Дар ҳама давру замон ҷиҳати ташаккулу шинохти ҳар як давлату миллат фарзандони фарзонаю сарсупурдае қарор доранд, ки ба шарофати заҳмату меҳнати ҳалоли хеш дар пешрафт ва ободонии ҷомеа хизматҳои арзандаву шоистаеро анҷом медиҳанд. Чунин инсонҳо доимо омодаанд, ки тамоми умри бобаракати худро баҳри пешравии соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа  равона созанд.  Зиндагии онҳо бо шебу фарозҳо пайи хизмати халқу миллат идома меёбад. Пас аз гузашти муддате чун роҳгузаре аз фарозу нишеб,  ранҷу заҳматҳо ёдовар гардида, дар ҳамвориҳои он нафас рост карда, ба роҳи тайнамудаи хеш менигаранду аз муваффқияту комёбӣ, мушкиливу норасоӣ ёд меоваранд. Дар ҳамин лаҳзаҳо инсон аз роҳи интихобкардааш ё қаноатманд мегардад ва ё таассуф мехӯрад. Инсон дар ҳоле қаноатманду аз худ розӣ мегардад, ки орзуҳояш амалӣ шуда бошад. Сатрҳои мазкур ба зиндагии пурмаҳсули қосид, китобдори китобхонаи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” Тошпӯлод Нақшбандов, ки дар ин даргоҳ фаъолияти пурсамар дорад, мутааллиқ мебошад.  

Ҳар замоне ба китобхонаи донишгоҳ ворид гардем, устодро зимни мутолиаи рӯзнома ва ё маҷалла дармеёбем. Ӯ ҳамеша ба коре андармон аст. Ҳар ҳафта пас аз нашри ҳар як нашрия кӯшиш мекунад то онро ба дигарон низ расонад, то аз хабари наву тоза ҳамкоронро низ воқиф созад. Мавсуф,  фидоии роҳи илм, симои асосии ақлу шарафи ҷомеа ва ба ин васила донишгоҳ ифода меёбад. Чун ӯ доимо саъй менамояд, ки бо қобилияти табиӣ хеш аз дигарон фарқ дошта бошад ва чун қосиди донишгоҳ рӯзномаву маҷаллаҳоро саривақт ба омӯзгорону донишҷӯён дастрас намояд. Ин инсони наҷибу ҳалим дар тамоми давраи пурсамари зиндагии хеш фаъолияти густурда дошта, имрӯз аз ин ифтихорманд аст. Тошпӯлод Нақшбандов дар муддати фаъолияти хеш бо  рафтору гуфтори самимиву бовиҷдонааш соҳибобрӯву шарафманд гардидааст ва ба ин васила миёни ҳамкорон омӯзгорону донишҷӯён мартабаҳои баландро сазовор гардидааст.                          

Тошпӯлод Нақшбандов соли 1968 техникуми тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе ва соли 1983 Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакиро хатм намуда, ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохтааст. Шурӯъ аз соли 1995 ӯ ба вазифаи лабаранти калони факултаи химия-биология, соли 1996 мудири лабараторияи кафедраи химия-биологияи умумӣ, соли 1999 ба вазифаи методисти ғоибонаи факултетҳои табиатшиносӣ, математика, омӯзгорӣ, таърих ва ҳуқуқ, химия-биология, филология, технология фаъолият намудааст. Мавсуф аз соли 2007 дар вазифаи нозири шуъбаи назорати сифати таълим, сипас мудири лабараторияи фанҳои умумитехникӣ, аз соли 2009 мутахассис оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии донишгоҳ кор намудааст. Ҳамчунин мавсуф дар раёсати таҳсилоти донишгоҳ ба ҳайси мутахассис низ фаъолияти меҳнатӣ кардааст. Аз соли 2015 то инҷониб дар мансаби қосид ва китобдори китобхонаи ДДБ ба номи Носири Хусрав фаъолият дорад.

Тошпӯлод Нақшбандов барои хизматҳои бенуқсонаш бо ифтихорномаю раҳматномаҳои донишгоҳ, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони сарисинагии “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар мукофотҳо сарфароз гардонида шудааст. Инчунин, ӯ бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони фахрии Донори ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супоридани 44 литр хун сарфароз гардонида шудааст.

Ӯ шахсест накӯкору хушрафтор бетарифию беамалиро ҳаргиз намеписандад. Хислатҳои накӯи устод хеле зиёд аст ва наметавон аз ҳамаи онҳо ҳарф зад. Ӯ имрӯз бо талошу заҳматҳои пайвастааш кӯшиш дорад то дар пешрафти илму тарбияи ҷомеа ба манфиати халқу Ватани азизамон аз пештара бештар саҳми арзишманд гузорад. Мо низ аҳли эҷод ба устод Тошпӯлод Нақшбандов дар амалигардии орзуҳои нек муваффақият хоста, барояш аз даргоҳи Худованди муттаол сиҳатмандию умри дароз ва саодати рӯзгоро талаб намуда, дар корҳои минбаъдаашон барору комёбиро таманно дорем.

      

      Шаҳноза Асоева, хабарнигори рӯзномаи донишгоҳии “Фурӯғ