ҲИСОБ КАРДАНИ ФИШОР ВА ҲАРОРАТ ДАР МАРКАЗИ СИТОРАҲО

Ҳолати моддаҳоро дар ҳарорат ва фишори баланд амалан дар ситораҳо дидан мумкин аст.

Ба характеристикаи асосии ситораҳо масса  ва радиуси ситора  дохил мешаванд. Ба тарзи ҳисобкунии эмпирикии (таълими фалсафиест, ки таҷрибаи эҳсосиро ягона воситаи маърифат мешуморад) ин бузургиҳо мо омӯзишро баҳс намекунем.

Чӣ тавр фишорро (Р) дар маркази ситора санҷидан мумкин аст. Методи анализи андозагириро истифода бурдан мумкин аст.

Фишори матлубро бо характеристикаи асосии ситораҳо ифода кардан мумкин аст: Масса  ва радиусаш .  Инчунин бо инҳо боз доимии ҷозибаи гравитатсионӣ G-ро дохил кардан мумкин аст.

Комбинатсияи (мувофиқат) бузургиҳои муоинашавандаи

Р Gx                         (1)

ягона мебошанд; ба инҳо бузургиҳои номаълуми х,y,z дохил мешаванд, ки онҳоро ёфтан лозим аст.

Барои ҳамин ифодаи (1)-ро ба намуди андозагии бузургиҳои иштироккунанда менависанд:

                                         [P]=[GХ.[]y. []z

ё ин, ки;

                 кг  =( )x  (кг)y  (м)z

мешавад.                          

Нишондиҳандаи дараҷаҳои ҳарду қисми баробариро муқоиса намуда, системаи муодилаҳои зеринро ҳосил мекунем:

Системаи муодилаҳоро ҳал намуда, қимати номаълуми x,y,z-ро меёбем:

                                                    Х=1,у = 2, = -4

Ин қисмати ҳосилшударо дар ифодаи (1) гузошта ҳосил мекунем:

                   Р G                      (2)

                                      Р G

Дар ифодаи (2) фишор дар маркази ситора ба бузургиҳои дар озмоишгоҳ ҳангоми таҷриба ҳосилшудаи G ва мушоҳидаҳои астрономи массаи ситора  ва радиуси ситора  муайян карда мешавад.

Масалан: Фишорро дар маркази Офтоб ёфтан мумкин аст. Ба мо маълум аст, ки:             = 2 кг,= 7 м  мебошад.

Аз рӯи ин бузургиҳои додашуда, фишорро дар маркази Офтоб ҳисоб мекунем:

  Па  Па  атм.

Тавре ба мо маълум аст, бисёр ситораҳо дар шакли плазмагӣ мебошад аз ин лиҳоз мо модели ситораҳоро дар намуди саққои газӣ бо муодилаи ҳолати газӣ навишта метавонем:

РV=  (3)

R- доимии универсалии газ

M- массаи молярӣ

Барои ситораи статсионарӣ фишурдашавии гравитатсионӣ бо гармии зидди фишор ҷуброн карда мешавад:

      (4)

Ба ифодаи (4) ифодаҳои (2) ва (3)-ро гузошта ифодаи зеринро ҳосил мекунем:

G    (5)

Аз ин ҷо зичии миёнаи ситораро чунин ҳисоб кардан мумкин аст:

 

   (6)

Аз ифодаҳои (5) ва (6) истифода бурда, формулаи ҳароратро дар маркази ситора чунин навиштан мумкин аст:

G    (7)

Аз ин формула истифода бурда, ҳароратро дар маркази Офтоб (ситораи гидрогенӣ) М = 1 10-3 ёфтан мумкин аст:

То марказ   К  2  107 К

Нурбарории ситораҳоро ҳамчун гармӣ ҳисобидан мумкин аст. Ҳарорат дар қабатҳои болоии Офтоб аз рӯи формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

Т =  

Ин формула барои системаи СГС навишта шудааст. Ҳарорат дар қисми болои Офтоб чунин аст:

Т0 5300 К

Энергияи максимуми нурбарории дар Офтоб дар спектрҳои зард – сабз рост меояд.

Ҳароратро дар қабатҳои нурафканӣ дониста, нурафкании интенсивиро ёфтан мумкин аст, ки бо

J =  

тавоноӣ дар як сатҳ мебошад.

Тавонои пурраи нурафкани ситора, ки равшаннокии он аст, чунин мебошад:

J = 4  (8)

Тавоноии равшаннокӣ дар Офтоб чунин мешавад:

Jо = 4 = 4 3,14  (7)2  5,7   4 Вт = 2,8  1026 Вт
          Хулоса, ба мисоли муайян кардани фишор ва ҳарорат дар маркази ситораҳо мо ситораи гидрогениро (Офтоб) гирифтаем. Чи тавре, ки дида мешавад фишор дар маркази ситораи гидрогенӣ   атм ва ҳарораташ  2  107 К мебошад. Ҳамчунин мо тавоноии ситораи гидрогениро муайян намудем, ки 2,8  1026 Вт баробар аст.

Рӯйхати адабиёт ва сарчашмаҳои истифодашуда

  1. Савельев И.В. Курс общей физики, том 1, 2 М.: 1979.
  2. Детлаф А.А., Яворский Б.М. Курс физики том 2,.
  3. Сивухин Общий курс физики., М.,1889.
  4. Маљидов Ҳ. Асосҳои электродинамика, оптика ва физикаи квантӣ Душанбе. – 2007.
  5. Волькенштейн В.С. Сброник задач по общему курсу физики М.: 1990.
  6. Сайдуллоева М. Оптика ва сохти атом. – Душанбе: Ҳумо, 2007.
  7. Назриев Абдуҳамид., Махсумов Барод. Асосҳои физикаи атому ядро ва дозасанҷӣ. – Дунанбе: ЭР-граф, 2014.
  8. Самарқандӣ Я.Ш. Корҳои лабораторӣ аз қисми атом. – Душанбе, 2015.
  9. Муҳаммад Икром Оптика ва сохти атом (практикуми лабараторӣ аз физика ( Қисми III).

 

  

Рамазони И. – омӯзгори факултети физикаи

Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Leave a Comment