Аз маълумоти дар сарчашмаҳои таърихӣ мавҷуда баръало аён аст, ки  тоҷикон миллати тамаддунофар буда, давлату давлатдорӣ низ маҳз аз онҳо сарчашма гирифтааст. Дар гардиши таърих тоҷикон дар ҳайати давлатҳои гуногун, ки роҳбарияташро қисман ғайритоҷиктаборон бар уҳда доштанд, бо заҳмату машаққати зиёд ҳаёт ба сар мебурданд.

Дар масири таърих ягона давлате, ки барои халқи тоҷик дар ҳама самтҳо афзалияти хуб дошт, ин давлати бузурги Сомониён буд. Дар замони барпо будани давлати Сомониён ва махсусан роҳбарии фарзанди баруманди халқи тоҷик Исмоили Сомонӣ гузаштагонамон ба давраи басо хуби зиндагӣ қадам наҳоданд ва аз худ барои ояндагон мероси зиёди илмиё таърихиро, ки мо ворисони имрӯза аз он фахр мекунем боқи гузоштаанд.

Ҳамин ғамхори буд, ки дар ин давра шеъру шоирӣ ва илми тиб то ба авҷи фалак расид. Инро мо дар мисоли устоди шоирон Рӯдакӣ ва нобиғаи тибби Абуали Ибни Сино хуб медонем.

Баъди аз байн рафтани пуриқтидори тоҷикон, давлатҳои дигар, ки миллати тоҷик ва хайлқиатҳои Осиёи Марказиро бо ҳам мууттаҳид мекарданд, арзи вуҷуд намуданд. Яке аз чунин давлатҳо собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Дар замони барпо будани давлати мазкур барои халқҳои Осиёи Марказӣ, ки асоси онро тоҷикон ташкил медоданд, бо мақсади муаян намудани ҳудудҳо ва дар асоси он бунёд кардани давлатҳо тақсимонти милию марзӣ гузаронида шуд. Мавриди зикр аст, ки ин тақсимоти ноадолатона маҳсуб меёфт, зеро шаҳрҳои басо зебо ва дилписанди тоҷикон берун аз харитаи имрӯзаи кишвар монданд.

Аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ хурсандии миллатамон ҳадду канор надошт, зеро баъди аз гузашти ҳазор сол мо соҳиби давлати миллии хеш гардидем.

Шукр аз он мекунем, ки худои меҳрубон бар сари миллати тоҷик шахсиятеро овард, ки ӯ ба ҳамаи бесарусомониҳои дар кишвар буда хотима бахшид. Ин шахсияти наҷиб фарзани фарзонаи халқи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бо дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишу талошҳои  халқи баору номуси ватан алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ бо оби сулҳофар хомӯш карда шуд.. баъд аз он ки мардуми шарифи Тоҷикистон ибораи оташбасро шуниданд, дар дили онҳо меҳри ватандӯстиву хештаншиносии миллӣ боз ҳам ҷавлонтар ғулғула зад.

Ёдовар бояд шуд, ки яке аз иқдомҳои пешгирифтаи инсондӯстонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ғамхорӣ ба кӯдакони маъюбу бепарастор ва пирону барҷомонда мебошад. Ҳоло ин иқдоми башардӯстона дар тамоми гӯшаву катори ҷумҳурӣ, ба ҳукми анъана даромадааст. имрӯз Тоҷикистони азиз бо яке аз кишварҳои обод ва амни дунё табдил ёфтааст.

Имрӯз Ватан обод ва сухан озод аст. Ба ин ободӣ ва озодии сухан эй ҳамватан, шукрона бояд кард.

Султон Асоев,

Абдураҳмон Давлатов,

омӯзгорони факултети химия ва биология