dav

 Аз 28 то 29-уми августи равон дар толори Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар доираи Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинари онлайнӣ дар ба мавзӯи “Банақшагирии раванди таълими таҳсилоти педагоги дар асоси муносибати босалоҳият” баргузор гардид. 

 

Нахуст, С. Давлатзода, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, бо сухани ифтитоҳӣ баромад кард. Иттилоъ дода шуд, ки мувофиқи Созишномаи грантии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз 30.11.2018, №03/1 ҷиҳати тибқи барномаи грантии «Татбиқи муносибати салоҳиятнок тавассути истифодаи методу шаклҳои интерактивии таълими донишҷӯён» амалӣ мегардад.

dav

 

Ҷиҳати иҷроиши Нақшаи чорабиниҳои татбиқи лоиҳаи мазкур 18 нафар кормандони раёсати таҳсилот, мудирони кафедраҳои педагогика ва психология ва методикаи таълими фанҳои хусусии донишгоҳ иштирок намуданд. Ин семинари онлайнӣ аз ҷониби мушовирони байналмилалӣ, кормандони коллеҷи педагогии Нарваи Донишгоҳи Тартуи Ҷумҳурии Эстония ташкил ва гузаронид шудааст.

 

dav

Дар рафти семинар масъалаҳои таҳсилоти олӣ дар асри ХХI, банақшагирии раванди таълим дар асоси муносибати босалоҳият, таркиби барномаҳои таълимӣ банақшагирии бевоситаи машғулиятҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба технологияи таълими замонавӣ баррасӣ гардиданд.

 

 

 

 

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии

ДДБ ба номи Носири Хусрав