ББК –

С – 395

Бо қарори Шӯрои илмию дастурдиҳии ДДБ ба номи Носири Хусрав аз 11.03.2019, №7 ба чоп тавсия шудааст

 

Матлаи нур. Маҷмӯаи мақолаҳои илмии устодон ва магистантҳои факултети филологияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав, Бохтар, 2019. 395 саҳ.

 

Муқарризон: доктори илмҳои филологӣ, профессор Икромов Искандар, доктори илмҳои филологӣ, профессор Тағоймуродов Рустам.

 

Муҳаррирон: дотсент С. Аҳмадов, дотсент Д. Махкамова, ниф Ҷ. Саидов.

 

Масъули чоп: Ҷ. Саидов.

 

Дар маҷмӯа мақола ва гӯзоришҳои ба тозагӣ эҷодкардаи устодон ва магистрантҳои факултети филологияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав фароҳам омаданд.

Маҷмӯаи мазкур аз се бахш иборат аст. Бахши аввали он таҳқиқи масъалаҳои адабиётшиносиро дар бар гирифта, дар он проблемаҳои муҳими адабиёти классикӣ, муосири тоҷик бо покизакорӣ ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст.  

         Бахши дуюми маҷмӯа ба масъалаҳои мубрами забоншиносӣ, усули таълими забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои олӣ ва миёна, аз қабили забони асари бадеӣ, калимасозӣ, лаҳҷашиносӣ, таҳлили образҳои қаҳрамонҳои асари бадеӣ, банду баст ва кушодани ҳодисаю воқеаҳо, роҳу усулҳои нави таълим ва амсоли инҳо иртибот мегирад ва боварӣ дорем, ки дар ҳалли як қатор масъалаҳои ҳанӯз ҳалнашудаи ин бахши таҳқиқ ба муҳаққиқон кӯмак мерасонад.

        Бахши сеюми маҷмӯа ба масъалаҳои рӯзмарраи журналистика, аз қабили «Робитаҳои илмию амалии журналист барои омода кардани мутахассисони ВАО», «ВАЭ-и вилояти Хатлон ва таъмини фазои иттилоотӣ», «Инъикоси масъалаҳои сулҳдӯстӣ дар ҳафтаномаи «Набзи Бохтар» дар замони соҳибистиқлол», Истифодаи жанри очерк дар рӯзномаи «Хатлон» ва монанди инҳо робита дошта, ба муаллимону донишҷӯёни ин ришта кӯмак мерасонад. 

     Маҷмӯа барои забоншиносон, адабиётшиносон, журналистон, унвонҷӯён, муаллимони мактабҳои олӣ ва миёна, магистантону докторантон пешбинӣ шудааст.

 

 

 

          

МАСЪАЛАҲОИ АДАБИЁТШИНОСӢ

 

РОБИТАИ ЭҶОДИИ АҲМАДИ ДОНИШ БО

МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

        Искандар Икромов –доктори илми филология, профессори кафедраи адбиёти тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав, Шерхон Ватанов – омӯзгори кафедраи забони тоҷик, Т. Лақаев – магистри соли дуюми факултети филологияи тоҷик

Гузориши ин масъала  дар  адабиётшиносии  тоҷик  нав  нест. Оид  ба  робитаи эҷодии ин ду мутафаккири бузург бори аввал адабиётшиноси  маъруфи тоҷик Расул Ҳодизода дар рисолаи “Аҳмади Дониш” [4, 238-242]  масъалагузорӣ намуда буд. Ӯ дар  рисолаи  мазкур  фасле  таҳти  унвони  “Робитаи  эҷодии  Аҷмади  Дониш  бо  гузаштагони  худ ”  ҷудо  намуда, дар  он  аз  хусуси  робитаи   эҷодии  Аҳмади  Дониш  бо  Бедил, Ғаззолӣ ва Мир Сайид Алии  Ҳамадонӣ  баҳси  тӯлонӣ  кардааст. Мавсуф  фасли  сеюми  рисолаи  сиёсии  Аҳмади  Донишро, ки  “Дар  муомалоти  салотин  бо  фуқаро  ва  раият  ва  расидан  ба  ғаври  муҳиммоти  онҳо”,  унвон  дорад, бо  “Захират – ул – мулук” – и  Мир  Сайид  Алии Ҳамадонӣ  иҷмолан  аз  назар  гузаронида, ба  хулосаи  дурусте  меояд, ки  мутафаккири  бузурги  дуюми  асри  XIX  тоҷик  Аҳмади  Дониш  “дар  вақти таълифи         “Рисола дар назми тамаддун ва таовун ” аз китоби  “Захират-ул – мулук” низ бисёр истифода ва дар мавридҳои зарурӣ ҷоҳои  муҳимтарини  онро  дар  рисолааш  нақл  ва  иқтибос  намудааст” [4, 241 – 242] .

Ба аҳидаи Ҳотамшоҳ  Асозода, ки  аз  муҳаққиқони  асосии  эҷодиёти   Мир Сайид  Алии Ҳамадонӣ аст,“бобҳои асосии “Наводир- ул-вақоеъ”-и   Аҳмади  Дониш, ки дар мавриди салтанат ва раият мебошад, дар  пайравии  баъзе  нуктаҳои “Захират-ул-мулук” иншо гардидааст [1, 87].

Дар  воқеъ, дар  асари  худ  ба “Захират–ул–мулук” – и  Мир  Сайид  Алии  Ҳамадонӣ  муроҷиат  намудани   Аҳмади  Дониш  бесабаб  нест. Зеро  он  ягона  асаре  буд, ки  ба  забони  форсӣ  таълиф  ёфта , ба  масъалаи  одоби  ахлоқи  манзилӣ  (оиладорӣ )  ва  сиёсати  давлатдорӣ  бахшида шудааст. Аз  ин  ҷост  Аҳмади  Дониш  ҳангоми  таълифи  “Наводир – ул – вақоеъ” ва  рисолаи  сиёсии  худ  дар  баёни  афкори  сиёсӣ  ва  ахлоқӣ  аз  ин  асари  пурқимат  фаровон  истифода  кардааст. Мо  ҳам  дар  ин  мақолаи  хеш  андешаҳои  ду  муҳаққиқи фавқуззикрро  роҷеъ  ба  ин  масъала ҷонибдорӣ  карда , дар  навбати  аввал  “Рисола  дар  назми  тамаддун  ва  таовун” – и  Аҳмади  Донишро  дар  муқоиса  бо  “Захират–ул–мулук”–и Мир Сайид  Алии  Ҳамадонӣ  дида  мебароем.

Аз   “Захират–ул–мулук”

“Аммо раияти мусулмононро бар подшоҳ ва ҳоким бист ҳақ аст. Ва  қиём ба адои  ин ҳуқуқ бар ҳоким ва подшоҳ  воҷиб аст. Аввал он ки ба  ҳама мусулмонон ботавозӯъ бошад ва ба сабаби ҳукумат ва вилоят бар  ҳеҷ мусулмон такаббур накунад ва яқин донад, ки Ҳақ ва Аллоҳ, душман  медорад мутакаббиронро ва ҷабборонро” [3, 129] .

Аз  рисолаи  сиёсии  Аҳмади  Дониш

“Аммо  ҳуқуқи  раият  бар  султон  яке  он  ки  бар  ҳама  мусулмонон  ботавозӯъ  бошад  ва  ба  масокин  бештар; ва  ба  сабаби  вилоят  ва  салтанат  бар  ҳеҷ  кас  кибр  накунад”…  [ 2 , 142]

Аз   “Захират–ул–мулук”

“Ҳаққи дуввум он, ки сухани авомро  дар ҳаққи  якдигар  нашнавад,  чи  охири  он  ба  фитна  ва  надомат  кашад, хосса  сухани  фосиқонро  ва  соҳибғаразонро  ва  ҳасудонро  ва   таммоонро, зеро  ки  таммоъ халқеро ба тамаи луқмае биранҷонад ва ҳасуд ҷумлаи  ҳунарҳоро  айб донад” [3, 130] .

Аз  рисолаи  сиёсии  Аҳмади  Дониш

“Дуввум. Сухани  авом  дар  ҳаққи  авом  нашнавад, ки  охири  он  ба фитна ва фасод кашад ва пушаймонӣ орад. Хосса  сухани  фосиқон  ва  ҳасудон ва таммоон, зеро ки таммоъ ба тамаи луқма  халқро биранҷонад  ва ҳасуд ҳунарро айб шумурад” [2, 142-143] .

Аз   “Захират–ул–мулук”

“Ҳаққи севвум он, ки чун ба ҷиҳати зиллате ё тақсире бар  мусулмоне  ғазаб  кунад  ва  ваҷҳи имкони авф бошад, аз се рӯз зиёда  таъхири авф накунад”… [3, 130].

Аз  рисолаи  сиёсии  Аҳмади  Дониш

“Севвум он, ки ба ҷиҳати зиллате ё тақсире агар бар мусулмоне  ғазаб кунад, аз се рӯз зиёда таъхири авф раво надорад” [2, 143].

Аз   “Захират–ул–мулук”

“Ҳаққи  чаҳорум он, ки файзи адл ва эҳсон бар ҷамеи раоё ом  гардонад ва дар нашри осори эшон миёни аҳл  ва  ноаҳл тамиз накунад, зеро  ки  подшоҳ сояи  Ҳақ  аст. Чунон  ки  раҳмати  Ҳақ, азза  исмуҳу, кофир  ва  муъминро шомил аст, ҳамчунин  адл ва эҳсони ҳоким бояд, ки нек ва бадро шомил бувад” [3, 131].

 Аз  рисолаи  сиёсии  Аҳмади  Дониш

“Чаҳорум. Файзи адл ва эҳсон бар ҷамеи раоё ом гардонад ва дар  нашри маосири эҳсон миёни аҳл ва ноаҳл фарқ накунад, зеро  ки  подшоҳ  сояи Ҳақ аст, чун раҳмати Ҳақ шомили муъмин ва кофир аст, ҳамчунин  эҳсони ӯ бояд, ки неку бадро шомил бошад”… [2, 143].

Зерфаслҳои  дигари  асарҳои  номбурда  аз  якдигар  чандон  фарқ  надошта, дар  маркази  онҳо  масъалаи  истилои  назар  накарда  дар  ҳарами  мусулмонон, дар  вақти  ба  гурӯҳҳои  гуногуни  халқ  сару  кор  гирифтан  ба  қадри  мартаба  ва  дараҷаи  ҳар  кас  расидан , аҳду  вафо  ва  риояи  он, ҳангоми  ҳукм  сухан  ба  дуруштӣ  нагуфтан  ва  бо  чеҳраи  кушод  бо  одамони  паст ва  шарир  муомила  кардан, аз  хатоҳои  халқ  ба қадри имкон чашм пӯшидан, қазои ҳоҷатро қабул намудан, ҳолпурсии бевазанон ва ятимон, нафақаи ятимонро ба худ воҷиб донистан, роҳи  мусулмононро  аз  хавфи  роҳзанон ва дуздон  эмин  доштан, дар  вилоят  сохтани  работ, пул, таъмири  роҳҳои аз сел ва дигар офатҳои табиӣ  зарар дида, бинои масҷид барои мусулмонон ва ғайра қарор гирифтанд.

Чи тавре ки мебинем, мақсаду мароми ҳар ду муаллиф қариб як  буда, дар сарчашмаи дуюм бист шарти ҳуқуқи мардум дар  назди  султон  бо  баъзе тағйироту ихтисорҳои ҷузъӣ ва таҳрирҳои на чандон зиёд аз    “Захират–ул–мулук” – и Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  гирифта  шудааст. Ҳамин гуна монандӣ ва баъзе фикрҳои на он қадар ҷиддӣ дар саҳифаҳои  ҳар ду асар низ ба назар мерасанд. Мо барои тақвияти ин фикр дар поён  аз осори ҳар ду муаллиф далелҳо меоварем.

Аз   “Захират–ул–мулук”

“Аммо шароити салтанат ва подшоҳӣ даҳ чиз аст. Аввал он аст, ки дар воқеае пеш ояд, подшоҳ  ва ҳоким  худро  яке  аз  раоё  дар  он  воқеа  тасаввур  кунад  ва  дигаре  баробари  худ  ҳоким  бинад  ва  дар  он  ҳол  ҳар  ҳукм, ки  аз  дигаре  бар  худ  раво  намедорад, мисли  он  ки  аз  худ  ба  дигаре  раво  надорад  ва  ҳар  чӣ  бар  худ  намеписандад, бар  ҳеҷ  мусулмон  написандад” [3, 123].

Аз  рисолаи  сиёсии  Аҳмади  Дониш

“Подшоҳ … , вақте  ороста  гардад, ки  даҳ шартро маҳфуз дорад. Шарти аввал. Дар  ҳар  воқеа, ки  раоёро  пеши  ҳоким  афтад, подшоҳ  худро  дар  он  воқеа  аз  раоё  тасаввур  кунад  ва  дигареро  бар  худ  ҳоким  донад. Ва дар он ҳол ҳар ҳукм, ки аз дигаре бар худ раво  намедорад, мисли он аз худ бар дигаре раво надорад ва агар раво дорад, хиёнат карда бошад” [2, 107].

     Аз   “Захират–ул–мулук”

“Дуввум он, ки қазои  ҳоҷати мусулмононро афзали тоот шумурад … Шарти  подшоҳи  мусулмон  он  аст, ки  пайваста  мунтазири  ҳоҷати  мӯҳтоҷон  бошад ва чун донад, ки мусулмоне бар дари хонаи ӯ мунтазир  ва  мӯҳтоҷ  аст, то ҳоҷати ӯ кифоят накунад, ба ҳеҷ ибодате машғул  нашавад ва ба ҷиҳати роҳати нафси худ эҳмоли  ҳоҷоти мусулмонон раво надорад” [3, 123-124].

Аз  рисолаи  сиёсии  Аҳмади  Дониш

“Шарти дуюм. Интизори  арбоби  ҳоҷатро бар даргоҳи худ раво надорад ва то мусулмонеро ҳоҷате бошад, ба ҳеҷ ибодати нофила машғул нашавад, аз аврод ва азкор, ки гузоридани ҳоҷат аз ҳама навофил афзал бошад” [2, 108].

Аз   “Захират – ул – мулук”

“Севвум он, ки дар хӯрдан ва пӯшидан иқтидо ба сирати хулафои  рошиддин кунад ва нафсро бо таомҳои хуш хӯрдан ва ҷомаҳои бетакаллуф одат накунад” [2, 108].

Аз  рисолаи  сиёсии  Аҳмади  Дониш

“Шарти севвум. Дар  хӯрдан ва пӯшидан иқтидо ба сирати хулафои рошиддин кунад ва нафси худро бо таомҳои хуш хӯрдан ва ҷомаҳои ба  такаллуф одат накунад, ки бе қаноат адл мумкин набошад” [2, 108].

Шартҳои  боқимондаи  ҳар  ду  асар  низ  ба  ҳамдигар  хеле  монанд  буда, ҳадафи онҳо дар ҳукм бо мадоро сухан гуфтан ва бе мӯҷиб  дуруштӣ  накардани  подшоҳ нанг надонистани ӯ дар сухан гуфтан бо заифон ва мискинон, ба риёкорӣ роҳ надодан, бе майл ва ғараз аз хашми халқ  наандешидан, дур будани подшоҳ аз кибр, бо эҳсон ва шавқат  худро маҳбуби халқ гардонидан, аз хатари ҳукумат ва вилоят ғофил  набудан, ба дидори уламои бодиёнат расидан, канораҷӯйии подшоҳ аз уламои  ҳарис, ҳалимӣ, пеши роҳи зулмро гирифтан, душманон ва хоинони  ватанро  саркӯб ва ба марг маҳкум намудан, андешаҳои оқилонаи подшоҳ пеш аз баровардани ҳукм ва амсоли  инҳо мебошанд.

Аз далелҳои дар боло овардашуда ба хубӣ маълум мегардад, ки Аҳмади Дониш дар рисолаи сиёсиаш аз “Захират–ул–мулук” –и Мир  Сайид Алии Ҳамадонӣ эҷодкорона истифода бурда, баъзе ибора ва ҷумлаҳои  ин асарро аз нав таҳрир менамояд ва ба чанде аз онҳо илова ва тағйиротҳои на чандон ҷиддиро ҷоиз донистааст. Масалан, барои  барҷаста ва таъсирбахш баромадани мазмун дар иқтибосҳои якум ва дуюм илова намудани ҷумлаҳои “Агар раво дорад, хиёнат  карда бошад” ва “бе қаноат адл мумкин набошад”–ро зарур шуморидааст. Дар иқтибоси сеюм аз “Захират–ул–мулук” дар ибораи “ҷомаҳои  бетакаллуф” калимаи  “пӯшидан” афтодааст. Аҳмади Дониш бошад, ба  матни он калимаи мазкурро илова карда, дар  натиҷа  ибораи  хеле  хуби  “ҷомаҳои  бетакаллуф  пӯшидан”–ро ба хонанда пешкаш кардааст….  Муфассал