Солимии ҷомеа сарвати бебаҳои миллату давлат ба ҳисоб рафта, таъмини он ба муҳити созанда ва ғизои солим вобастагии зиёд дорад. Дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ стратегияву барномаҳои давлатӣ қабул гардида,  мавриди амал қарор доранд.

         Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, дастрасӣ ва истеъмоли маводи ғизоии аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад. Бисёре аз кишварҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ, хусусан Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҷиҳати омӯзиши ин масъалаи барои ҳаёти инсоният зарурӣ тадбирҳои муҳимро дар тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда истодааст. Пӯшида нест, ки инкишофи ҷисму рӯҳи инсон ба ғизои солим вобаста аст. Аз ин рӯ, мутахассисони соҳавӣ тавсия медиҳанд, ки яке аз омилҳои дуруст инкишоф ёфтани ҷанбаъҳои биологиву физиологии инсон ба риояи дурусти меъёр ва истеъмоли ғизо вобаста аст. Дар давраи кӯдакӣ ва наврасӣ истеъмоли ғизои солим ва таъмини муҳити орому осуда ба рушди минбаъдаи организм бештар аҳамият касб мекунад. Бо ин мақсад чун дигар муассисаҳои таълимии кишварҳои ҷаҳон дар ҷумҳурии мо низ барои хонандагони ин зинаи таҳсилот хӯрокҳои гуногун, меваю сабзавот ва умуман, ғизои солим пешниҳод менамоянд, ки ин ба ташаккули шахсияти ин қишри ояндасози ҷомеа таъсири бузург мерасонад. Дар ин самт бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо дигар вазорату кумитаҳо, созмону ташкилотҳои байналмилалӣ аз аввали солҳои соҳибистиқлолӣ дар қаламрави кишвар “Амалишавии барномаи ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон аз соли 1999 то соли 2024” амал мекунад, ки ба инкишофи насли солим мусоидат менамояд. Бояд қайд намуд, ки ғизои солим манбаи чарбҳо, сафедаҳо, карбогидратҳо ва витаминҳо буда, ба шаклгирии фардӣ замина мегузорад.

         Бо вуҷуди тадбирандешиҳои ҷаҳонӣ, ҳанӯз ҳам дар баъзе аз кишварҳо кӯдакони имконияти маҳдуддошта таваллуд мешаванд, ки ин ҳолат ба  чандин омил вобаста аст, агар яке аз омилҳо никоҳи хешутабории наздик бошад, омили дигараш дастрасӣ надоштани волидони онҳо ба муҳит ва ғизои солим мебошад. Мушоҳида ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бархе аз шаҳрвандон, аз ҷумла наврасону ҷавонон, дар интихоби ғизои солим бетаваҷҷуҳӣ зоҳир намуда, ба истеъмоли ғизоҳои тезтайёри сарироҳӣ ва хушкхӯрокҳои воридотӣ ҳавасу майл менамоянд, ки ин сабукфикрии онҳо ба саломатиашон таъсири ҷиддӣ мерасонад. Бо инкишофи илму технология ва зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти гуногун инсонҳо низ дар интихоби маҳсулот ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ гашта, бархе нисбат ба ғизои солими аз ҷиҳати экологӣ тоза ба маҳсулоти бо истифода аз усулҳои химиявӣ рӯёнидашуда таваҷҷуҳи зиёдтар зоҳир менамоянд, ки  ин ҳолат дар баъзе маврид паёмадҳои нохубро дар ҳаёти наслҳои имрӯзаву ояндаи шаҳрвандон ба вуҷуд овардааст. Исбот шудааст, ки истеъмоли маводҳои аз ҷиҳати генетикӣ такмилдодашуда ва  норасоии витаминҳо ба инсон, хосса узвҳои ӯ, таъсири манфӣ расонида, боиси ба бемориҳои гуногун, аз ҷумла боиси пастшавии кори муътадили асаб ва фаъолияти дилу рагҳо, узвҳои ҳозима, роҳҳои нафас ва устувории такягоҳу ҳаракат мегардад, ки ин ҳолат нигаронкунанда буда, сабабгори заъфи масунияти шахс мешавад.

