ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ: МОҲИЯТ, САБАБҲОИ АВҶГИРӢ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

Дар охири қарни ХХ ва ибтидои садаи ХХI инсоният ба хатари ҷиддие мисли терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад.

Албатта, онҳое, ки мегӯянд экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм (даҳшатафканӣ) падидаҳое мебошанд, инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намудаанд, беасос нест. Решаҳои онҳо хеле чуқуранд. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофаринӣ мехостанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд ва зимни ин одамони бегуноҳ қурбон мешуданд.

Махсусан, ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ бештар характери сиёсӣ гирифтанд ва доираи фаъолияти террористон  васеъ гардид. Бо инкишофи техникаву технологияи муосир шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.

Фақат хиради азалии мардум, сиёсати сулҳҷӯёна ва инсонпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дарки амиқи сулҳу субот аз ҷониби роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки манфиати миллат ва  ватанро аз ҳама боло дониста, хатари заволи давлатдории тоҷиконро эҳсос намуданд, имкон дод, то дар муддати нисбатан кӯтоҳ дар кишвари мо сулҳу оромӣ аз нав пойдор ва Истиқлолияти давлатӣ боз ҳам комил гардад.

Айни ҳол, мутобиқи нишондодҳои оморӣ ҷавонони синнашон то 30-сола наздики 70 фисади аҳолии ҷамъияти Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Пас, вақте мегӯем «ҷомеа»,  мо асосан ҷононро дар назар дорем ва вақте мегӯем «мушкилоти ҷавонон», қалб аз ҳама мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон мадди назар аст.

Яке аз мушкилоти умдаи имрӯза тамоюл ва гароиши ҷавонон ва ҳамин гуна, ҷамъияти асосии мамлакат ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоист. Сарзамини тоҷикон, ки қадимтар аз худи таърих ва нахустин гаҳвораи тамаддуни башарист, дорои мардумоне хайрхоҳу фарҳангдӯст ва соҳиби дину ойини солим аст, бо ин падидаи зиёновар рӯбарӯ гардидааст.

Мутафаккири бузург Эрнест Хемингуэй гуфта буд, ки: «Агар дар оянда ҷанге рух диҳад, он ҷанги байни тамаддунҳо хоҳад буд ва шадидтарин ихтилофу ҷангҳо дар сарҳади байни тамаддунҳо ба вуҷуд хоҳад омад».

Аз назари геополитикӣ Тоҷикистон кишварест, ки дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст ва дар марзи азимтарин тамаддунҳои дунё қарор дорад. Табиист, ки ҳар кадом аз давлатҳои абарқудрат саъй хоҳад кард, то манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологии худро дар давлати навбунёди мо пайгирӣ намояд. Ҳол он, ки аз ҷониби давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ягонаи татбиқи идеяҳои низоми давлатдорӣ, яъне бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб гардидааст.

Ин ҷо мо як қатор сабабҳои айниеро меорем, ки барои паҳншавии ифротгароии заминаи динӣ дошта ва терроризм дар Осиёи Марказӣ ва хусусан, дар Тоҷикистон мусоидат карда, ба истиқлолияти комили давлатӣ хатар эҷод месозанд.

Ҳамин тавр, раванди сиёсишавии ислом, ки барои тадриҷан паҳн гардидани ифротгароии динӣ ва терроризм мусоидат менамуд, ба таври шартӣ дар се марҳила амалӣ гардид.

Марҳилаи аввал, асосан давраи аз охири солҳои 80 то аввали солҳои 90-уми қарни ХХ-ро дар бар гирифта, бо эҳёи ҳаматарафаи дини ислом дар ҳудуди кишварҳо тавсиф мегардад.

Марҳилаи дуюм, ки давраи аввали солҳои 90-ро дар бар мегирад, бо пурқувват гардидани омили динӣ ҳамчун натиҷаи низоъҳои  мусаллаҳона фарқ мекунад. Калонтарин чунин низоъ дар Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал гардид, ки зоҳиран муборизаи қувваҳои дунявӣ бо гурӯҳхои динӣ буд. Дар асл ин ҷанг таҳмилӣ буд, ки шарҳи сабабҳо ва омилҳои он ба таври  мухтасар номумкин аст.

Марҳилаи сеюм, асосан давраи охири солҳои 90 асри гузашта ва солҳои аввали асри ХХI-ро дар бар гирифта, бо пурқувват гаштани гурӯҳҳои диниву мазҳабӣ қазоват мекунад. Гурӯҳҳои гуногуни исломӣ ба бозиҳои сиёсӣ дохил карда шуданд. Ин раванд инъикоси худро дар он пайдо намуд, ки дар харитаи геополитикии Осиёи Марказӣ ба таври хеле равшан манфиатҳои як қатор марказҳои ҷаҳонии нуфуз ба чашм мерасид.

Хулоса, ҳамаи мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама, худамон намунаи ибрат бошем, нангу номуси ватандорӣ дошта бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат гирем, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошем.

Итминони комил дорем, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати милӣ – Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманди тоҷик дар ободӣ ва шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузошта, баҳри таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти комили Ватан хидматҳои шоиста хоҳанд кард.

Бигзор Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сулҳу Ваҳдати миллии тоҷикон пояндаву ҷовидон бошад!

 

 

Холиқова Сидиқа – дотсенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва

аудити факултети иқтисодии ДДБ ба номи Носири Хусрав