шумо  насиҳатгари насли ҷавони тоҷиконеду чеҳраҳои сиёсатмадорони  замонро  ба  мо  муаррифӣ  месозед. Ҳоҷат  ба  муаррифиатон  нест, зеро  мо  сиёҳро  аз  сафеду  бадро  аз  нек  ҷудо  карда  метавонем. Имрӯз  бошад, дар  ҳаққи   Пешвои  муаззами  мо суханони  нолоиқ   мегӯед. Эй лаинони  манфур,  аз  кӣ  будани  худ  андеша  кунед,  ки  кӣ  ҳастед? Барои  озодии мо ҳасадатон  меояд.  Ин  марди  шариф ба  мо  сулҳ  овард, моро ба  таърихамон  ошно  сохт, зимоми  давлатдориро замоне  ба  даст гирифт, ки шумо  ҳамаро  ба  харобазор  табдил  дода  будед. Ҳамаро  муттаҳид  сохт, ватанро  обод  кард, миллатро ба  ҷаҳониён  шиносонд. Шумо чӣ  кардед, фақату  фақат  тафриқа  андохтеду  халос… Дидед,  ки  ба  воситаи  силоҳ  намешавад,  акнун  таълимро  дар  мактабҳои  террористӣ  ба  роҳ  мондед.  То  ҳуҷуми  ақлонӣ  кунанд. Як  бор  андеша  кунед, ки  тоҷик  аз  рӯйи ҳасаду кибру  таассуб ба  сӯйи  нафаре  силоҳ  накашидааст. Тариқи  хомаи  оламгираш  шинохтаи  ҷаҳон  шудааст. Мо- ҷавонон  намегузорем, ки  қадами нопоки ҳар касу  нокас  ба хоки зархези мо  расад.  Мо дигар  ҷавонони ноогаҳ  наем.  Мо ҷавононе  ҳастем,  ки муаррифгари давлату  миллат  ҳастем.  Поянда  бод,  Тоҷикистони  озоди ман.  Зинда  бод, Пешвои  муаззами миллат. Ҷовидон  бод, сарзамини  биҳиштосои  тоҷикон.

 

 

    Мавзуна Каримова, магистри курси 2-юми факултети филологияи тоҷик