ДУШАНБЕ, 20.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари гурӯҳи табибони варзидаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Неъматҷон Иброҳимов, ки айни замон дар вилояти Суғд қарор доранд, зимни мулоқот бо Раиси вилоят гуфт, ки «бо чунин тарзи корбарии табибони пуртаҷрибаи вилоят  ҷиҳати пешгирии паҳншавӣ ва табобати мубталоён бемории нави коронавирус — COVID-19  ояндаи наздик пурра маҳв хоҳад шуд».

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи табибони Ӯзбекистон- 4 нафар мутахассисони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, иборат аз эпидемиолог, вирусолог ва эҳёгарон бо мақсади дастгирӣ ва табодули таҷрибаи тиббӣ дар мубориза бар зидди  паҳншавии бемории  COVID-19 ба вилояти Суғд рафта, бо Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода мулоқот намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Неъматҷон Ибрагимов ҳамчунин зикр намуд, ки тайи ду рӯз дар якҷоягӣ бо ҳамкасбони тоҷики худ дар беморхонаҳои вилояти Суғд фаъолият бурда, бо ҳамдигар табодули таҷриба намуданд. Дар беморхонаҳои вилояти Суғд табибони касбӣ фаъолият доранд. Дар инҷо бисёр усулҳои пешрафтаи ҷавобгӯ ба талаботи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба роҳ монда шуда, муолиҷаи беморон ба таври зарурӣ сурат гирифта истодааст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зикр намуд, ки  «пандемияи бемории коронавирус зиёда аз 200 давлати дунёро фаро гирифта, дар Тоҷикистон охири моҳи апрел ба қайд гирифта шуд.

«Аз рӯзҳои аввали пайдоиши беморӣ дар Тоҷикистон бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии паҳншавӣ ва табобати мубталоёни бемории нави короновирус — COVID-19  ситоди ҷумҳуриявӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар  Суғд низ бо роҳбарии Раиси вилоят ситоди вилоятӣ шабонарузӣ амал менамояд. Бо икдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз рӯзҳои аввали беморӣ барои расонидани  ёрии амалӣ 8 нафар табибони варзидаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафарбар карда шуданд, ки ин нишони дӯстии мардуми ба ҳам дӯсту бародари тоҷику ӯзбек мебошад»,- гуфт Раиси вилояти Суғд.

Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки дар вилояти Суғд ба кормандони соҳаи тиб барои муолиҷаи сокинон тамоми шароит фароҳам оварда шуда, табибон  бо маводи доруворӣ, либосҳои муҳофизатӣ, антисептикҳо пурра таъмин мебошанд. Натиҷаи меҳнати шабонарӯзии табибони тоҷик буд, ки имрӯз дар вилоят сироятёбӣ ба бемории мазкур рӯз аз рӯз коҳиш ёфта истодааст.