ШИРИНШО ШОТЕМУР – ХОДИМИ НАМОЁНИ СИЁСӢ ВА ДАВЛАТӢ

 

Дар ҳамаи давру замон шахсиятҳое ба дунё меоянд, ки ҳамчун номбардори диёр, шиносномаи Ватану миллати хеш ва ба ифодаи Пешвои миллат «тулӯи офтоби зиёбахш»-и меҳани хеш буда, дар арсаи олам шӯҳратёр мегарданд.  Ҳар боре ба таърихи  халқамон назар мекунем, симои даҳҳо нафар фарзандони барӯманди миллатамон пеши назар меоянд, ки онҳо воқеан ифтихори ҳар фарди диёри азизамон ба шумор мераванд.

Тоҷикон баъди инқирози сиёсӣ ва фурӯпошии давлати Сомониён дар тӯли қариб 1000-соли минбаъда аз ҳуқуқи муҳимтарини башарии худ – доштани давлати миллӣ бенасиб буданд. Бо ғалабаи Инқилоби Октябр (соли 1917) ва барқароршавии Давлати Шӯравӣ, аввал ҶМШС Тоҷикистон (соли 1924), сипас ҶШС Тоҷикистон (соли 1929) таъсис гардид, ки ин заминаи таърихии соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба шумор мерафт ва агар ҳамин лаҳзаи таърихӣ мувофиқи мақсад истифода намешуд, шояд имкони эҳёи минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ҳеҷ гоҳ фароҳам намегашт.

Дар солҳои мубориза барои инқилоби сотсиалистӣ дар Тоҷикистон ва инқилоби халқӣ дар Бухоро, ҷанги шаҳрвандӣ, мубориза барои роҳи ҳақиқат аз байни меҳнаткашон ҳазорҳо фарзандони бошарафи фидокор баромаданд, ки ба кори сохтмони ҷомеаи нав камари ҳиммат бастанд.

Шириншо Шотемур аз қабили шахсиятҳои таърихие мебошад, ки дар барқарор ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Шӯравӣ, дар мубориза барои пирӯзии адолати иҷтимоӣ, ташкил намудани мақомоти сиёсии шӯравӣ, тараққӣ додани иқтисодиёт ва рушди маданияти кишвари азизамон хизмати арзанда кардааст.

          Шириншо Шотемур соли 1889 дар қишлоқи Поршиневи Помир дар оилаи деҳқони камбағал таваллуд ёфтааст. Сарзамини кӯҳсори Помир то Инқилоби Октябр тобеи ҳокимияти мутлақи подшоҳии рус буд. Аҳолии Помир аз тамоми олам ҷудо буда, аз ҷониби ҳокимияти подшоҳии рус ва бойҳои маҳаллӣ бераҳмона истисмор мешуданд. Ҳукумати подшоҳӣ ба аҳолии Помир ғамхорӣ намекард. Ягона даромади камбағалони Помир расонидани хизматҳои гуногун ба қисмҳои сарҳадчиёну маъмурияти подшоҳӣ буд [1].

          Шотемури дар айёми кӯдакӣ аз падру модар маҳрум шуда, дар синни 13-солагӣ дар хоҷагии сардори қисмҳои сарҳадчиён батракбача шуда кор кард ва талхии ҳаёти ятимиро чашида буд. Соли 1914 ҳангоме, ки хизматчиёни қисми низомии Помир иваз шуд, Штабс-капитан ӯро ба шаҳри Тошканд бурд. Дар ин айём Тошканд шаҳри аз ҷиҳати саноатӣ тараққикарда буда, маркази генерал-губернатории Туркистон ба ҳисоб мерафт. Дар роҳи оҳан ва фабрикаю заводҳои ин шаҳр бисёр коргарон кор мекарданд, ки аксарияташон рӯҳияи инқилобӣ доштанд.

Шириншо дар корхонаи пивопазии Иванов ба ҳайси коргари оддӣ, сипас трамвайрон ва пасон ба ҳайси бағоҷсупори роҳи оҳан шуда кор кард. Маҳз, дар ҳамин давра аввалин бор аз коргарон дар бораи ҳизби болшевикӣ ва пешвои меҳнаткашони ҷаҳон В.И. Ленин маълумот пайдо менамояд. Ӯ шоҳиди шикасти сохти кӯҳнаи инқилобӣ ва барқарор карда шудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон шуд. Ғалабаи Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр дар шуури ҷавонписари тоҷик роҳи ҳаёти навро кушод. Шотемурро ба мактаби меҳнатии омӯзгорӣ ва баъдан ба курси махсуси омузгорӣ фиристоданд. Аммо хатми пурраи таҳсил бинобар сабаби воқеаҳои дар мамлакат ва дар Тоҷикистон рухдода, ба ӯ муяссар нашуд.

Соли 1920 Шотемур дар Тошканд ба номзадӣ ва моҳи августи соли 1921 ба аъзогии Ҳизби Коммунистӣ қабул шуд. Дар ин давра мамлакат акнун аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ баромада буд ва рӯзҳои душвореро аз сар мегузаронд. Аз сабаби беҳосилӣ дар як қатор маҳалҳои Россияи Шӯравӣ гуруснагию қаҳтсолӣ ба амал омад. Коммунистони Туркистон барои  расонидани ёрии молиявӣ ба ноҳияҳои марказии мамлакат ҳамаи қувваҳоро сафарбар менамуданд.

Шотемури ҷавон ба уезди Хуҷанд фиристода шуд ва ин аввалин супориши ҷиддии ҳизбии ӯ буд. Азбаски ғаллатайёркунӣ дар он давра дар Туркистон кори хеле душвору хатарнок буд, кумитаҳои ҳизбии Туркистон маҷбур буданд, ки ба ғаллатайёркунӣ роҳбарӣ карда, қисмҳои мусаллаҳи коргаронро ташкил намоянд, зеро тӯдаҳои босмачиён дар як қатор минтакаҳои мамлакат, аз ҷумла уезди Хуҷанд ҳаракатҳои зиддишуравӣ  мекарданд. Шотемур ҳамин хел муваккали кумитаи озуқаворӣ шуда, дар ноҳияи Дилварзин ба кори ғаллатайёркунӣ машғул шуд. Чун бойҳою кулакҳо ғаллаи зиёдатиашонро паноҳ карда, ба Ҳокимияти Шӯравӣ супурдан намехостанд,  отряди ғаллатайёркунии Шириншо ҳуҷуми босмачиёнро зада гардонда, ғалларо бомуваффқият ба даст дароварда, супориши ҳизбро сарбаландона иҷро намуд [1].

Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон фаъолияти пурсамару бовиҷдононаи Шириншоро дар кори ғаллатайёркунӣ ба инобат гирифта, ӯро дар ҳайати сегонаи ҳарбӣ – сиёсӣ (Дяков Т.М., Шотемур Ш., Ҳусейнбоев) ба Помир фиристод. Соли 1922 бошад баробари ба кори дигар гузаштани Дяков Т.М. Шириншо Шотемур раиси сегона таъин шуда, то соли 1923 Раиси Комитети Инқилобии (Ревком) Помир буд.

Таҳти роҳбарии Шириншо Шотемур ва Т.М. Дяков бо ёрии ҳаматарафаи ташкилоти ҳизбӣ дар Помир ислоҳоти замин гузаронида шуд, ки шакли асосии он баробартақсимкунии заминҳо дар байни аҳолии қашшоқ ба ҳисоб мерафт. Шотемур дар масъалаи пойдор шудани ташкилоти ҳизбӣ ва комсомолӣ дар Помир диққати махсус дода, барои мустаҳкам намудани мақомотҳои маҳаллии Ҳокимияти Шӯравӣ кӯшишҳои хеле зиёде намуд. Аз ҳамин сабаб КИМ-и Туркистон кори босамари Шотемурро дар Помир қайд намуда, соли 1923 ӯро ба Тошканд даъват кард ва то охири соли 1924 Шириншоҳ Шоҳтемур дар Кумитаи Марказии Туркистон ба ҳайси маслиҳатчии шуъбаи миллатҳои майда кор карда, ба шуъбаи коммунистии тоҷикии Туркистон низ роҳбарӣ кард.

Шириншо Шотемур ҳамчун арбоби сиёсӣ хуб дарк менамуд, ки бе “пуштибониву дастгирии аҳли зиё ва неруҳои маънавию зеҳнӣ, ҳамчунин бе интишори рӯзномаву маҷаллаҳо ба забони тоҷикӣ маънӣ ва моҳияти сохти нави иҷтимоиро ба мардуми тоҷик пурра фаҳмонидан аз имкон берун аст” [2]. Ин буд, ки ӯ дар ташкил кардани якумин рӯзномаи тоҷикӣ дар Туркистон “Овози тоҷик”, ки аз моҳи сентябри соли 1924 дар шаҳри Самарқанд мебаромад, инчунин дар нашр кардани аввалин китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ ва таълими бачагони тоҷик  бо забони модарияшон дар мактабҳои шӯравӣ хизмати арзанда намуд.

Шириншо Шотемур барои ташкил кардани Ҷумҳурии Мухтори  Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо вуҷуди муқобилияти сахти миллатчиёни ӯзбек (Хоҷаев Ф., Рисқулов) ҷонбозиҳо намуд, зеро ин қувваҳо танҳо хоҳиши барпо кардани вилояти Худмухтори Тоҷикистонро дар ҳайати Ӯзбекистон доштанд.

Ҳангоми дар Тошканд ташкил кардани аввалин Ҳукумати инқилобии тоҷикон Шириншо Шотемур комиссари халқии Инспексияи коргару деҳқон ва вакили комиссияи назоратии марказии ҲК (б) Ӯзбекистон дар Тоҷикистон таъин шуд.

Комитети инкилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон моҳи декабри соли 1924 шаҳри Душанберо пойтахти ҷумҳурӣ қарор доданд ва аъзоёни Президиуми Комитети Инкилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Шириншоро ба Душанбе фиристод.

Солҳои 1924-1926 Шотемур барои мустаҳкам намудани сохторҳои маҳаллии шӯравӣ ва ҳизбии Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон фаъолияти сермаҳсули сиёсӣ ва ташкилӣ гузаронда, дар барҳам задани ҳаракати зиддиинқилобии босмачиён дар Тоҷикистон иштироки фаъолона дошт.

Шотешур Шотемур бо ҳамроҳии комиссари халқии корҳои дохилии ҷумҳури Ёрмуҳаммадов соли 1925 ба комиссияи ҳукуматии оид ба барҳам задани ҳаракати босмачигарӣ дар вилояти Кӯлоб сардорӣ намуда, шахсан дар таъқиб ва торумор намудани тӯдаҳои босмачиён иштирок кардааст [2].

Баъди барҳам задани ҳаракатҳои босмачигӣ ва ба ҳаёти осоишта гузаштани  ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама масъалаҳои тараққиёти иқтисодӣ,  таъминоти моддӣ ва техникӣ ба миён омад ва Шотемур ба сифати вакили доимии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон равона карда шуд. Аммо майлу хоҳиши Шириншо бештар ба донишандӯзӣ буд. Ин буд, ки ӯ мансаби олиро монда, барои давоми таҳсил ба Университети Коммунистии меҳнаткашони Шарқ (КУТВ)-и ш. Москва дохил шуд. Хатм намудани донишкада ин дафъа ҳам ба ӯ муяссар нашуд, зеро конференсияи дуюми вилоятии ҳизбии тоҷикон Шотемурро ғоибона аъзои комитети партиявии вилоятӣ, пасон, моҳи феврали соли 1929 Пленуми якуми комитети вилоятии партия котиби масъули комитети вилоятии ҳизб интихоб карданд. Пленум ба КМ ВКП(б), КМ ҲК(Б) Ӯзбекистон ва ба КУТВ муроҷиат намуд, то барои ҳарчӣ зудтар ба Душанбе омадани Шотемур кӯмак кунанд.