       Имрӯз паҳншавии пандемияи коронавирус тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Баъд аз таҳқиқоти зиёди кормандону мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва коршиносони самти равоншиносӣ исбот шуд, ки бемории коронавирус ба инсони иммунитеташ қавӣ таъсири камтар мерасонад. Қавӣ намудани иммунитет бошад, аз дуруст интихоб намудан ва истеъмоли ғизои солим, ҳолати равонии ором, иродаи мустаҳками одам ҳамчун ҷузъиёти биологӣ вобастагии зиёд дорад. 

       Тамоми бемориҳо, хусусан СОVID-19, худро дар организми заиф, камқувват мутобиқ намуда, ба узвҳои гуногуни инсон таъсир мерасонад. Дар шароити мураккаби ҷаҳонишавии ин беморӣ тақвияти ғизои солим аҳамияти бештар касб мекунад. Бояд сокинони кишвар дарк намоянд, ки муҳити агроэкологии кишвари мо барои рӯёнидани ҳосили тамоми зироати кишоварзии аз  ҷиҳати экологӣ тоза созгор буда, манбаи таъмини ғизои солим ва василаи мубориза бар зидди ин беморӣ ва дигар намуди бемориҳои вирусӣ мебошад.

      Таъкидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат дар мавриди самаранок истифодабарии қитъаҳои заминҳои президентӣ, наздиҳавлигӣ, назди муассисаҳо ва таъмини аҳли оила, кормандон ва аҳолии кишвар бо маводҳои ғизоӣ низ саривақтӣ буда, ин сиёсати таъминкунандаи аҳолии кишвар дар ин ҳолати эпидемикии ҷаҳон мебошад.

       Бо ин мақсад мавзеи таълимию таҷрибавии “Зағертӣ”-и Муассисаи  давлатии таълимии ДДБ ба номи Носири Хусрав дорои шароиту муҳити таҷрибавӣ, замина ва имконияти кишти зироатҳо ва парвариши ниҳолҳои мевадиҳандаро дорост, ки ҳамзамон макони сайру гашти оилавии кормандон буда, шароити шуғли кишоварзиро дорад, ки ин низ дар тавсияҳои коршиносон оид ба пешгирии сироятёбии аз Ковид-19 омадааст.

       Мутаассифона, имрӯз на ҳама ба мафҳуми ғизои солим ва равони ороми шахсӣ сарфаҳм мераванд.

Ҳамарӯза тавассути ВАО мутахассисони соҳа моҳият ва арзиши ин омилҳоро ба шаҳрвандон фаҳмонида, онҳоро барои дуруст риоя намудани он роҳнамоӣ карда истодаанд. Масъалаи таъмин ва истифодаи ғизои солим ва нақши он дар ҳаёти инсон бояд дар муҳити хонавода, муассисаҳои томактабӣ, миёнаи умумӣ, зинаи таҳсилоти касбӣ ва алоқамандии он ба фарҳанги тиббии аҳли оила  ва ташаккули  рӯҳияи тозаи аҳолӣ, такя ба рӯзҳои неки фардои зиндагӣ баланд бардошта шавад.   

       Насли ҷавону соҳибмаълумоти кишварро зарур аст, ки аз ҳарвақта дида имрӯз фаъол бошанд. Дар ташкили муҳити созгори рӯҳию равонӣ ва дастрасии тавсияҳои коршиносони соҳавӣ ба қишри солдидаи ҷомеа мусоидат намоянд. Ҳамчунин, насли рӯзгордидаи ҷомеаро низ мебояд дар ин лаҳзаҳои муҳими фазои фарогири эпидемикӣ аз таъриху рӯзҳои муҳими гузаштаи миллату давлат ёдрас намоянд. Дар ин замина хизматҳои арзишманди Пешвои миллатро дар барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ, баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ ва муаррифии ин миллату давлат дар арсаи байналмилалӣ ёдовар шаванд.

       Тоҷикистони азизи мо чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуда, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон мавзӯи омӯзиши аксар коршиносони соҳаи низоъшиносӣ қарор гирифтааст. Такя ба сиёсати имрӯзаи Пешвои миллат ва тавсияҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ, иродаи қавӣ, устувории муҳити экологӣ ва истифодаи самараноки замин дар рӯёнидани маводи ғизои солим мардуми соҳибфарҳангу қавииродаи моро аз ин бемории нохуш низ зуд халос менамояд.

 

 

Давлатзода Сайфиддин Хайриддин,

профессор, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав