Дар марҳилаи кунунии инкишофи ҷомеаи инсонӣ фаъол гаштани ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии байналмилалӣ сабаби нооромӣ ва нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Фаъолияти ин ташкилотҳои хатарнок торафт васеъ гардида, аз ҳудуди давлатҳои алоҳида берун баромада, моҳияти фаромиллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ пайдо намуда, ба амният, суботи ҷомеа ва бехатарии аҳолии осоишта таҳдид карда истодаанд.

Таҳдидҳои ин муноқишаҳои номатлуби замон боиси аз байн бурдани истиклолияти давлатҳои алоҳида гардида, сабаби сар задани ҷангҳои шаҳрвандӣ ва зиддиятҳои мазҳабӣ низ шудаанд. Ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра зери хавфу хатар монда, садҳо сокинони кишварҳои арабӣ қурбони ин даҳшати аср гардида, ҳазорҳо нафар ба гурезагони иҷборӣ табдил ёфтанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ ин зуҳуроти манфури замонро чунин баён намуда буданд: «Терроризм ва экстремизм чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе  надорад».

Тоҷикистон ҳамчун субьекти муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рўи мавқеи географии худ дар минтақаи бархўрди манфиатҳои мамлакатҳои абарқудрати дунё қарор дорад. Аз ин ҷост, ки аз солҳои 90-уми қарни гузашта, дар натиҷаи инқирози сохти ҷаҳонии сотсиализм ва фурўпошии давлати Шўравӣ, фаъолияти мақсадноки гурўҳои террористиву экстримистии байналмилалӣ аз тарафи як қатор мамлакатҳои манфиатҷўй ва мақомоти махсуси онҳо пуштибонӣ ва мағлабгузорӣ гардида, роҳ ва усулҳои гуногуни амалисозии лоиҳаҳои зиддиинсонии онҳо тарҳрезӣ мешаванд.

Ҷангҳои дар Чумҳуриҳои Ироқ, Сурия ва Афғонистон ба амал омада ва иштироки бевоситаи баъзе шаҳрвандони ноогоҳи кишвари мо дар ин муноқишаҳо, ҳамчунин афзудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстримистӣ дошта дар дохил ва хориҷи кишвар аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар мамлакатҳои Осиёи Миёна дар солҳои охир таъсири ҷараёнҳои ифротии Ҳизб-ут-таҳрир, Ваҳҳобия, Ҷамоати Таблиғ, ба ном Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва Салафия, ки яке аз шохаҳои ташкилоти экстримистӣ-террористии «Бародарони мусалмон» мебошанд, зиёд гардидааст. Мақсади ниҳоии ин ташкилотҳои иртиҷоӣ, махсусан ҷараёнҳои Салафия ва Давлати исломӣ дар тамоми давлатҳои мусулмонтабори олам, аз ҷумла дар Осиёи Миёна созмон додани давлати исломӣ дар шакли «Хилофат»-и асримиёнагӣ мебошад. Ин аст, ки баробари ба миён омадани инқилобҳои «Баҳори арабӣ» онҳо ба қатлу куштори даҳшатангез оғоз намуда, ёдгориҳои беҳамтои таърихиро ваҳшиёна несту нобуд сохтанд то ин ки аҳолии осоиштаро аз хотираи таърихӣ ва тамаддуни гузаштагонашон маҳрум намоянд.

Дар Тоҷикистон аксари шаҳрвандон пайрави мазҳаби бузургтарини дини мубини ислом-Ҳанафия ба шумор рафта, танҳо наздики 3 фоизи аҳолиро пайравони шиа (равияи исмоилия) ташкил медиҳанд. Ворид шудани мафкураи салафӣ-ваҳобӣ дар ҳаёти маънавӣ ва арзишҳои динии мардуми тоҷик аз мудохилаи бевоситаи ташкилотҳои иртиҷоии байналмилалӣ шаҳодат дода, афкори онҳо ба муқобили мазҳаби Ҳанафия ва хусусан пайравони равияи «шиа» (Шиат Алӣ-пайравони халифаи 4-ум Алӣ) равона буда, бидуни асосҳои илмӣ, эътиқоди динӣ ва равонию ақлонӣ шаҳрвандонеро, ки бо онҳо ҳамфикр нестанд «кофар» ва бедин» эълон менамоянд. Салафиҳо худро пайравони салафи солеҳ (арабӣ, салаф-гузаштагони накўкор) ҳисобида, баъд аз 1400-соли густариш ва ҷаҳонишавии дини мубини ислом, даъвои баргаштан ба исломи давраи пайғамбари гиромӣ (с.а.) ва замони саҳобагони солеҳро доранд. Ҳаракати салафия аз рўи ғоя ва ақидаҳояш идомаи мантиқии ваҳҳобияи асри ХVIII ба шумор меравад. Тарафдорони таълимоти салафия дар иҷрои баъзе фарзиятҳои динӣ бо тамоми мазҳабҳои исломи суннатӣ, ки зиёда аз 75 фоизи кулли мусулмонони оламро ташкил месозанд зид буда, масъалаи тавҳид, василаи паёмбар (с.а.), зиёрат кардани мазорҳо, хондани оят баъди адои намозҳои панҷвақта, дуову гиромидошти гузаштагон дар сари қабрҳо, хайру садақа, эҳтироми волидайн, ҳурмати устодону соҳибилмон, пос доштани ёдгориҳои миллию таърихӣ ва дигар эътиқодоти суннатии исломро инкор месозанд.

Миёнаҳои солҳои 80-уми асри ХХ пешвоёни равияи номбаршуда дар минтақаҳои ҷанубии ҷумҳурӣ пайравони худро пайдо карда, таълимоти динии ҷараёни “ваҳҳобия”-ро густариш доданд, ки боиси зиддиятҳои мазҳабӣ гардида, ба оғози ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид.  Аз таърихи фоҷиабори миллати тоҷик дар солҳои 90-уми асри ХХ ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ муддати зиёде нагузаштааст. Дар таърих ягон фоҷиае талхтар аз ҷанги байни фарзандони як миллат нест. Қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ ва гумоштагони зархариди онҳо мардуми зудбовар ва софдили моро ба гирдоби ҷангу хунрезӣ кашида, дар байни минтақаҳои ҷудогонаи кишвар бо вуҷуди он, ки аксарият пайрави маҳзаби ҳанафӣ буданд, тавонистанд сангарҳои маҳаллӣ бунёд сохта, миллатро қисмат намоянд. Ноогоҳӣ аз таъриху тамаддуни миллат, набудани ҳисси худшиносӣ, ифтихори миллӣ, қадр накардани дастовардҳои истиқлолият ва сабақҳои иттиҳоду ягонагӣ буд, ки душманони миллати тоҷик тавонистаанд мардуми кишварро бо ёрии таблиғоти ғаразноки яктарафаи динӣ ва маҳалгароӣ ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида, нақшаи нобуд сохтани давлат ва миллати тоҷикро тарҳрезӣ созанд. Дар ҳоле, ки давлатҳои соҳибистиқлоли ҳамсоя нақшаҳои ободию созандагӣ доштанд ва ба дигар масоили пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти кишварашон машғул буданд, дар Тоҷикистон ҳангомаи ҷанги бародаркушӣ дар авҷ буд. Бо вуҷуди баҳогузориҳои гуногун дар натиҷаи ҳодисоти солҳои 1992-1997 зиёда аз 100-ҳазор аҳолии ҷумҳурӣ ба ҳалокат расида, наздики 1-млн нафар ба гурезагони дохилию хориҷӣ табдил ёфтанд. Зарари молиявӣ-иқтисодии кишвар бештар аз 7-млрд долларро ташкил мекард.

Пешвоёну пайравони ҷараёнҳои мазкур ҳангоми фирор намудани аҳолии ноҳияҳои ҷанубии кишварамон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки дар асоси манбаҳои гуногун аз 62 то 90-ҳазорро ташкил мекарданд, вазъияти баамаломадаро моҳирона истифода карда, ҷавонони гурезаи тоҷикро ба мадрасаву донишкадаҳои исломии Ҷумҳурии Исломии Покистону Эрон, Мисру Арабистони Саудӣ, Яману Сурия дохил карданд, то онҳо таълимоти динии мухолиф ба мазҳаби ҳанафиро аз худ кунанд. Ин аст, ки дар асоси ақидаҳои таҳрифшудаи салафӣ аз солҳои 90-ум инҷониб, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти экстремистӣ-террористии гуногун бо номҳои “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Салафия”, “Созмони таблиғот”, “Ансоруллоҳ”, “Ҷабҳат-ан-Нусрат”, “Давлати исломии Ироқу Шом” ва “Тоҷикистони озод” ба таври пинҳонӣ ва ошкоро фаъолияти худро идома дода истодаанд.

Бояд зикр намуд, ки тамоми фаъолияти гурӯҳои террористӣ аз хориҷи кишвар идора ва маблағгузорӣ карда шуда, аксари ҷорикунандагони ғояҳои “ҷиҳодӣ” ва экстремистӣ собиқ толибилмони мактабҳои махсуси ҷосусии Покистон, Арабистони Саудӣ, Яман, Миср ва Сурия мебошанд. Асоси таълимоти динии салафия- ваҳобияро ғояҳои зиддиинсонӣ, зиддидинӣ ва зиддимаҳзабӣ ташкил менамоянд, ки ба асосҳои бунёдии Қуръони карим ва сунатҳои Пайғамбар (с.а) мухолиф мебошанд. Ин аст, ки бо қарори Суди Олии Тоҷикистон аз 19-уми апрели соли 2001 фаъолияти “Ҳизб-ут-таҳрир”, аз 8-уми январи соли 2009 фаъолияти “Салафия”, аз 3-уми майи соли 2012 фаъолияти “Ансуруллоҳ”, аз 30-юми апрели соли 2006 фаъолияти “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ” ва “Тоҷикистони озод” ва аз 14-уми апрели соли 2015 фаъолияти ба ном “Давлати исломӣ” дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Ҳамчунин баъди кўшиши табаддулоти давлатии моҳи сентябрӣ, ки бевосита бо роҳбарии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба амал омад, бо қарори Суди Олии Тоҷикистон аз 17-уми сентябри соли 2015 фаъолияти ин ҳизб низ манъ карда шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввалин рўзҳои Раиси Шўрои Олӣ интихоб гардидан, зўроварию беадолатиҳои иҷтимоиро пурра маҳкум намуда, роҳи сулҳу ваҳдат ва бунёди ҷомеаи демократиро пешаи ҳаётии хеш қарор доданд. Маҳз, бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Ҷаноби Олӣ давлату миллат аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатӣ таҳким бахшида шуд ва миллати тоҷик бо гузашти ҳазор соли бедавлатӣ, дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид.

        

Казаков Рустам Сафарович – дотсенти

ДДБ ба номи Носири Хусрав