Шириншо Шотемур ба Тоҷикистон баргашта, бо ғайрати боз ҳам бештар ба кори ҳизбӣ машғул гардид ва дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва маданӣ саҳми бориз гузошт.

Дар шароити аз нав муттаҳид кардани халқи тоҷик ва ташкил кардани Ҷумҳуриии Шӯравии Сотсиалистии мустақили Тоҷикистон ҳалли масъалаҳои тараққӣ додани саноат, хоҷагии қишлоқ, гузаронидани ислоҳоти замин, баланд бардоштани фаъолияти сиёсии оммаи деҳқонону камбағалони миёнаҳол, таълим додани меҳнаткашон ва баланд бардоштани маданияти халқи тоҷик ниҳоят зарур буд, зеро бо вуҷуди он, ки Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон ҷумҳурии худмухтор бошад ҳам, сохторҳои ҷумҳурии Ӯзбекистон манфиатҳои иқтисодӣ ва сиёсии онро ба назар намегирифтанд ва ба қадри кофӣ ба он роҳбарӣ намекарданд.

Дар чунин шароит Шириншо Шотемур масъалаи аз ҶШС Ӯзбекистон ҷудо кардан ва ба ҷумҳурии мустақили Иттифоқӣ табдил дода, ба он ҳамроҳ кардани музофоти Хуҷандро далерона пешниҳод намуд. Ӯ ба Бюрои Сиёсии КМ ВКП (б) навишта буд, ки: “Мо акнун масъалаи ба Тоҷикистон ҳамроҳ кардани музофоти тоҷикии Хуҷандро, ки ҳоло дар ҳайати Ӯзбекистон аст, таъҷилан ба миён мегузорем, зеро ин ба манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва ҳам музофоти Хуҷанд ба пуррагӣ мувофиқ мебошад” [3, 27].   Баъд баромадани қарори Бюрои Сиёсии КМ ВКП (б) ва Президиуми КИМ-и Иттифоқи Шуравӣ дар бораи аз Ӯзбекистон ҷудо кардани Тоҷикистон ва ба Ҷумҳурии иттифоқии мустақил дар ҳайати ИҶШС табдил ёфтани он, Шириншо Шотемур таъҷилан ба котибони якуми комитетҳои партиявии ҳамаи музофотҳо мактуби махсус навишта, диққати ҳамаи онҳоро ба масъалаи гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҷалб менамояд.

Соли 1929 Съезди фавқуллодаи Шӯроҳои Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон иродаи таърихии халқи тоҷикро ифода намуда, барои ташкил кардани Ҷумҳурии мустақили Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо ҳамроҳ намудани музофоти Хуҷанд дар ҳайати ҶШС Тоҷикистон қарор қабул намуд.

Бюрои Сиёсии КМ ВКП (б) 25-уми ноябри соли 1929 қарор дод, ки ташкилоти партиявии Ӯзбекистон дар вилояти Тоҷикистон ба партияи коммунистии миллии мустақил табдил дода шавад ва ин ташкилот бевосита, ба мисли дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ба КМ ВКП (б) итоат кунад ва комитети вилоятии Партияи коммунистии Тоҷикистон ба КМ Партияи коммунистии Тоҷикистон табдил дода шавад.

Шириншо Шотемур то соли 1932 котиби КМ ҲК (б) Тоҷикистон буд ва баъдан бо илтимоси худаш ба Москва барои хондан ба Институти Профессураи Сурх фиристода шуд.

Хислатномае, ки котиби якуми КМ ҲК (б) Тоҷикистон М.Д. Ҳусейнбоев ба Шириншо Шотемур дода буд, бо чунин мазмун буд: “Рафиқ Шотемур аввал котиби комитети вилоятӣ ва баъд котиби КМ ҲК (б) шуда кор кард. Рафиқ Шотемур, ки махсусияти миллии тоҷиконро хуб медонист, дар кори амалии худ сиёсати миллии лениниро дуруст ба роҳ монда, ҳам ба муқобили шовинизми олимақом ва ҳам ба муқобили миллатчигии маҳаллӣ муборизаи беамон бурд. 

