Ба тамоми аҳли ҷомеа маълум аст, ки вақтҳои охир хатари глобалии терроризм ва экстремизм ҳамаи аҳли башарро таҳдид карда истодааст. Муттаасифона ҳар  қадар алайҳи терроризм ва экстремизм мубориза бештар шавад, ҳамон қадар ин ҷиноят рӯ ба афзоиш мениҳад. Вале дар марҳилаҳои гуногуни зиндагӣ бинобар сар задани чунин ҷиноятҳо  сабабҳо ва омилҳои айнӣ ва зеҳнӣ унсурҳои таъминкунандаи ваҳдат ва сохти конститутсионӣ халалдор шуда, боиси парокандагӣ ва ҳатто нобудии қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо мешаванд.

Масъалаи  пешгирии  шомилшавӣ ба ҳизбҳои экстремистию террористӣ  имрӯзҳо ҷомеъаи ҷаҳониро ба   ташвиш овардааст. Зеро ки ин амалҳои номбурда аз ҷиҳати ислом ҳам нодуруст мебошад ва инсонро ба роҳи  гумроҳӣ  мебарад. Баъзе  ҷавонони  ноогоҳ  аз  фарҳангу арзишҳои миллии худ ба доми фиребгарону ҷаллобон афтида, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию  террористӣ   шомил шуда, ҳаёти осиштаи худро барбод медиҳанд. Онҳое, ки фирефтаи душмани  миллати  тоҷик, халқу ватани Тоҷикистон мешаванд, дурандеш  нестанд  ва  худ намедонанд, ки ба кадом роҳ рафта истодаанд.  Хусусан, намояндагони  ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию  террористӣ  дар  хориҷи  кишвар  ҳастанду тавассути  шабакаҳои интернетӣ  ҷавононро  фирефта  намуда, ба доми худ мекашанд.

            Имрӯз, дар раванди  ҷаҳонишавӣ тамоми қишрҳои ҷомеа ва воридшавии афкори гуногуни бегона ба ҷамъият ягона роҳ барои решакан намудани  зуҳури  ҳар  гуна  гурӯҳу  ҳаракатҳои  тундгаро ва ифротӣ, махсусан дар  заминаи  ақидаҳои динӣ,  пеш аз ҳама вазорату  идораҳои дахлдорро зарур меояд, ки ба баланд бардоштани сатҳи донишҳои дунявию динии ҷавонон мусоидат намоянд. Ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои  муҳими ҳифзи ваҳдати  миллӣ,  суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ  мебошад. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16-уми ноябри соли 1999 мафҳуми терроризм чунин омадааст: Терроризм – яъне  зӯроварӣ  ё таҳдиди истифодаи он  нисбати шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтан (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) молу мулк ё дигар обектҳои  моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ,  ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани  амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё  расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон  мақбул  ё  қаноатбахш намудани  манфиатҳои  ғайриҳуқуқии молу мулкӣ ва (ё) дигар манфиати онҳо, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби  давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо мақсади  суст кардани  сохти  конститутсионӣ ё амнияти давлатӣ ё дигар фаъолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаъолият, инчунин сӯиқасд ба ҳаёт, расонидани зарари ҷисмонӣ ба ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ  ё  намояндаи ҳокимият, вобаста бо фаъолияти давлатӣ ё ҷамъиятии онҳо, бо мақсади  ноором  сохтани  вазъият ё расонидани таъсир  ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеъ шудан ба фаъолияти сиёсӣ ё ҷамъиятӣ, инчунин ҳамла ба  намояндаи давлати  хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналмилалии таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарордошта ё аъзои бо ӯ  истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти шахсоне, ки таҳти ҳимояи баналмилалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналмилалӣ содир шуда бошанд, эътироф мешавад.

Дар ҳуҷҷатҳои Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) ду намуд террор маънидод карда мешавад: якум, терроризм  ба мақсадҳои сиёсӣ – яъне дигаргун сохтани сохти давлатдорӣ, ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, воҳима андохтан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, пайдо кардани нобоварии халқ нисбати ҳукумат, президент, фалаҷ гардонидани фаъолияти мақомоти сохторҳои давлатӣ. Дуюм, терроризми ҷиноятӣ – яъне гурӯҳҳои ҷинояткорони муташаккил ҷиҳати барои худ фароҳам овардани вазъияти мӯътадил, ки ҳеҷ кас садди роҳи онҳо намешавад ва шароит муҳаё месозанд барои содир кардани ҷиноят, масалан, ҷиноятҳои трансмиллӣ, бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор алоқаманд буда ва дигарҳо. Дар соҳаи иқтисодиёт бо роҳи террористӣ онҳо рақибони худашонро метарсонанд ва мақомоте,  ки ба ҷиноятҳои муташаккил  сару кор доранд, ба дигар корҳо ҷалб менамоянд.  Азбаски, ин ду намуди терроризм ба якдигар алоқа доранд, ташкилотҳои террористӣ гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккилро, ки дар соҳаҳои  муомилоти  ғайриқонунии  маводи  нашъаовар,  хариду фурӯши силоҳ  ҷиноятҳои  трансмиллиро  истифода мебаранд ва ҳатто бо пулу силоҳ ва моддаҳои нашъовар таъмин мекунанд, байни якдигар ҳамкорӣ доранд.

Ташкилотҳои террористии байналхалқӣ дар тамоми дунё бо якдигар ба тариқи шабакаи интернет ва дигар воситаҳо дар тамос буда, ҳамкорӣ мекунанд. Олимону коршиносон оид ба сабабҳои пайдоиши терроризм як қатор  корҳои  тадқиқотиро  ба анҷом  расонидаанд.  Онҳо ба хулосае омаданд, ки фаъолияти террористонро ҳеҷ вақт ҳимоя кардан лозим нест. Масалан, террористони покистонӣ, толибон, террористони Ирландияи Шимолӣ ва Индонезияро онҳо  ҳамчун  гурӯҳҳои  озодихоҳ,  ки барои Ватан ва озодии  миллат  мубориза  мебаранд,  маънидод  мекунанд. Ё худамалиётҳои курдҳо дар Туркия ва Ироқ низ ба ҳамин раванд мансуб мебошанд. Ин албатта терроризми сиёсӣ ба ҳисоб меравад, лекин бо ин роҳ одамони бегуноҳ ба ҳалокат мерасанд ва зарари иқтисодии калон расонида мешавад. Барои ҳамин, терроризм аз тарафи тамоми давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ маҳкум карда мешаванд.

         Фарқияти терроризми ҷиноятӣ аз терроризми сиёсӣ дар ҳамин аст, ки гурӯҳҳои  муташаккили  ҷинояткор  барои  мутташанниҷ  гардонидани вазъият ва содир кардани ҷиноятҳои дигар, масалан, барои амалӣ сохтани акти террористӣ, шароит муҳаё сохта, ба ин васила диққати мақомоти дахлдорро  ҷалб  мекунанд.  Аммо, дар  ҳарду  сурат мақсади онҳо, зарба задан ба сохти давлатдорӣ, паст намудани сатҳи бехатарии давлат ва шубҳа андохтан дар дили мардум мебошад ва дар ҳар ду ҳолат аҳолии бегуноҳ зарар дида, амнияти ҷамъиятӣ халалдор мегардад.

          Азбаски, ташкилотҳои террористӣ бо ҳам муносибатҳои зиёд дошта, яке аз воситаҳои асосии ҷиноятҳои муташаккил ба ҳисоб мераванд, кӯмаки иқтисодии онҳо ба воситаи ҷиноятҳои трансмилӣ таъмин карда мешаванд. Гурӯҳҳои  муташаккил  гардиши  ғайриқонунии  маводи нашъадор ҳар сол дар дунё гурӯҳҳои ҷинояткор садҳо миллиард доллар фоида мебинанд, ки аз ин ҳисоб саросар ташкилотҳои террористиро бо силоҳ ва лавозимоти ҳарбӣ, озуқаворӣ ва ғайра таъмин менамоянд. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» аз 8-уми декабри соли 2003, таҳти №69  экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва азонихудкунии салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад. Фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) – ин фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ё дигар ташкилотҳо ё воситаҳои ахбори умум ё шахсони воқеӣ оид ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр ва амалӣ намудани кирдорҳое мебошад, ки барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани асосҳои сохти конститутсионӣ ва вайрон намудани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст. Ҳамчунин, фаъолияти экстремистӣ барои суст кардани амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғасб намудан ва аз худ намудани мансабҳои ҳокимиятӣ, ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, амалӣ гардонидани фаъолияти террористӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ равона карда мешавад.

        Экстремизм тамоюл ба зӯроварии  хусусияти  сиёсидошта дорад. Инчунин, он барои  амалӣ гардонидани  сиёсат оид ба бо роҳи зӯроварӣ тағйир  додани  сохти давлатӣ, ғасб  намудани ҳокимият, муқаррар намудани низоми фашистӣ ва ё дигар шаклҳои идоракунии диктаторӣ равона карда мешавад. Ба  зуҳуроти  эктремизм,  инчунин, даъват барои мунтазам поймол ва вайрон кардани ҳуқуқи озодиҳои инсон, истисмори одамон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба ягон миллат ё нажод дохил мешаванд.

          Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, бедор сохтани тарсу ваҳм дар иродаи одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ равона шуда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳои ҷинояткорона бо мақсади маҷбур сохтани мақомоти  ҳокимияти давлатӣ барои қабули  қарори ғайриқонунӣ, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатӣ, амалӣ карда мешаванд. Вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани  муборизаҳои  иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа институтҳои илмиву таҳқиқотии Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Маркази таҳқиқоти стратегӣ, дигар марказҳои илмӣ ва кафедраҳои ҷомеашиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки ба таҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

            Дар масъалаи  бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин қабил ҷиноятҳо оварда  мерасонад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳамаи чораҳои таъсирбахш андешида шуда истодаанд, аз қабили баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш, ташаккул додани мафкураи баланди ватандустию ватанпарастӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, сохтани масҷидҳои замонавӣ, табъу нашр кардани китобҳои динӣ ба забони модарӣ, ташкили барномаҳои динию ахлоқӣ дар садову симо, чопи мақолаҳо дар газетаю маҷҷалаҳо. Ин ҳама чорабиниҳо дар барномаҳои дурнамои тараққиёти имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ таҷассум ёфтааст.

 

                                                                             

Ҷабборов Диловар, ҳуқуқшиноси

ДДБ ба номи Носири Хусрав