ТАҶРИБАИ МУАЙЯН КАРДАНИ ЗИЧИИ МОДДА

АЗ НИГОҲИ АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ

 

Такмили усулҳои таълим ҳамеша дар маркази диққати олимону муаллимон қарор дошт ва дорад. Алҳол ягон усул ё гурӯҳи усулҳоро нисбат ба дигарҳояшон афзалиятнок ҳисобидан норавост, зеро онҳо фақат дар алоқамандӣ, шароити муайян самар оварда метавонанд [10].

Пешаи омӯзгори касб набуда, балки ҳунар аст. Омӯзгор агар дониши худро ҳамарӯза сайқал надиҳад, бозомӯзӣ накунад, аз уҳдаи ин вазифаи пурмасъулият баромада наметавонад. Ҳама вақт дар зоҳири ҳар як хонанда, маънавиётро ҷӯстан лозим аст. Омӯзгор бояд дар атрофи китоби дарсӣ ба шогирдон маводи нав диҳад. Завқи шогирдро ба донишандӯзӣ пеш аз ҳама омӯзгор бедор мекунад.

Донишҳои илмӣ дар натиҷаи ягон лаҳзаи муайяни вақт ба вуҷуд наомада, балки донишҳои ҷамъшуда оид ба муҳити атроф ва ҷамъбасти бевоситаи таҷрибаҳо, дар натиҷаи ҳазорсолаҳо ба даст омадааст [8].

Таѓйиротҳое, ки дар мамлакати мо ба вуҷуд меояд, такмили босуръати фазои таълимро талаб мекунад. Чунин амалро бе истифодаи усулҳои таълими фанни умумӣ қабулгардида иҷро кардан номумкин аст. Омӯзгор бояд ба хонандагон усули истифодаи ҳодисаҳои табиат, мушоҳида, ба нақшадарорӣ ва иҷроишӣ таҷрибаҳо, коркарди натиҷаҳо ченкунӣ, пешниҳоди натиҷаҳои ченкуниро тавассутӣ ҷадвалҳо, нақша ва формулаҳо омӯзонад [6].

Физика илмӣ таҷрибавӣ буда, омӯзиши ҳодисаҳои табиатро тариқи таҷрибаҳо мефаҳмонад. Истифодаи донишҳои физикӣ барои ҳалли масъалаҳои амалӣ дар зиндагии ҳамарӯза зарур аст [9].  

Мутафаккирони тоҷику форс дар асрҳои миёна низ дар шарҳи қонунҳо, ҳодисаҳои физикӣ, кашфиётҳои физикӣ ва дигар соҳаҳои илмӣ, дар инкишофи илмӣ ҷаҳони ва техникӣ  ҳиссагузор буда, нақши бузург бозидаанд. Яке аз чунин мутафаккири беҳамто, олим, қомӯснавис ва ситорашинос Абурайҳони Берунӣ мебошад.

Абурайҳони Берунӣ 4-уми октябри соли 973 дар шаҳри Кят (имрӯзҳо шаҳри Қароқалпоқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ба дунё омадааст.  Маълумот оид ба волидони ин мутафаккир маълум нест, зеро дар дафтари ёддоштҳои худ роҷеъ дар хотир надоштани волидонаш маълумот додааст. Абурайҳони Берунӣ асарҳои худро бештар бо ду забон, арабӣ ва форсӣ рӯи чоп меовард. Чун тадқиқотчӣ, Абурайҳони Берунӣ зарурати мукаммал санҷидани донишро, бо воситаи таҷрибаҳо шарҳ додани ҳодисаҳои табиат нишон додааст. Аксаран ба саволҳои ба миён омада, тариқи таҷрибаҳо посух медод. Масалан ҳангоми ҳаракати Замин дар гирди офтоб, гирифти офтобро бо истифода аз таҷҳизоти махсусӣ физикӣ-астрономӣ мушоҳида намуда, шарҳ додааст.

Самаранок истифода бурдани тадқиқотҳои илмии Абурайҳони Берунӣ дар дарсҳои физика, нақши хотирмон ва аҳамияти бузург дорад. Ба ин васила мо мехостем, мухтасар тадқиқотҳои илмии таҷрибаҳои физикии ин олим таваққуф карда, мазмуни муҳтавоӣ мавзӯъ ва маводи  барномаи дарсиро ѓанӣ гардонем. Илова ба ин ба омӯзгор лозим аст, ки диққати хонандагонро ба маводи таълимӣ ҷалб кунад, то ки онҳо донишҳои гирифтаашонро ба воқеъаҳои мушоҳида кардаи худ муқоиса намуда, дар асоси онҳо баровардани хулосаҳои умумиро ёд гиранд.

Оид ба мавзӯи «Зичии моеъҳо» дар китоби синфи 7-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, тадқиқотҳои Абурайҳони Берунӣ ва Хазини-ро дар  кори озмоишӣ бо номи «Муайян намудани зичии ҷисмҳои сахт», баён намудан аз манфиат холӣ нест [1, 49-82].

Омӯзгор диққати худро ба он равона мекунад, ки Абурайҳони Берунӣ новобаста ба он, ки дар он давру замон таҷҳизотҳои пешрафта мавҷуд набошанд, ҳам зичии моддаҳои гуногунро муайян кардааст, ки муқоиса ба нишондодҳои имрӯза хело наздик мебошанд. Масалан: Абурайҳони Берунӣ зичии баъзе ҷисмҳои сахтро дар ҷадвали махсус нишон додааст:

Моддаҳо Муқоисакунии моддаҳо

 (аз Берунӣ)

Муқоисакунии моддаҳо

(маълумоти муосир)

Хатогиҳои мутлақ
Тилло 19, 05 19, 25 0, 20
Мис 8, 7 8, 93 0, 23
Симоб 13, 58 13, 55 -0, 03
Шиша 2, 5 2, 4-2,6 -0, 10
Оби баҳр 1, 14 1, 03 -0,11

Чунин маълумотро хонандагон аз рӯи ҷадвал омӯхта, оид ба ченкуниҳои зичии ҷисм дар асри Х аз тарафи Абурайҳони Берунӣ шинос мешаванд, ки боиси худшиносии миллии онҳо мегардад [1, 12-13].  

Мавриди гузаронидани таҷриба, хонандагон мушоҳида мекунанд, ки Абурайҳони Берунӣ барои муайян намудани ҳаҷми ҷисмҳои сахт аз зарфи обдор, истифода намудааст ва ин амал то имрӯз истифода мешаванд. Аз мушоҳидаҳо ва маълумоти бадастомада маҳорату малакаи кории хонандагон зиёд гашта, вобаста ба тарзи омӯзиш ва фаҳмишҳо дараҷаи шуурнокӣ низ ташаккул меёбад [7].

(Расми 1)

         Дар расм таҷҳизоти ихтироъ намудаи Абурайҳони Берунӣ барои муайян намудани зичии ҷисмҳои сахт тасвир шудааст.

            Воқеъан, мавриди омӯзиши мавзӯи «Қонуни Архимед» дар китоби синфҳои 7-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, истифодаи таҷрибаҳои Абурайҳони Берунӣ-ро дар раванди таълими физика, фаҳмонидан муҳим аст. Баъдан аз пайдоиши чашмаҳое, ки аз обҳои зеризаминӣ пайдо шуда, сохти кори системаҳои қубурҳои обгузари муосир шинос намудан имконият фароҳам меоварад.

Барои ҳавасманд намудани хонандагон бо истифодаи маводҳои таърихӣ вобаста ба мавзӯи дарсӣ ва сохти кори асбобҳо ва таҷрибаҳои маъруфтарини физикии Абурайҳони Берунӣ шинос менамоем. Ба монандӣ «Зарфи автоматӣ», «Фонусӣ худоташгир», ин таҷрибаҳое, мебошанд, ки дар он замон, барои намоишӣ таҷрибаҳои физикӣ истифода бурда мешуданд [4, 37-38]. 

«Зарфи автоматӣ»  ин зарфи обдорест, ки аз ду тараф  кушода буда, бо даҳонаш ба  дохили зарфи ҳамвор ҷойгир карда шудааст. Чунин зарфҳоро имрӯзҳо дар корхонаҳои мурѓпарварӣ, ҳангоми обнӯшии паррандагон истифода мебаранд.

 (Расми 2)

         Барои чуқуртар аз худ намудани мавзӯъ, сохти кори «зарфи автоматӣ» ба хонандагон кори мустақилона супориш дода, ба иҷроиши он диққати бештар дода шавад. Ба монанди аз зарфи пластикӣ сохтани чунин таҷҳизот.

         «Фонусӣ худоташгир» хусусияти ин зарф чун пештара мебошад, танҳо фарқият ба ҷои об ягон равѓан истифода карда мешавад.  Вақте, ки фонус оташ мегирад, равѓан кам гардида, сӯрохӣ кушода мешавад ва равѓан ба поён ҳаракат мекунад.

(Расми 3)

Мақсаднок истифода намудани кашфиётҳои бузургони гузаштагони мо дар раванди дарсӣ физика, шавқу ҳаваси хонандагонро баланд бардошта, ҷиҳати тарбиявии онҳоро афзун мегардонад. 

Адабиёти истифодашуда

  1. Давлат таълим стандарти ва ӯқув дастури. (Математика, Физика, Информатика ва ҳисоблаш техникаси асослари). – Тошкент: Янгийӯл полиграф сервиc, 2010.
  2. Зикриллаев Ф. Берунийнинг физика соҳасидаги ишлари. – Тошкент: Фан. 1973.
  3. Кудрявцев П.С., Курс истории физики. Москва: «Просвещение», 1982 г. – р 440 стр.
  4. Корневич М. Л., Чубакина О. В., Дулина Н. С. и др. Рабочие программы по физике 7–11 классы. Выпуск 2/ Под ред. Корневич М. Л. — Москва: ИЛЕКСА, 2012 г. – 380 с.
  5. Қувватов М.М. Физика ӯқитишда Абу Али ибн Сино меросидан фойдаланиш. – Тошкент: Ӯқитувчи, 1982.
  6. Rosenberger F. Die Geschichte der Physik. T. 1. Die Geschichte der Physik im Alterthum und im Mittelalter. Braunschweig, Vleveg 1882. (Перевод: Розенбергер Ф. Очерк истории физики. Ч. 1. История физики в древние и в средние века. Спб., 1883.)
  7. (Фундаментальное ядро содержания общего образования / под ред. В. В. Козлова, А. М. Кондакова. — Москва: Просвещение, 2009. – 59с.).
  8. Шарифов Ҷ. Роҳҳои такмили усулҳои таълим. Маҷаллаи «Фурӯѓ». № 8 (385), аз 20.03.2019.

         

 

Бубиев М.Ч.,  Раҳмонов Ҳ.О. омӯзгорони ДДБ ба номи Носири

Хусрав, Ҳасанов Я.Ф.  Шарипов Қ.Р., Муродов М. магистрони

факултеи физикаи ДДБ ба номи Носири Хусрав