Рафиқ Шотемур дар кори босуботи худ роҳи стратегии ҳизби моро дуруст ба роҳ монда, чӣ дар ташкилоти ҳизбӣ ва чӣ дар байни оммаи васеи коргарону деҳқонони камбағалу миёнаҳоли Тоҷикистон обрӯи калон пайдо кард.

КМ ҲК (б) Тоҷикистон танҳо аз рӯи хоҳишу илтимоси худи рафиқ Шотемур ва инчунин аз рӯи талаби КМ ВКП (б) мувофиқи қарори Бюрои Осиёи миёнагии ВКП (б) розӣ шуда, ӯро барои хондан ба Москва мефиристонад” [4].

Моҳи декабри соли 1933 баъди фош карда шудани миллатчиёни майлончӣ, ки ба органҳои шӯравии ҷумҳуриявӣ сардор шуда буданд, Шотемур ба Тоҷикистон даъват карда шуда, ба вазифаи Раиси  Президиуми КИМ ҶШС Тоҷикистон таъин шуд ва то соли 1937 дар ин мансаб буд.

Фаъолияти Шириншо Шотемур ҳамчун оқсақоли ҷумҳурӣ гуногунҷабҳа ва пурсамар буд. Ӯ дар ҳаёти ташкилоти партиявии ҷумҳурӣ дар мубориза барои баланд бардоштани хоҷагии қишлоқ ва маданияти оммаи меҳнаткашон фаъолона иштирок мекард. Ӯ дар ҷумҳурӣ барои бомуваффақият иҷро кардани барномаи пахтасупорӣ, ки иҷрои вазифаи байналмилалии халқи тоҷик буд, кӯмаки амалӣ расонида, дар таъмини истиқлолияти пахтаи Иттифоқи Шӯравӣ дар сафҳои пеш буд.

Шириншо Шотемур барои маҳви бесаводии миллати тоҷик ва тайёр кардани кадрҳои миллӣ ғамхорӣ мекард. Шириншо Шотемур на танҳо ҳамчун Раиси Президиуми КИМ ҶШС Тоҷикистон, балки ҳамчун сардори маркази маҳви бесаводӣ, раиси комиссияи озмуни ҷумҳуривии мактаби беҳтарин ва муаллими беҳтарин, ки дар солҳои 1934-1935 гузаронида шуда буд, ба вусъат додани инқилоби маданӣ дар Тоҷикистон кӯмак мерасонд.

Дар баробари вазифаи давлатиаш Шотемур ба як қатор комиссияҳо сардорӣ мекард. Чунончӣ, мувофиқи қарори Президиуми КИМ ҶШС Тоҷикистон аз 16-уми ноябри соли 1934 ба муносибати зарурати ба Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон дохил намудани тағйироту иловаҳо комиссияи махсус ташкил гардид, ки раисии онро низ Шотемур ба ӯҳда дошт.

Президиуми КИМ Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон пос доштани таърихи муборизаро дар барқарор ва пойдории Ҳокимияти Шӯравии Тоҷикистон кори бисёр муҳим меҳисобид. Ин буд, ки қарори 11-уми апрели соли 1935 таҳти раёсати Шотемур ва Федин таҳияшуда, барои муайян кардани тадбирҳои ҷовидонии воқеаҳои таърихӣ, ҷангҳо ва сафарҳои ҳарбии ҷанги шаҳрвандӣ  комиссияи махсус таъсис дода шуд. Шотемур фарзандони диловари Тоҷикистон-партизанҳои сурх ва гвардиячиёни собиқро низ фаромӯш намекард. Вай ба ҳайати комиссия оид ба корҳои партизанҳои сурх ва гвардиячиёни сурхи собиқ дохил шуда, фурсат меёфт бо онҳо суҳбат намуда, ёрии амалӣ расонад [5].

Соли 1937 таъсири шахспарастӣ аз нав  пурзӯр гардида,  шароити вусъати демократияи шӯравӣ низ бад шудан гирифт. Фаъолияти оммавии Советҳо суст ва доираи амалиёти онҳо танг мешуд. Соли 1937 Шотемур дар Пленуми мартии КМ ҲК (б) Тоҷикистон дар бораи ҳолатҳои вайрон карда шудани конститутсияи ИҶШС бо изтироб ҳарф зад, ки ин омил дар поймол гардидани ҳуқуқҳои одамони шӯравӣ ифода меёфт. Ӯ бо мисолҳои воқеъӣ исбот намуд, ки одамон ба аризаҳои худ бобати камбудиҳо аз комиҷроияҳои ноҳиявӣ ва дигар сохторҳои шӯравӣ ҷавоб намегиранд. Баъзе аризадиҳандагон илтимос мекарданд, ки мактубашонро пинҳон нигоҳ доранд, то ки роҳбарон аз онҳо қасос нагиранд. Шотемур ҳушдор дод, ки баъзе роҳбарон комиҷроияи ноҳияҳо, ки фарзандони амалдорони собиқи амир мебошанд бо шаҳрвандони шикоятдошта ҳатто гап ҳам намезананд, мактубҳоро намеомӯзанд. Ин гуфтаҳои Шотемур беихтиёр то чӣ андоза ҳақ будани ӯро исбот менамуд, зеро ӯ санҷидани аризаи ҳар як шаҳрвандро талаб менамуд [6].

Оқибати  ниятҳои наҷиб, мақсадҳои нек, садоқат ва устувории касбии Шотемур хеле бад ва фоҷиавӣ анҷом ёфт. Иқдомҳои ҷасуронаи Шотемур албатта беҷавоб намонд ва дере нагузашта худи ӯ, ки қалби ҷавонаш саршор аз меҳру муҳаббати самимӣ ба халқу Ватанаш буд, қурбони дасисабозиҳои сиёсии замон гардид. Вале ӯ дар тӯли умри кӯтоҳи ибтаромӯзаш тавонист, ки дар китоби зиндагиномаи миллат саҳифаҳои дурахшоне сабт намояд.

Баробари соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон Тоҷикистон ният ва орзуҳои неки Шириншо Шотемур амалӣ гардид. Зеро истиқлолияти миллию давлатии миллати тоҷик аз ормонҳои наҷибонаи ӯ ба шумор мерафт. Маҳз хизматҳои шоёни ӯро ба назар гирифта, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми августи соли 1999 ба Шириншо Шотемур барои фаъолияти фидокоронааш дар бунёд, таҳким ва рушди давлатдории тоҷикон бо “Ордени дӯстӣ” шарафёб гардонида шуд. 27-уми июли соли 2006 бошад ба фарзанди фидокор ва содиқи ватан Шириншо Шотемур дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд.

Барқарор гардидани адолати таърихӣ ва қадрдонии чунин родмардони бузурги ватан, ки ҳастии хешро барои сарсабзии миллати тоҷик ва пойдории давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бахшидаанд, заминаи бунёдии рушди минбаъдаи кишвари азизамон-Тоҷикистон хоҳад буд.

                           

                            Рӯйхати адабиёт ва сарчашмаҳо

  1. Эмомалӣ Раҳмон Чеҳраҳои мондагор. – Душанбе, 2016.  
  2. Мамадназарбеков Ш. Ёди айёми пуралам. Ёди рӯзгори ибратомӯзу қисмати аламовари Шириншо Шотемур // Бадахшони Советӣ. – 1989. – 20 апр. (№24,
  3. Худоназаров Д. Дусаду ҳафтод рӯз дар Кӯлоб // Садои мардум. – 2006. – 5 окт. (№19,С. 20-25).
  4. Аламшоев Қ. Шириншо Шотемур. – Душанбе: Ирфон, 2009.
  5. Ниёзмаҳмадов А. Шириншо Шотемур – марди мубориз // Бадахшон. – 1999. – 19 нояб. (№47,С.1-3).
  6. Шерғозиев М. Шириншо Шотемур-маорифпарвари бузург // Маорифи Тоҷикистон, 2009. – 17 февр. (№3,С.51).

 

 

 

Казаков Р., дотсент ва Қурбонова М.

омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав