Омӯзгорӣ аз бошарафтарин касб дар ҳама давру замон ба шумор рафта, машаққати зиёдро дар тарбияи насли наврас, ки ояндасози миллатанд, талаб менамояд. Таърихи мактабу маориф, мактабшиносӣ дар марҳилаҳои гуногуни тараққиёти ҷамъият рушди бемайлони соҳаи маорифро дар сатҳи гуногун ёд дорад. Марҳилаи имрӯзаи инкишофи назария ва амалияи низоми мактабу маориф, ки таълиму тарбия ҷузъи таркибии он аст, бо саъю талошҳои Сарвари давлат ҷиддан вобаста мебошад.

Муаллим шахси барӯмандест, ки аз хурдӣ инсонро илму адаб омӯхта, ӯро ба воя мерасонад. Ӯ бузургшахсест, ки дар баробари волидони мунису ғамхор касро олами маънӣ меомӯзонад. Тавре гуфтаанд:

Хаққи устод аз падар беш аст,

В-аз падар устод дар пеш аст.

 

Замони ҳозира, ки дунёи онро фазои электронӣ фаро гирифтааст, барои омӯзгорон ҳам осонӣ ва ҳам мушкилиҳои зиёд эҷод намудааст. Зеро таҷрибаҳои солҳои охир нишон дод, ки давлатҳои абарқудрат дар кишварҳои кӯчак мактабҳои хешро бунёд намуда, барои пиёда намудани ғаразҳои сиёсии худ замина тайёр мекунанд. Ҳар фарди худшинос, ки имрӯз касби омӯзгориро интихоб намудааст ва ба тарбияи насли наврас машғул аст, бояд ҳуввияти миллӣ ва зиракии сиёсии баланд дошта бошад, ҳамеша манфиати ҷамъиятро аз манфиати шахсиаш боло гузошта тавонад.

Муаллимро имрӯз метавонем ба равшангари шоми шогирдон ташбеҳ диҳем, нуре гӯем, ки чашмони шогирдонро равшанӣ мебахшад, оламро мунаввар ва мушкили ҳамаро осон мегардонад.

Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгорон вобастагӣ дорад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзанд, ки чандон кори осон нест.

Муаллим ба қавли бузургон муҳандиси рӯҳии инсон аст. Тавре ки муҳандис нақша ё созмони ягон кореро ташкил медиҳад, муаллим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб меомӯзад ва онҳоро ба ҳаёти солими оянда омода месозад. Муаллимро оинаи рӯзгори халқ мегӯянд. Оинае, ки ба он нигариста камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Яъне омӯзгор ибратомӯзест, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамаш саропо ибрати соҳибдилон аст.

Муаллим аз ҳар як норасоиву носазоиҳо ва беаҳмиятии шогирдони худ ба изтироб меафтад. Қуввати худро барои тарбияи фарзанди мардум дареғ намедорад. Устод бо машаққатҳои зиёду бепоён шогирдонро ба воя расонида, соҳибмаълумот мегардонад ва ҳар илме, ки дар ҷавонӣ аз бар мекунанд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.

Даме ки устод шогирди ба ҷон парвардаашро рӯи коре мебинад, беихтиёр мефахрад, ки нахли парвардааш самаре додааст. Меболад, ки тавонистааст, маҳсули заҳмати беандоза ва дастранҷи заҳматталаби хешро бо бузурге пайваста.

Хушбахт онест, ки сазовори номи бузурги устодӣ ё омӯзгорӣ гаштааст. Омӯзгорӣ касби ниҳоят пуршараф аст ва омӯзгор касест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист. Аммо донистану аз худ кардани навоварию ҷамъи рафтору гуфтори нек ба кас ба осонӣ муяссар намешавад. Чандон осон нест, ки аз тифле, ки аз олами маънӣ хабаре надорад, олиме сохт. Даме, ки шогирди муаллим шахси обрӯманд мегардад, бевосита аввалиндараҷа номи муаллимашро мегирад ва аз ӯ розист, ки алфози накӯяш омӯхт. Устод ба роҳи рост ҳидояташ намекард, ҳеҷ гоҳ шарафманду комёб намегашт. Заҳмати беандозаи омӯзгори бузург тавонист роҳбалади шогирди пурзаковат гашта, соҳибмаълумоташ гардонд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои ба арсаи сиёсат қадам гузоштан соҳаи маорифро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатдории хеш эълон дошта, ба таҷдиди мактаб ва таълиму тарбия таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Муаллим касест роҳнамою ҳидояткунанда, мунису ғамхор, дӯсти беғаразу ислоҳкори ҳамон норасоиву нуқсонