Таъсиси стипендияи иттифоқи касабаи донишгоҳ

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди кишвар санаи 18-уми марти соли 2020 пешниҳодшуда, Раёсати Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ ба масъалаи дастгирии донишҷӯёни лаёқатманд стипендияи номии иттифоқи касабаи донишгоҳ таъсис дода шуд. Мавриди ёдоварӣ аст, ки стипендияи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2008 таъсис ёфтааст. Дар ибтидо бинобар маҳдуд будани теъдоди стипендияи мазкур, он асосан дар асоси муваффақиятҳои донишҷӯ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ё шароити мушкили иҷтимоӣ таъин мешуд. Дар соли равон 8 ҷой барои гирифтани стипендияи иттифоқҳои касаба барои ду нимсолаи таҳсил муайян шудааст.

Дар ин замина рӯзҳои 17 ва 18-уми апрели соли 2020 озмуни донишгоҳӣ барои дарёфти стипендияҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ баргузор шуд. Рафти озмунро ҳайати ҳакамон дар асоси талаботи Низомномаи стипендия ба роҳ монданд.

Ҳайати ҳакамон бо назардошти маълумоти академии донишҷӯ (транскрипт), дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ, навиштани эссе дар мавзӯи “Ман ва касби ман” ва ҷавоб ба саволномаҳои тестӣ фаъолияти довталабонро натиҷагирӣ намуданд. Дар асоси хулосаи ҳайати ҳакамон Сатторов Мустафо донишҷӯи курси сеюми факултети филологияи тоҷик ва Пиров Шуҳрат донишҷӯи курси сеюми факултети физика ба гирифтани стипендияи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафоева Бибисоро донишҷӯи курси сеюми факултети педагогика ва варзиш ва Раҳимов Ибодулло донишҷӯи курси сеюми факултети таърих ва ҳуқуқ ба гирифтани стипендияи Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ барои нимсолаи дуюми соли таҳсили ҷорӣ пешниҳод шуданд.

Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмун аз ҷониби раиси кумита Шарифов Маҳмадкарим сертификати стипендияҳои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ супорида шуданд.

 

  

Cангимурод Шарифов сардори бахши

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав