Чун дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” имтиҳонҳои хатм тибқи нақша ва бо риояи талаботҳои беҳдоштӣ баргузор гардида истодааст. Зимни қабули имтиҳонҳо пеш аз ҳама ҳарорати устодону донишҷӯён санҷида шуда, масофаи байни онҳо риоя гардида, аз маводҳои безараргардонӣ, аз қабили маҳлулҳои антисептикӣ васеъ истифода менамоянд. 

            Қайд намудан зарур аст, ки риояи гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ зимни баргузории имтиҳонҳо дар доираи талаботҳои пешбинишудаи созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.   

            Риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ, аз қабили пӯшидани ниқобҳои муҳофизатӣ,  шустани дастон бо собун, инчунин дигар маҳлулҳои безараргардонӣ ва нигоҳ доштани масофаи на кам аз 1, 5 метр метавонад бехатарии сокинони кишварро таъмин намояд. Ин талаботҳо дар ҷараёни имтиҳонсупорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” ба таври зарурӣ риоя гардида истодааст.

 

  

Сангимурод Шарифов сардори бахши

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав