14-01-2020, 21:32

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш қайд намудааст: «Рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати мо ба ҳисоб рафта, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста ба пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд. То имрӯз дар кишвар зиёда аз 200 ширкати сайёҳӣ фаъолият дош-та, 15 лоиҳаи инфрасохтори сайёҳӣ аз имтиёзҳои пешбинишуда бархӯрдор гардидааст.Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ беш аз як миллион нафар сайёҳон аз мавзеъҳои нодири кишвари мо дидан кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 20 фоиз зиёд мебошад. Зарур аст, ки дар соли 2020 ва солҳои минбаъда шароити инфрасохтори сайёҳӣ дар ҳамаи мавзеъҳои сайёҳӣ беҳтар карда, сатҳу сифати хизматрасонӣ боз ҳам баланд бардошта шавад». Вобаста ба ин дар мавзеи Сари Хосор баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ ва беҳтар намудани инфрасохтор аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Дар ин мавзеъ, ки дар ҳама фасли сол табиати зебо дорад, барои сайёҳон шароити зарурӣ муҳайё месозанд. Дар фасли зимистон ҷангалзор ва кӯҳҳои сар ба фалак ҷомаи сафеди махмалин мегиранд ва дар ин ҷо баъзан то якунимметр барф меборад. Дар оянда мақсад доранд, ки лижаронию дигар намуди варзиши зимис-тона ба роҳ монда шавад. Новобаста ба бориши барфи зиёд ва сардӣ оби шаршараи Сари Хосор ба таври ҳамешагӣ ҷорӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар назди шаршара як меҳмонхонаи чорситорадори ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза сохта, ба истифода супорида шуд. Дар меҳмонхона аллакай даҳҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ истироҳат намуда, бо табиати дилфиреби мавзеи Сари Хосор ошно шуданд. Дар меҳмонхона утоқҳои барҳаво ва шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Барои ошноӣ бо ин мавзеъ, ҳайвоноту наботот ва табиату сарватҳои табиии Тоҷикистон, осорхона ташкил карда шудааст, ки сайёҳони дохилию хориҷӣ имкон доранд аз он дидан кунанд. Дар паҳлӯи меҳмонхона майдончаи хурди футбол сохта шудааст, ки дар фасли зимистон низ дар он футболбозӣ мекунанд.

Ба гуфти масъулон имсол дар назди меҳмонхона хаймаҳо гузошта мешавад ва сайёҳон дар фасли баҳору тобистон метавонанд аз онҳо истифода баранд. Мавриди зикр аст, ки Балҷувон мавзеи туризми байналхалқӣ эълон шудааст ва дар ин мавзеъ барои рушди сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ, шикорӣ, табобатӣ ва ғайра имкониятҳо фарроханд. Ба истифода супоридани меҳмонхонаи чорситорадор ва дигар меҳмонхонаҳо, ташкили варзиши лижаронию қаиқронӣ, аспсаворӣ ва шикорӣ таваҷҷуҳи сайёҳонро ба ин минтақа зиёд хоҳад кард.

 

Ш. Сафарзода