ИЛҲОМ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ОМӮЗАНДАИ ОМӮЗГОРИЮ МАЪМУРИИ ҲАКИМИ ВАҚТИ ДОНИШГОҲ

 (ё андешае чанд аз тассавуроти мактабӣ ва таасуроти давраи донишҷӯию омӯзгориям)

 

Ҳар як инсон дар баробари нигоҳ ва назари қабулшудаи омма ба ҷараёнҳои ҳаёт доштанаш, инчунин ҳодисаю воқеаҳои муҳити зист ва ҷомеаю ҳаёти гузашта, имрӯза ва ояндаи хешро дар доираи имкониятҳои зеҳнияш бо таври худ омӯзиш, мулоҳиза ва хулосабарорӣ мекунад. Вобаста ба ягон ҳолат, бо маврид ё беихтиёр ҳар як инсон ҳодисаю воқеаҳои гуногуни гузаштаи ҳаёти хеш ва шахсиятҳои дар зиндагияш таъсиргузорро аз саҳифаҳои хотирааш ёд мекунад. Борҳо бо ҳамкорон (бахусус онҳое, ки Донишгоҳи давлатии Бохтар (ДДБ) ба номи Носири Хусравро хатм кардаанд) ё ҳамсабақон аз шахсияти устодони донишгоҳиямон ва дарсҳои онҳо ёдрас шуда, лаҳзаҳои хотирмону омӯзандаи онҳоро мавриди муҳокима қарор додаем.

Хушбахтона чунин устодон ва фанҳои мароқангез бароям дар давоми солҳои таҳсил дар донишгоҳ кам набуданд. Аз он ҷумла, дарсҳои устодон Гадозода Абдукибор, Шарифов Маҳмадкарим ва Мирзоев Ғолибшо аз фанни таърихи халқи тоҷик, Абдуназаров Хушвахт-кишваршиносии таърихӣ, Қурбонов Файзалӣ-забони тоҷикӣ, Пиров Аламшо-фалсафа, Шарипов Дилшод-мантиқ, Сафаралиев Пирмаҳмад-таърихнигорӣ, Алиханова Гузал-забони русӣ, Алиев Ҳайдар-таърихи нав ва навтарини Европа ва Америка, Холиқов Раҳим-ҳуқуқи ҷиноятӣ, Шеров Шодмон-мардумшиносӣ, Маҳмадғафуров Исмоил-ҳуқуқи конститутсионӣ, Нуралиев Исмоил-ҷуғурофияи иқтисодии Тоҷикистон, Мирсаев Ҳакимҷон-ҳуқуқи шаҳрвандӣ, Атабаева Шоира-забони англисӣ, Мусаввирова Раъно-ҳуқуқи меҳнат, Изатуллоев Маҳмадқул-таърихи асрҳои миёна, Каримова Шарифа-фалсафаи таърихи маориф, Ситамов Саъдулло-консепсияи табиатшиносии муосир, Саидов Алихон-фарҳангшиносӣ, Садриддинов Насриддин-назарияи иқтисодӣ, Одинаев Нуриддин-сиёсатшиносӣ, Ҳалимов Зуҳурбек-кори касбинтихобкунӣ, Гулов Алимаҳмад-педагогика, Халилов Тоҳир ва Собиров Хайриддин-психология, Паҳлавонов Абдулҳамид-таърихи педагогикаи халқи тоҷик ва дигарон хеле муассиру хотирмон буданд.

Бароям муамоангез он буд, ки ким кадом эҳсосе ё мароқи хосе маро ба андеша кардан оид ба фанни фалсафа ва шахсияти устод Пиров Аламшо Каримович водор мекард. Баъзан дар хаёлам мақсади қайди андешаю фикрҳоям оид ба усули дарсгузарӣ ва шахсияти устод Пиров Аламшо ба вуҷуд меомаданд. Меандешидам, ки ғайр аз меҳр, эҳтиром ва эътирофи хоси шогирдиям аз устодии Пиров Аламшо боз кадом омилҳо метавонад маро ин қадар ба фанни фалсафа ва шахсияти устод ҷалби беихтиёру хостани намояд. Зиндагии пурмаҷрою зебои ҳамарӯза маро боз ба самти ҷараёнҳои худ мебурду ин мақсад ба таъхир мемонд. Лекин ин мақсад гоҳ-гоҳ боз маро ба муҳити хеш даъват мекард. Ва он муҳит бароям ошною форам менамуд. Дар радифи ин ва ба ин монанд андешаҳо таҳкурсие оид ба сабабҳои завқу мароқи хосса ба фанни фалсафа доштанамро аз дафтарҳои хотираам меҷӯстам. Ким чӣ хел боварҳое дар ниҳодам маро беихтиёр бовар мекунонд, ки омиле будагист барои зуҳури ин ҳама мароқҳои пурмуаммо. Ва оҳиста-оҳиста аз саҳифаҳои паноҳшудаи хотираҳои мактабиям заминаашонро дарёфтам, ки таконе шуд ба таълифи зерини кайҳо боз мақсаддоштаам.   

Дар синни калони мактабӣ ба таври хеш кӯшиш мекардам, ки аз муҳтавои илмҳои гуногун, бахусус илми ҳикмат ва рӯҳшиносӣ, ки бароям чун донишҳои «сеҳрнок» ё ҳеҷ набошад таъминкунандаи осоиши рӯҳи инсон маҳсуб меёбанду ба қавле, на ба ҳама дастрасанд, огоҳ шавам, донандаю дорандаи чунин ва ба ин монанд донишҳо бошам. Ташаккули дунёи моддию маънавӣ ва майлу рағбатам чун бисёре аз наврасону ва акнун ба синни ҷавонӣ қадам ниҳодаистодаи солҳои 90-уми асри XX (таваллудам соли 1982) аз тарбияи хонавода, шунидани нақлу ривоятҳои гуногун оид ба каромоту хислатҳои неки бузургони дин, илму адаб, корнамоии шахсиятҳои гузаштаю муосир – аз волидайн, рӯҳониён, калонсолони наздик ва ҳамдеҳагон дар суҳбатҳои паси дастурхон, дар сари кӯчаю ҳузури маъракаю чорабиниҳо ва дарсҳои мактабию мутолиаи асарҳо маншаъ гирифтаанд. Албатта, ҳар як наврас ва ҷавон ғайриихтиёр кушиши пайравӣ аз наздикони хеш, шахсиятҳои машҳури давр ва таърихӣ карданро дар доираи фаҳмишу имконияташ менамояд, ки камина аз ин гуна мавқеъгирӣ истисно набудам. Акнун фикр мекунам, ки дар майлу рағбат ва кушишҳоям инчунин мутолиаи асарҳои гуногун аз он ҷумла: «Қасас-ул-анбиё» (чопи соли 1991), Достонҳои «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, дар нигориши С. Улуғзода (чопи соли 1977), «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» ва «Исёни Муқаннаъ»-и Садриддин Айнӣ (чопи соли 1978), «Саргузашти Ҳотами Той» (чопи соли 1991), романи «Чингизхон»-и В.Г. Ян (чопи1988), «Сурат ва сирати ибни Сино» (чопи соли 1980), Мунтахаби осор: Ҳикоятҳо барои бачаҳои синни миёна ва калони мактабии Закариёи Розӣ (чопи соли 1989), «Писархонди полк»-и В. Катаев (чопи соли 1988), «Футувватномаи султонӣ», «Ахлоқи Муҳсинӣ», «Рисолаи Ҳотамия»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ (чопи соли 1991), «Восифӣ ва хулосаи Бадоеъ-ул-вақоеъ» (чопи соли 1956), афсонаҳои халқӣ, филмҳои бадеию ҳуҷҷатии гуногун таъсири амиқ гузоштанд. Инчунин суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки маъмулан вобаста ба муҳтавои мавзуъи суханронияшон, иқтибосҳо аз эҷодиёти бузургони илму адаби ниёгон меоваранд ба воситаи телевизиону радио дидаву шунидаам нақши хосро доштанд. Дар ин асно саволҳое ба сарам меомад, ки чӣ неру ё донишу малакае бошад, ки чунин афроди шаҳирро ба он мартабае, ки мо дар бораашон шунидаем ё хондаем расонида бошад. Ба роҳнавардии кадом пайроҳаю роҳҳо мутафаккирони мо ба сатҳи баланди ақлу заковат расидаанду дар кушодани гиреҳи мушкилоти мухталифи ҷомеаю давлатдорӣ саҳми арзанда гирифтаанд, ки аҳли олам дар ҷустуҷӯи асарҳояшон буда, аз таълимоти онҳо баҳри пешбурди ҷомеаи навин сабақ меомӯзанд.

Дар пайи чунин андешаю орзую омолҳо дар ҳар мавриди мувофиқ аз ҳар чизе, ки бароям нав буд ё илова ба донишҳои доштаам буд дар ҷараёни суҳбатҳои гуногун бо ҳамсинфон, ҳамсолон ва наздикон ёдрас мешудам. Ҳамсуҳбатон низ аз ҳодисаю воқеаҳои дида, нақлҳои шунидаю асарҳои хондаашон дар доираи мавзӯи суҳбат мисолҳо меоварданд. Ҳар як нафар саъй мекард, ки суҳбатро ба ҷониби маълумоту донишҳои доштаи хеш равона намояд. Ё ҳеҷ набошад илова ба гуфтаҳои дигарон чизе гуфта бошад. Ҳатто баъзан вақт дар рафти суҳбат бо ҳамсинфон (бахусус бо Муродов Муҳамадризо) ва ё ҳамсолонам оид ба имкониятҳои майнаи сари одамизод дар масъалаи азхудкунии донишҳои гуногун баҳсу мунозираҳо мекардем. Яке мегуфт, ки шунидаам, ки то 18- солагӣ мудом мутолиа кардан лозим, зеро агар одам тавонад ақлашро то ин сину сол сайқали хуб диҳад, пас дар оянда тасхири ҳамагуна илм ба ӯ муясар мегардад. Дигаре мегуфт, ки ба шунидаи ман авҷи аълои азхудкунии дониш то 20 – 25 солагӣ, сеюмин собит кардан мехост, ки давраи фаъолу пурсамари азхудкуннии дониш то 40-солагӣ мебошад. Дар ин ҷода бароямон аз худ кардани асосҳои фанҳои тадрисшавандаи мактабӣ, аз ёд кардани шеъру ғазали бисёр ва дарки таълимоти ҳакимон муҳимтарин омил ба ҳисоб мерафт. Махсусан оид ба сиёсатмадорӣ, ҷавонмардӣ, донишмандӣ, заковати баланд ва ҳозирҷавобии Анӯшервони одилу Исмоили Сомонӣ, Муқаннаъу Темурмалик, Бузургмеҳру Борбади Марвазӣ, устод Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абулқосими Фирдавсӣ, Луқмони Ҳаким, Хоҷа Насриддину Мушфиқӣ ва дигар адибону ҳакимон дар доираи донишу маълумоти доштаамон муҳокима мекардем. Одатан камина бо ҳамсинфонам Муродов Муҳаммадризо, Муминов Ҷумъахон ва Раҷабов Дилшод оид ба масъалаҳои зиёде, ки зеҳни моро машғул медошт баҳсу мунозираҳо мекардем. Баъзан ин муҳокимарониҳои мо байни ҳамсинфон, дар лаҳзаҳои танаффус ё пас аз дарс дар гӯшае аз варзишгоҳи мактаб, ки асосан суҳбатамон оид ба омодагӣ ба имтиҳонҳои хатми мактаб, интихоби касби оянда, донишгоҳ ё донишкадае, ки нияти ба он дохил шудан доштем, ба амал меомад. Ноаён суҳбати мо аз доираи ташвишҳои мактабӣ берун рафта, ба донишмандии ин ё он шахсияти машҳури олам, кишвар ё минтақаю маҳал ва чӣ гуна ба он сатҳ расиданашон мерасид. Ҳар як нафар дар ин асно, албатта, кӯшиш мекард ва бовар дошт, ки ӯ метавонад ва бояд дар оянда яке аз шахсиятҳои намоён ва донишманди мумтози даври хеш шавад. Ба ҳар ҳол, дар бораи дигарон тасдиқе надорам, лекин ман чунин орзуро дар дил мепарваридам. Хешро акнун чун як донишманди ба синну солам мувофиқ ё ҳеҷ набошад донишомӯзи муваффақ тасаввур мекардам. Муҳокимаи тахминҳоямон оид ба интиҳои синну соли сайқали майнаи сар ва роҳу равишаш дар синфи ёздаҳум хонданамон хислати нисбатан доимиро гирифт.

Қайд кардан бамаврид аст, ки миёни камина, писарамаам Шоев Ҳикматулло Ҳабибуллоевич ва писарамакам Тағойзода Ҳусейн Умар айёми хатми мактаби миёна ва солҳои аввали донишҷӯӣ (дар солҳои пайдарҳам мактабро хатм кардаем) муҳокимаи муҳтавои асарҳои хонда, донишу маълумоти гуногун оид ба мутафаккирони классику муосир ва ҳаёту фаъолияти шахсиятҳои машҳури дохилию хориҷии давр бисёр доманадор сурат мегирифт. Бахусус, дар вақти машғули коре, аз он ҷумла нарм кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ё ҳезумкафонӣ дар хонаҳои якдигар, мавсимҳои кор дар саҳро ва шабҳои дар хонаи мо хуфтанамон, ки одатан интиқоли қувваи барқ ба аҳолӣ бо маҳдудият аз соатҳои 6,00 то 8,00 субҳ ва 18,00 то 20,00/21,00 шом ҷорӣ буд, ба вуқуъ мепайваст. Қайд кардан бо маврид аст, ки маҳдудияти интиқоли қувваи барқ асосан дар деҳоти Тоҷикистон аз солҳои 1993-1994 то соли 2017 ҷорӣ буд.

Вобаста ба сину сол ва оғози таҳсил дар донишгоҳ каму беш нигоҳам ба ҳодисаю воқеаҳои гуногуни ҳаёт тағйир ёфта, ҷаҳонбиниям нисбатан фаррох мегашт. Чун дигар ҷавонон камина дар давраи хоси ташаккули ҷисмонию ақлонӣ қарор доштам ва  кӯшиш мекардам, ки фаҳмам, чаро баъзе қаҳрамонҳои афсонаю ривоятҳо, достону қиссаҳо, ҳаракату ҷараёнҳои озодихоҳи халқӣ, шахсиятҳои таърихӣ бар замми нияти нек доштанашон ба муваффақият нарасидаанд? Чаро дар эҷодиёти шифоҳии халқ ва аҳли илму адаби классику муосир норизогӣ аз ноҷуруҳои рӯзгор, бадгумони миёни ҳаммаслакон, нокомии ҷавонписару ҷавондухтарони дилдода, шикояти дилбохтагон аз нофаҳмии якдигар ва амсоли инҳо мақоми хосро дорад? Ин ва ба ин монанд «Чаро»-ҳо пайгирам мекарданд. Дар асоси ин гуна ва ба ин монанд саволҳо аз синни болои мактабӣ саволҳои дигаре низ мароқамро бисёр ҷалб мекарданд. Ин ҳам бошад: Хушбахтӣ чист? Сарҳади бурдборию муваффақият то куҷост? Чӣ гуна метавон хушномию хушбахтиро ба даст овард? Роҳ ба сӯй комёбиву хушбахтӣ дар кадом самт аст? Чӣ гуна пас аз ба даст овардани мақсуд онро метавон нигоҳ дошт? Ҷавоби ин суолҳоро фикр мекардам ва бовар доштам, ки аз муҳтавои суҳбатҳои калонсолони рӯзгордида, аз дарки андешаву ғояҳои мутафаккирон, аҳли илму адаб, ҳаёти қаҳрамонони асарҳо ва филмҳои бадеӣ дарёфтан мумкин аст.    

Соли хониши 2001-2002, ки акнун оғози соли дуюми донишҷӯиям дар донишгоҳ (факултети таърих ва ҳуқуқи ДДБ ба номи Носири Хусрав) буд, якчанд фанҳои нави тадрисшаванда, аз ҷумла фани фалсафа, фани интизориям дар ҷадвали дарсии гурӯҳамон қайд шуда буд. Дарсҳои аввал бо вуҷуди оне, ки маърӯзаи устодро дар дафтар қайд мекардам, лекин дар маҷмӯъ барои дарки муҳтавои фани фалсафа ким чи хел беаҳамиятӣ ё бепарвоии беихтиёрона зоҳир менамудам. Акнун фикр мекунам, ки шояд сабаби ин гуна муносибатам ба тахаюлоту интизориҳоям оид ба чигунагии муҳтавои ин фан ва донандаи он, ки аллакай дар андешаам симои онро парварида будаам иртибот дошт. Эҳтимол дар ин замина ҳарос аз он доштам, ки ин он тарзи омӯзиши фани зикршуда ва устод он нафаре нест, ки ман интизораш будам ва мабодо ҳамон интизориҳою эҳсосоти ба воя расонидаам осебе бинанд, беихтиёр дари қабули ҳар чизеро оид ба ин фан дар майнаам баста будам. Агар равшантар баён намоем, ман ҳаким, файласуф ё мутафаккирро дар симои пирамарди нуронӣ, ришдору ба бар ҷелак ва ба сар салла ё мисли устод Садриддин Айнӣ ба бар либоси хоси обидонаю боҳашамат ва ба сар тоқию риши кутоҳдоштае тасаввур мекардам. Ин тасаввуротам оид ба шахсияту симои файласуф ва мутафаккир дар асоси нақлу ривоятҳо, тасвири илмию бадеии асарҳо ва аксу мусаввараҳо (асосан аз китобҳои дарсӣ ва расмҳои долони мактабамон), сюжетҳои филмҳои бадеию ҳуҷҷатӣ, барномаҳои гуногуни телевизионӣ оид ба бузургони илму адаб ва дин дар зеҳнам ташаккул ёфта буданд.

Бароям ғайриинтизор майлу рағбатам ба дарсҳои фанни фалсафа ва худи шахсияти устод тадриҷан зиёд гардид. Аниқтараш худ бехабар ҳар дарси навбатии устодро чун як навгонӣ интизор мешудам. Гумон мекунам, ки ин ҳолат танҳо бар ман хос набуд. Зеро, ки баъзан ҳамсабақонам низ вақти оғози басти навбатии дарсӣ ва ё дар танаффуси байни дарсҳо оид ба имрӯз ё фардо дарси фалсафа дорем ё дарси устод Пировро дорем гуфта ба худ ва дигарон аз ким кадом як ҳодисаи ғайриодӣ ё ҳеҷ набошад навгонии навбатӣ хабар медоданд. Мисли оне, ки ҳар маълумоти нав ё воқеаи мароқангези интизориро бисёриҳо, қабл аз баён кардан ба ҳавасмандон бо саволи «Оё медонед?» муроҷиат карда иброз медоранд, аз фарорасии рӯз ё соати дарсии устод Пиров Аламшо дар гурӯҳи мо хабар одатан бе суроғи шахси муайян ба фазои ҳузур гуфта мешуд.

Воқеан, тадриҷан дарк мекардам, ки босалобатӣ, тарзи либоспушӣ, рафтору гуфтори ба худ хос, усули дарсгузарӣ, фаровонии дониш ва умуман худи шахсияти устод ба тасаввурот ва интизориҳоям оид ба файласуфи давр басо тавъаму муносиб омаданд, ки меҳри хосе ба он кас ва завқи дучанд ба фани дарсияшон дар қалбам ба вуҷуд омад. Дар воқеъ, устод чун зиёии ҳамқадами замони хеш, ҷавонмарди ҷаззоб, омӯзгори бомаҳорату хушсалиқа ва дар муносибат ба таълиму тарбияи шогирдон ҷиддию самимӣ буданд. Ин хусусияти устод Пиров Аламшо ба ивази тасаввуротам оид ба шахсияти ҳикматшинос ва мувофиқати он ба давр боис гардид.

Дарсҳои устод Пиров Аламшо бароям хеле ҷолиб, худи устод бо тарзи либоспушӣ, усули дарсгузарӣ, шарҳи ғояҳои идеалистон ва материалистон, тарзи баён, гуфтори равон ва дар айни замон хуби адабияшон (бо иловаи имою ишора ва тағйири қиёфа вобаста ба муҳтавои мавзӯъ ва ҳатто ҳар як сархат) мароқамонро ба дарс ва ин илм зиёдтар мекард. Эҳсос мешуд, ки мавсуф илми ҳикматро хуб медонад, муҳтавои мавзӯъро ба шунаванда расонда метавонад ва худ медонад, ки донандаи хуби ин илм ва омӯзгори бомаҳорат аст, иловатан аз ҳайрату шавқи шунавандагон низ огоҳ аст. Аз нигоҳу чеҳраи қаноатмандаш аён буд, ки фараҳманд аз дарси гузаштааш мебошад.

Ҳис карда мешуд, ки ӯ ботинан аз гуфтору рафтораш, доштани дониши баланди касбӣ, ҳашамати хоссаю ҷиддияти басо муносибу зебанда ба омӯзгор ва арзандагии ин сифатҳо барояш фараҳманд аст. Дар айни замон муносибати боэҳтирому фосиладорашон бо мо донишҷӯён эҳсоси бовариеро, ки инсон хешро дар муколамаю муносибат бо чунин шахси барояшон муътабар, яъне устод ҳамчун шахсияти эътирофшуда ҳис мекунад ба вуҷуд меоварданд.

Одатан, дар рафти баёни ғоя ва мактаби таълимии ин ё он шахсият ё мутафаккир баъзеҳо мақсаднок ё беихтиёр майли хешро аз ин ё он ҷониб зоҳир менамоянд. Устод дар баёни ақидаи ин ё он файласуф, изҳори фарзия оид ба оламу одам мавқеъгирии муайян намекарданд ё бартарияти мутлақ ба ҷонибе намедоданд. Дар баёни дилхоҳ ақидаю фарзияҳо ва муҳтавои мактабҳои фалсафӣ пурҳаяҷон, бо имою ишора ва тағйири қиёфа гоҳе ҷиддӣ, гоҳе муътадил, гоҳе бо садои маҳин ва гоҳе каме баландтар маърӯза мекарданд. Ин хусусият, албатта, завқи моро дучанд намуда, ҳар якеамонро ба кӯшиши фарохтар омухтани асосҳои ин илм ва мустақилона хулосабарорӣ намудан водор мекард.

Рафти дарсашон низ хусусиятҳои хосеро дошт. Одатан, устод дар арафа ё оғози дақиқаи аввали дарсӣ ба аудитория ворид мешуданд. Ҷомадон дар даст ворид шудан баробар ба тамоми донишҷӯён нигоҳи суоломез намуда, дар ҳолати омодагии донишҷӯён салом медоданд. Аз мавҷудияти тахтапокунаку бур бохабар шуда, ҳамзамон маводҳои таълимияшонро аз ҷомадон бароварда, ба болои мизи кории барои омӯзгор муайяншуда мегузоштанд. Пас аз қайди журнали гурӯҳӣ аз сардори гурӯҳ хоҳиши ҳозирғоиби донишҷӯёнро намуда, дар ин радиф мавзӯъро дар тахтаи синф навишта, дарсро оғоз мекарданд. Баъд аз қайди нақшаю адабиёти мавзуи дарсӣ аз ҷониби донишҷӯён одатан устод матни мавзуро дар болои мизи корӣ гузошта ба маърӯза намудан оғоз мекарданд. Муддати дарсҳо, ки 80 дақиқа буд, бароям гузашти вақт эҳсос нашуда, сипарӣ мешуд. Устод камаш чор панҷ маротиба дар рафти ҳар як дарс ба шарҳи ақидаю ғояҳои ҳакимону мактабҳои фалсафӣ ва муҳтавои саволҳои мавзӯъ мепардохтанд. Оё олам донисташаванда аст?, Ҳақиқат чист?, Нахуст шуур аст, ё материя?. Ин ва ба ин монанд саволҳою масъалаҳои асосии фалсафа мавриди баён, омӯзиш ва баҳс қарор мегирифт.

 Дар давоми дарс, асосан дар лаҳзаҳои қайди матни маърӯзаи устод аз ҷониби донишҷӯён, мавсуф байни қаторҳои мизи нишастагон оҳиста- оҳиста қадам монда мегаштанд. Дар вақти шарҳ додан бошад, гоҳ аз назди тахтаи синф, гоҳ аз назди тиреза ба берун нигоҳ карда ва ё ба кунҷи синф аз нуқтаи муқобили нишастагон рафта шарҳашонро бе таваққуф ва равон идома медоданд. Интиҳои ҳар дафъаи шарҳашон хусусияти хос дошт, мавсуф дар рафти шарҳ додан, ки қадам монда ин тараф он тарафи синфхона низ мегаштанд ба донишҷӯи наздиктарини мавқеяшон нимхам шуда бо ангушти ишоратияшон ба дафтари қайди ӯ нишон дода «қайд мекунем!» ё «менависем!» гуфта даъвати қайди навбатии ақида, ғоя ё таъриферо таклиф мекарданд. Баёни ҷумлаи интиҳоии менавиштагии донишҷӯён ё шарҳ додаистодаашонро одатан бо садо ва нигоҳи саволомез иброз дошта, ба ҳамагон ё ба наздиктарин донишҷӯи мавқеяшон менигаристанд, ки ин ҳолат ба ибрози савол ё ҷавоб аз ҷониби донишҷӯён анҷом меёфт. Дар арафаи анҷоми дарс мавсуф ба ҳамагон муроҷиат карда мепурсиданд, ки «оид ба мавзӯъ чӣ нофаҳмост?», «саволҳо ҳаст?» ё ба ин монанд ибораҳо мавзуро ба анҷом мерасониданд. Мавзӯи дарси семинарии оянда ва адабиёти мувофиқро эълон карда, хуб омода шуданро ба донишҷӯён таъкид мекарданд. Дар интиҳои дарс ва бисёр ҳолат, вақти танаффус шудан дар баробари ҷамъоварии маводи корияшон аз рӯи миз ва ҷо ба ҷо карданашон дар ҷомадон бо чеҳраи болида ва як қаноатмандии хос «хайр то дарси дигар!», «нағз монед!» ё «хайр набошад!» гуфта аз синфхона баромада мерафтанд.     

Баъзе вақт донишҷӯён пас аз рафтани устод аз усули дарсгузарияшон тақлид мекарданд. Тақлидашон холисона ва пайравона, гумонам бо эҳсоси оне, ки бинед ман ҳам чунин метавонам, амалӣ мешуд. Зеро ба андешаи камина ҳамагон (аҳли гурӯҳ) мефаҳмиданд, ки чун «Ӯ»-яъне донишҷӯи муайян, дигарон низ беихтиёр мехоҳанд монанд ба устод бошанд ва гумонам шубҳанок дар тасаввурашон оё метавонанд чунин ё не, онҳоро ғайриихтиёр ба саҳнаи аудитория ё паси мизи кории омӯзгор мебаровард ва камаш ба худ, пас аз он ба дигарон мехостанд исбот кунанд, ки «Шумо»-яъне муроҷиати бе эълон ба дигар донишҷӯён аз шахсият, дониш ва усули «Ӯ», яъне устод завқ мебаред, мана бинед ман низ чунин метавонам. Ёдам ҳаст, ки дар чунин ҳолатҳо аз миёни донишҷӯёне, ки дар вақти танаффус ба берун набаромадаанд ба тақлидгар муроҷиат карда мегуфтанд: «Эй нашид акнун, нашид, биё шин. Чӣ зур мезанӣ нашидӣ ё ҳеҷ набошад ҳоли ёшӣ ҳоли ёшӣ…».

Ёдам нест, ки устод ба дарс бо табъи хира ё хушнудии ғайримуқарарӣ омада бошанд. Муътадилияти табъи мавсуф дар фаъолнокии хос ва ба рафти дарс омодабудаи омӯзгорро мемонд. Агар ҳолати рӯҳияшро хушнуд нагӯем, метавон гуфт, ки шахси ба оғози кор мароқангез ва қаноатманд аз касбу мартабаашонанд.

Ба дарс даромаданашон эҳсоси шахсеро мемонд, ки гӯё, ким кадом як андешае аз фаъолияту мулоҳизарониҳояш ҳосил шудаасту мехоҳад ҳар чи зудтар онро дар дафтаре қайд намояд ё дар амал санҷад. Бо рӯҳи болида, бо дарки чизи наве, ки ба дигарон хоҳиши ифшо кардан ва иброз доштанро дорад, ба синфхона ворид шудаю дарсро оғоз мекарданд. Рафти дарс сирф дар доираи мавзӯъ ва фан ҷараён мегирифт. Танҳо боре дар рафти дарсҳои устод мушкилоте ба вуҷуд омада буд, ки он ҳам бошад аз ҷониби яке аз ҳамсабақонам бо либоси варзишӣ ба дарс омадан боис шуда буд. Аз ин амали донишҷӯ устод эрод гирифтанд, ки дар ин асно ҳамсабақам норозигии ноҷою номувофиқ аз эроди устод зоҳир намуд. Аз чунин муносибати донишҷӯ устод боз ҳам ҷиддӣ ва бо қатъият эрод гирифта, талаб карданд, ки минбаъд ба либоси варзишӣ ба дарс наоянд, зеро, ки дар рафти дарс ба бар кардани либоси варзишӣ хоси фанни тарбияи ҷисмонӣ аст.

Имрӯз метавон гуфт, ки яке аз шахсоне, ки дар ташаккули меҳри ман нисбат ба касби омӯзгорӣ ва умуман мароқи бештарам ба мутолиа саҳм гирифтаанд, устод Пиров Аламшо мебошанд.

Фосилаи шиносоии наздикам бо устод Пиров Аламшо аз соли 2002 то соли 2010 идома ёфт. Ҳарчанде, ки камина бо устод аз соли 2005 ба ҳайси ҳамкор фаъолият мекардам, лекин бо сабаби дар кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа аъзо будани мавсуфу дар кафедраи таърихи умумии факултети таърих ва ҳуқуқ фаъолият кардани банда муносибатамон асосан дар доираи салому алейк ва ҳолпурсии расмӣ анҷом меёфт. Пас аз он, ки мавсуф ба ҳайси декани факултети таърих ва ҳуқуқ соли 2010 тайин шуданд, муколамаам бо ӯ хислати доимӣ ва корманду корфарморо гирифт. Дар фаъолияти корияшон низ бароям як шахси мавқеъдор, дорои нигоҳу назари хос ба ҳодисаю воқеаҳо, боэҳтирому беғараз ва сирф дар доираи корӣ муносибат карда тавонистанро мемонд.

 Дар муколама ва баҳсу мунозираи корӣ, мавқеъгирӣ, суҳбату мубоҳисаҳои илмӣ ва ё берун аз кор бо ӯ хешро нофор ё оҷиз ва нодон ҳис накардаам. На барои он, ки банда низ чизе аз мавзӯи мубоҳиса ё суҳбат медонистам ва ё медонам, балки мавсуф бо эҳтиром мавқеъгирӣ мекунанд. Мавқеъашонро, ақидаашонро ба таври воқеъбинона истодагарӣ мекунанд. Дар рафти маҷлисҳои деканат, ки мавсуф ба ҳайси декан садри ҷаласаро бар уҳда доштанд, муҳокимаю баррасии масъалаҳо баъзан ба мавқеъгирияш мухолиф бо бархе аз аъзои деканат мегардид, аз он ҷумла бо камина, лек мавқеъгирии мухолиф боиси фосилагирӣ ё хусумати шахсияшон пас аз ҷаласа намешуд. Ин хусусият дар ҳолатҳои дигари муносибат бо ӯ низ зоҳир мегашт. Риояи тартиби баргузории ҷаласаро аз маърӯзачиён ва баромадкунандагон талаб мекарданд ва худ низ аз ин мавқеъ кор мегирифтанд. Боиси ёдоварист, ки солҳои декании устод Пиров А. дар факултети таърих ва ҳуқуқ, омодакунии мутахассисон дар доираи якчанд ихтисосҳои нав, аз ҷумла ихтисоси сиёсат ва идораи давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шуд, ки дар оянда яке аз омилҳои таъсиси факултети сиёсат ва идораи давлатӣ дар донишгоҳ гардид.

Одатан, мавзӯи суҳбаташон оид ба усулҳои дарсгузарӣ, расонидани муҳтавои мавзӯю фан ба донишҷӯён, равандҳои гуногуни сиёсӣ-иҷтимоӣ ва умуман ҷаҳонишавӣ ва таъсири онҳо ба ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Шикояташон асосан аз чӣ гунае, ки худ мегӯянд баъзан зарурияти «фалсафаи бачагӣ» гуфтанашон аст. Яъне маҳдуд будани имкониятҳои зеҳнии бархе аз донишҷӯён дар аз худ кардани фалсафаи ҳақиқӣ ва баланд аст. Сирф бо забони фасеҳу равони адабӣ баромад ва сухан мекунанд.

Одатан, одам дар мавриди мувофиқи суханронияш аз китобҳои муқаддас, зарбулмасалҳои халқӣ, ақидаи бузургон, донишу таҷрибаи хеш ва ё дигарон гуфтору мақолеро ба сифати далел, роҳнамо ё таманниёт иқтибос меорад. Барои ман чунин иқтибоси хислати таманниётӣ дошта аз гуфторҳои устод Пиров, аз ҷумла дуои некашон ба навхонадорон мебошад, ки чунин аст: «Дар як болин пир шаванд». Мавсуф мудом ҷойе бошанд суҳбат аз тарбияю таълим ва илм аст. Суҳбатҳояшон саршори меҳру муҳаббат ва эҳтиром ба забони модарӣ, ба Ватан ва миллату давлат аст.

Устод дар ҳодисаю воқеаҳои гуногуни ҳаёту фаъолият ва доираҳои илмӣ баамаломада бетараф нестанд, мудом ақида ва мавқеи хешро оид ба ҳодисаю воқеаҳои таърихӣ ва замон баён менамоянд. Пайваста аз асарҳои нав ва мақолаҳои мубрами рӯз хондаашон ёдрас шуда, мутолиаи онҳоро ба ҳамсуҳбатон тавсия мекунанд. Аз он ҷумла моҳи марти соли гузашта (2019) дар суҳбате пурсиданд, ки оид ба таҳрифи таърих мақолае дар рӯзномаи «Минбари халқ» чоп шударо хондаед?. Агар нахонда бошед дастрас карда хонед! Пас аз ин суҳбат камина ном ва шумораи рӯзномаро бароям дақиқ пурсида дар ҷустуҷӯяш шудам. Он мақола ба қалами Азамат Дӯстов тааллуқ дошта, дар рӯзномаи «Минбари халқ», 27 феврали соли 2019, №9 (1198) дар саҳифаҳои 8-9 бо унвони «Устурасозӣ ба нафъи кист? Ва ё чаро таърихро таҳриф мекунанд?» чоп гардидааст. Воқеан ҳам, бархе аз «муаррихон» бо талаботи доираҳои манфиатдори муайян ва худкомии хоси хеш ҳодисаю воқеаҳои муҳим ва шахсиятҳои таърихиро танҳо ва танҳо ба миллат ва мардуми муайян мансуб медонанд. Аз муҳтавои мақолаи зикршуда бармеояд, ки таҳрифи таърих аз ҷониби бархе аз «муаррихон»-и қазоқистонӣ то ҳадде расидааст, ки ҳатто мансубияти миллии Одам низ қазоқ эълон шудааст. Инчунин рӯзе (тахмин рӯзе аз даҳрӯзаи сеюми моҳи октябри соли 2019) устод дар саҳни бинои маъмурияти донишгоҳ (ДДБ ба номи носири Хусрав) пас аз вохӯрӣ шумораи муайяни рӯзномаи «Тоҷикистон»-ро аз банда пурсон шуданд, ки камина аз надоштани он шумора огоҳашон намудам. Мавсуф пешниҳод карданд, ки дар китобхонаи донишгоҳ бояд ёфт шавад. Ҳамин тавр ҳамроҳ ба китобхона рафтем ва бо кӯмаки китобдорон шумораи даркориро дастрас кардем. Он нашри 5 октябри соли 2019-и рӯзномаи «Тоҷикистон» буд, ки дар он мақолаи доктори илмҳои фалсафа, профессор Абдусамад Самиев бо номи «Файласуф» ҳаст фалсафа нест!» чоп шуда будааст. Устод Пиров қайд карданд, ки ин мақола маводи дигари ҷавобиро дар матбуот ба амал овардааст ва месазад, ки ба муҳтавояш шинос шуда муҳокимаи матбуотии онро пайгирӣ кард. Пас аз вохӯрӣ бо устод банда мақолаи мазкурро аз сомонаи интернетии рӯзномаи «Тоҷикистон» (https://tajikistantimes.com/ijtimo/fajlasuf-ast-falsafa-nest/ санаи муроҷиат: 9.11.2019 с) дастрас карда, мутолиа намудам. Мақолаи мазкур гумонам дар воқеъ, мақолаи таҳлилӣ-танқидии ғайримуқаррарии даҳсолаи охир дар доираи файласуфони Тоҷикистон ва дар айни замон мубрам будааст. Дар он оид ба мушкилоти илми ҳикмати муосири тоҷик ва андешаҳои хосу мубрами мутахассис қайд шудаанд. Муаллифи зикршуда дар мақола басо дақиқназарона ва кашшофона мушкилоти илми фалсафаи муосири тоҷикро қайд кардаанд.

Боиси қайд аст, ки рӯзи 23 марти соли 2019, ки сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар назар дошта шуда буд, чун тамоми сокинони вилояти Хатлон, ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони ДДБ ба номи Носири Хусрав низ барои пешвозгирии Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон ба ин даргоҳи илму маърифат бо як дилгармӣ ва хушнудӣ омодаи ташрифашон буданд. Камина бо ҳамроҳии як қатор донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ дар нишастгоҳи маҷмааи варзишии ДДБ ба номи Носири Хусрав, воқеъ дар маҳаллаи Дӯстии халқҳои шаҳри Бохтар, ки ифтитоҳи ин маҷмааи варзишӣ аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назар дошта шуда буд, мунтазир будем. Барои камина ғайриинтизор дар қатори нишастаам бо ҳамсабақи донишгоҳиям Саидова Рухшона, ки зиёда аз даҳ сол боз якдигарро надида будем вохӯрдам. Мавсуф омӯзгори фанни таърихи МТМУ №6-и шаҳри Бохтар мебошанд. Муаллима Саидова Рухшона низ дар қатори дигар маорифчиёни шаҳри Бохтар дар вохӯрӣ бо Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват шуда буданд. Суҳбат бо ҳамсабақам аз солҳои донишҷӯӣ ва ҳолу аҳволи якдигар сурат мегирифт, ки устод Пиров Аламшо аз бари мо гузашта истода пас аз аҳволпурсӣ, бо ҷашни Наврӯзу омадани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳ муборакбодӣ намуданд. Пас аз гузаштани устод ба қатори болотар аз мавқеи мо, ҳамсабақам, муаллима Саидова Рухшона аз ман пурсиданд: «Устод Пиров Аламшо буданд ҳа?» Камина гумони ӯро дуруст гуфта тасдиқ кардам. Муаллима бо як эҳсоси хоси шогирдона гуфтанд, ки устод Пиров ҳоло ҳам дигар нашудаанд, онҳо ҳоло ҳам инсони дидадаро, устоду зиёии хушсалиқа ва намунаи ибрати дигаронанд.

Дар рафти омода намудани ин ёддошт бо ҳамсабақи донишгоҳиям Ҷоншоев Бунёд Мирзоевич, ки ба ҳайси омӯзгори гимназияи давлатии №1-и н. Дӯстӣ фаъолияти менамояд (нимаи аввали даҳрӯзаи сеюми моҳи январи соли 2020) суҳбати телефонӣ (мобилӣ) намудам. Ба мавсуф гуфтам, ки камина нияти навиштани мароқу завқам оид ба илми фалсафаю шахсияти устод Пиров Аламшо ва усули дарсгузарияшон дорам. Воқеияти баъзе хусусияти хоси рафти дарси устодро (дар боло зикршуда) аз ӯ пурсон шуда, фикрашро оид ба шахсияти устод ва дарсҳояшон пурсидам. Мавсуф қайд намуданд, ки воқеан ҳолатҳое, ки ёдрас шудӣ ва ба ин монанд дар рафти дарс ҷой дошт. Ӯ таъкид доштанд, ки дар ҳақиқат устод Пиров Аламшо дар вақти дарсгузарӣ пурра ба муҳтавои мавзӯи дарсӣ ва умуман фан дода мешуданд. Эҳсос мешуд, ки мавсуф фану касби хешро хуб медонад ва дар расонидани асосҳои фани фалсафа нерую дониши хешро ба таври ниҳоӣ истифода мекарданд.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар ташаккул ва дастовардҳои илмию касбии устод саҳми волидону наздикон ва ҳамсарашон-Ҷабборова Мавлуда, ки солҳои зиёд дар мактаби миёна ба ҳайси муаллимаи фанни забон ва адабиёти тоҷик кор кардаанд арзандаи ёдоварӣ ва таҳсинанд. Зеро бузурге беҳуда нафармудаанд, ки «Дар паси муваффақияти ҳар марди бузурге симои зани хоксоре ниҳон аст». 

Дар маҷмӯъ, устод Пиров Аламшо яке аз идеалҳоям чун инсон, омӯзгор ва ҳикматдонанд. Мавсуф дар ҷодаи инсонгарӣ, касбият ва салиқаи хуб арзандаи таҳсин ва пайравиянд. Мавсуфро метавон гуфт, ки устоду роҳнамои ҳикматшиносони вақти донишгоҳ ва минтақаи Бохтаранд. Дар ин ҷода воқеан ҳам, дастовардҳои илмию касбии хуб доранд. Ҳоло ҳам касбият ва фаъолнокию муҳокимаҳояшон мароқангезанд ва мудом суҳбаташон пурғановату омӯзанда ва пураҳамиятанд.

Дастовардҳои устод Пиров Аламшоро дар ҷодаи таълиму тарбияи мутахассисон ва умуман илму маориф ба инобат гирифта сохторҳои дахлдори илму маориф ва ҳукумати кишвар бо ифтихорномаю медалҳо қадршиносӣ намудаанд. Аз ҷумла, мавсуф бо нишони сарисинагии “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва медали “Хизмати шоиста” мукофотонида шудааст.

  Апрел 2019 – апрел 2020 

                                                                                            

       Тағойзода Саидмурод Қудратулло – саромӯзгори

       кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