ҒАНИГАРДОНИИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ ТАЪРИХУ  КИШВАРШИНОСИИ ДДБ БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВ АЗ ҲИСОБИ УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁН

10-уми марти соли 2020 омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқ Қурбонова Муродгул Саидовна ба осорхонаи таъриху кишваршиносии ДДБ ба номи Носири Хусрав ду зарфи сафолинро чун ёдгории таърихӣ ҳадя намуд. Ин нигораҳоро мавсуф аз ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ҳангоми дар муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами № 38 ба ҳайси омӯзгор кор карданаш дастрас кардааст.

Зарфи мазкур 22 ,2 см баланди дошта андозаи гирди нуқтаи паҳнтаринаш 40 см ва қутри он нуқтааш бошад 12, 6 см мебошад, қутри пояаш 7, 5 см ва чуқурии дохилаш бошад 21, 3 см аст. Тибқи сохти ин зарф он эҳтимол болопуше доштааст, ки дар вақти қабули он ҳамроҳаш набуд. Тахмин намуд, ки он чун воситаи гирифтани мойе, аз ҷумла, афшураи мева, шароб ва амсоли ин истифода бурда мешудааст. Дар ягон ҷойи ин зарф рамз ё нишонае оид ба сол, макон ва ё аломате оид ба истеҳсолкунандаи он ишора нашудааст. Маводи мазкур сохташ гил буда, бо нақши хосе оро дода шудааст. Худи зарф ва рангаш дар ҳолати хуб қарор дорад.

  Косаи гилӣ (чиникоса) 508, 5 грамм вазн, 7, 8 см баландӣ дошта, чуқурии дарунаш 6, 5 см аст, қутри болояш 18 см ва қутри пояаш бошад 9 см аст. Дар ягон ҷойи ин зарф рамз ё нишонае оид ба сол, макон ва ё аломате мавҷуд нест. Ин мавод низ сохташ аз гил буда, бо нақши хосе оро дода шудааст. Худи зарф ва рангаш осеб дидааст.

Ҳамчунин рӯзи 11-уми марти соли 2020 донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси таърих-бостоншинос Гулмирзоев Неъматулло Қиёмиддинович ду зарфи сафолии ёфтаашро ба осорхонаи таъриху кишваршиносии ДДБ ба номи носири Хусрав оварда супорид. Тибқи нақли Гулмирзоев Н. Қ. ин зарфҳоро мавсуф дар вақти кандани ҷойи бунёди тагхона дар манзили истиқоматияшон, ки дар деҳаи Даштигулои ҷамоати деҳоти Даштигулои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ воқеъ аст, моҳи августи соли 2019 ёфтааст. Ин зарфҳо тахминан дар чуқурии 150 – 170 см, аз якдигар дар масофаи 30-60 см, дар ҳолати афтида ёфт шудаанд. Дар вақти кандан ҳар дуи зарфҳо аз ноогоҳии Гулмирзоев Н.Қ. оид ба мавҷудияти зарфҳо дар зери хок аз зарби бел каме осеб дидаанд. Аз сохт ва ҳаҷму андозааашон маълум мешавад, ки он аз ҷониби табиб ё кимёгаре мавриди истифода қарор гирифтааст.

Ин зарф 209, 9 гр вазн дошта, баландияш 9, 5 см ва чуқурии дарунаш 7, 7-7, 8 см, қутри пояаш 3, 8 – 4 см, қутри даҳонаш 5, 9 – 6 см буда давро даври миёнаш 26 см аст. Маводи сохти он гил буда, ягон хел ранги иловагӣ карда нашудааст. Дар ягон ҷойи он нишона ё маълумоте оид ба вақт ва макони омодашавияш мавҷуд нест.

Вазни ин зарф 454, 8 гр, баландияш 12, 6 см ва чуқурии дарунаш 11, 1-11 ,9 см мебошад. Қутри тагаш 8, 7-9 см буда, нуқтаи паҳнтаринаш 34 см аст. Қутри даҳонаш 5, 5-6 см буда, дарозии ҷуликчаи хосаш 2-2, 3 см аз танааш баромадааст. Хусусияташ дар он аст, ки ҷулики ин зарф дар нуқтаи анҷоми қисми поёни даста ва 2 см дур аз он сохта шудааст. Ҳол он, ки маъмулан дар чунин зарфҳо ҷуликашро дар нуқтаи муқобили даста месозанд.  

Ин нигораҳо ба тозагӣ ворид шуда мавриди омӯзиш қарор доранд.

 

Тағойзода С.Қ. – мудири осорхонаи таъриху

кишваршиносии ДДБ ба номи Носири Хусрав