Ҳамкасбони гиромӣ, устодону шогирдони арҷманд!
Пешвои миллат ҳангоми сафари кориааш ба донишгоҳи мо рӯзи 23 марти соли 2019 таъкид намуданд, ки “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамчун яке аз марказҳои асосии тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ ва рушди фарҳангу адаби кишвар дар тӯли фаъолияти беш аз чилсолаи худ дар қатори дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дар тарбияи омӯзгорон ва мутахассисони бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат нақши сазовор гузоштааст”.
Таваҷҷуҳ ва ѓамхориҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф моро водор менамояд, ки тамоми неруи ақлонию зеҳнии худро дар партави иҷрои супоришу ҳидоятҳои Сарвари давлат барои беҳбудӣ бахшидан ба сифати таълиму тарбия, истифодаи роҳу усулҳои фаъол дар таълими дарсҳо, технология ва техникаи замонавӣ дар раванди таҳсилот, тайёр намудани мутахассисони баландихтисосу дорои ахлоқи ҳамидаи ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ равона созем.
Фаъолияти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар зарфи зиёда аз 40 соли мавҷудияташ дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба касе пӯшида нест.
Боварӣ дорам, ки дар нахустрӯзи соли нави таҳсил дарҳои гулистони дониш аз нав ба рӯйи Шумо- шогирдон, ки ояндасозони Ватани маҳбубамон мебошед, боз мешаванд ва Шумо бо неруи тозаву азми қавӣ ба донишандӯзӣ шуѓл меварзеду сатҳи маърифату маънавиёти худро боз ҳам боло мебардоред.
Воқеан, дониш сипари одам, роҳнамою дастгир ва чароѓи равшани дили инсон аст. Маҳз тавассути донишандӯзӣ ҳар фард қуллаҳои муродро фатҳ мекунад ва дар пешрафту ободии ҷомеа саҳм мегузорад.
Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва таваҷҷуҳи пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола нахустрӯзи соли таҳсил ҳамчун рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар кишвар ба иди умумимиллӣ табдил гашта, бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар тамоми муассисаҳои таълимӣ таҷлил карда мешавад. Махсусан ҳамасола кушоиши ин иди умумиллӣ ва дарси сулҳ, ки аз тарафи Пешвои миллат сурат мегирад, ба ин ҷашн шукӯҳу шаҳомати махсус мебахшад.
Таҷлили рӯзи дониш ва дарси сулҳ имсол аз он ҷиҳат шукӯҳмандтар мебошад, ки ҷумҳурии азизамон таҳти сиёсати хирадмандонаву созандаи Пешвои миллат дар раванди омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва интихоботи Президент қарор доранд ва раванди ободкориву созандагиҳо дар сар то сари кишвар бо суръати бесобиқа идома дорад.
Воқеан, Истиқлолият ифтихор ва сафобахши рӯзгори халқи тоҷик мебошад. Сулҳи тоҷикон дар ташаккули худшиносии миллӣ нақши муассир гузошт ва раванди миллатсозиву давлатсозиро дар мамлакат тавсеа бахшид. Аз ин лиҳоз, ҳангоми дарси сулҳ устодон бояд ба шогирдон аҳаммият ва нақши сулҳу ваҳдати миллиро барои суботи ҷомеа, рушди муназзаму муътадили кишвар ва пойдориву устувории давлат шарҳ диҳанд ва наврасону ҷавононро дар рӯҳияи сулҳдӯстиву сулҳпарварӣ тарбия намоянд.
Рӯзи дониш баробари дарси сулҳ арзиши баланд дошта, донишҷӯёну шогирдони мо ва дигар муассисаҳои таълимии кишвар ин санаи фархундаро бо шодиву хурсандӣ истиқбол менамоянд. Маҳз омӯзгор аст, ки наврасону ҷавононро ба интихоби касбу ҳунар ва роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят мекунад. Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир рисолат ва масъулияти касбии омӯзор бамаротиб зиёд шудааст. Дар ин росто, ҳар як омӯзгор бояд ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ дошта бошад ва шогирдонашро дар ҳамин рӯҳия тарбия намояд. Аҳли маориф низ ифтихорманд аз онанд, ки бузургтарин ва пуршарафтарин масъулият – донишомӯзӣ ба насли наврасро ба дӯш доранд. Баҳри иҷрои муваффақонаи ин рисолати волои хеш онҳо бо тамоми ҳастӣ ва бо камоли масъулият фаъолият менамоянд, зеро пойдевори давлат бояд мустаҳкам бунёд карда шавад ва он таҳкурсӣ пеш аз ҳама талқини ҳамаҷонибаи ифтихори ватандорӣ аст. Ватандӯстӣ ҷавҳари ниҳоист, ки инсонро ба гузаштаву имрӯзаи кишвараш ошно месозад ва мепайвандад, ба ояндааш мутмаину дилгарм месозад. Ҷавононро дар рӯҳияе тарбия бояд намоем, ки ифтихору номуси ватандорӣ дошта бошанд, хизмат ба Ватанро шарафу номуси ҷавонмардии худ шуморанд, барои онҳо Ватан беҳтарин нишеман, зодбум ва макони оромидан бошад.
Ѓамхории навбатии Пешвои миллат аз 1.09.2020 ба андозаи 15 фоиз зиёд шудани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф мебошад, ки ин бори дигар моро дар иҷрои вазифаҳои ба дӯш доштаамон бештар масъул мегардонад. Имрӯзҳо мо дар арафаи ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва дар таҷлили шоистаи ин фархундаҷашни миллат аҳли маориф нақши муассир мегузоранд.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ва хотирмон ҳамаи Шумо – устодону донишҷӯён, алалхусус донишҷӯёни курси якумро, ки тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ аз рӯйи 65 ихтисос ба донишгоҳи мо шомил гардиданд, ба ин рӯзи фархунда табрику муборакбод намуда, бароятон саломатӣ, пешрафту барор ва дар фатҳи қуллаҳои дониш муваффақияти бешумор таманно дорам.
Соли нави таҳсил муборак!