Тавре ба ҳамагон маълум аст, моҳи майи соли равон дар натиҷаи зиёд боридани борон сел ба вуҷуд омада, ба заминҳои кишоварзӣ ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандони деҳаи ба номи Неъматуллои Асадуллои ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросон зарар расонид. Ин ҳолат кулли мардуми Тоҷикистонро хеле ғамгин намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ба масъулин дастуру супоришҳо доданд. Дар муддати кӯтоҳ сокинон ба ҷойи бехавф бурда шуда, бо қитъаи замин ва маҳсулоти сохтмони таъмин шуданд. Ҳоло дар қитъаҳои замини ҷудошуда сокинон ба бунёди манзили истиқоматӣ машғул мебошанд.

         Ҳайати профессорону устодон ва кормандони Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” низ чун дигар намояндагони ташкилоту муассисаҳо баҳри ёрӣ расонидани зарардидагони офати табиӣ ноҳияи Хуросон тибқи нақша ҳамарӯза сафарбар шуда истодаанд.

         Бояд қайд намуд, ки дар натиҷаи ин офати табиӣ беш аз 60 хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон зарар дида, дар ин миён хонаҳои устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ мебошад. Раёсати донишгоҳ ҷиҳати кӯмак ба зарардидагони офати табиӣ тадбирҳои муҳимро амалӣ намуда истодааст.

 

 

Илҳомҷон Қодирӣ, декани факултети

филологияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав