sdr

Реҷаи қабули шаҳрвандон, устодон ва донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар асоси нақшаи кории Раёсати донишгоҳ ба роҳ монда шуда, пайваста амалӣ мегардад.  

 

Имрӯз, 12-уми сентябри соли 2020-ум қабули шаҳрвандон аз ҷониби Сайфиддин Давлатзода, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Ҳасани Муродиён, мушовири ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав баргузор гардид, ки дар он омӯзгорон, кормандон ва шаҳрвандону донишҷӯён қабул гардида, мушкилоти онҳо сари вақт баррасӣ ва бартараф карда мешавад.

 

Аз ҷумла, донишҷӯён метавонанд рӯзи шанбе бо ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав мулоқот намуда, бо дархосту ариза ба ӯ муроҷиат намоянд.

sdr

 

ЭЗОҲ: Кормандони мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, кормандони масъули донишгоҳ ва шаҳрвандони аз шаҳру ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ дар ҳолатҳои зарурӣ ба ғайр аз рӯзҳои шанбе қабул карда мешаванд.

 

 

Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ ДДБ