Душманону нотавонбинони миллати мо дар қолабҳои шахсиву гурӯҳӣ  ҳар лаҳзаву дақиқа мисли “Хамелион” рӯ зада, аз ритми азалии худ зери нотаи нотавонбинӣ, фитнаангезӣ, буҳтон ва дурӯғафканӣ бо мақсади ғасби ҳокимияти қонунӣ истифода карда, мехоҳанд ба шуури созандаи мардум, хусусан ҷавонони саодатманди миллати куҳанбунёд, ки пайровони асилу воқеии Пешвои миллат, Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон мебошад, доғ ворид кунад.

 

Онҳо худ дарк кардаанд, ки дигар ҳеҷ кас ба қавле мухлиси суханҳои қолабиашон нест, вале ҳамоне аз ин мавқеи бешарафиашон истифода мебаранд.  Воқеан имрӯзҳо мухолифони Ватан зери чатри хоҷагони хориҷӣ бурун аз марзи кишвар, дур аз ёру диёр бо қалбҳои пур аз кину бо бағалҳои пур аз санги маломат бе ягон асноду асос ба ҷониби кишвари биҳиштосоямон, ки туҳфаи офаридгор аст, санги маломат мепартоянд.

 

Мо – ҷавонони зодаи Хатлон, чун ҳама ҷавонони кишвар, дар фазои амну осоиш кору фаъолит намуда, рубрикаҳои иғвогаронаи ба ном “андеша”, “афкор” – (нопок), “ақида”, “хулоса”, “таҳлил”, “изҳорот”, -и ташкилоти ифротии “Паймони миллӣ” ва андешаҳои муғризонаи роҳбари ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом Кабирӣ ҳама думравонашро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудаанд, шадидан маҳкум мекунем.

 

Чанде пеш низ ин хоинони кишвар ҳодисаи ҳамагирӣ КОВИД – ро чун дастат истифода карда, хостанд, ки рӯи ин миллат ва бо ин масъалаи ҳассос фитнаангезӣ кунанд, ки аз ҷониби ҳама сокинон ба вокунишҳои тунд рӯ ба рӯ гардиданд . Мо аминем, ки ваҳдат – беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушду нумӯъ ва  ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст.

 

Хушбахтона, имрӯз сокинони мамлакат, ҳар фарди худогоҳу меҳанпараст хуб дарк мекунад, ки ҳадафи ин гурӯҳҳои ифротӣ бо ҳар васила сиёҳ кардану бад гуфтан аст. Аз ин рӯ, бояд ҳар як ҷавони мо хуб бидонад, ки оромию осоиштагӣ ва озодии кишвар бойгарии бузург, бекиёс ва нотакрор аст, ки бо ҷаҳду талоши шабонарӯзӣ ва хастанопазирӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам,Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Бояд ба қадри ин неъмат ва арзишҳои милли бирасем!

 

Моро мебояд, ки бо ақли солим ва рафтору гуфтори оқилона ба сӯйи ояндаи дурахшони Тоҷикистон, қиблаи умеди ҳама тоҷикистониёну тоҷикони рӯи олам қадам занем, то ваҳдату ҳамдилӣ, Истиқлолияти давлатӣ пойдор ва ягонагии мардумро ҳифз ва устувор нигоҳ дорем. Ҳушёру зирак ва муҳофизи арзишҳои миллӣ бошем!

 

Аловуддин АМИРЗОДА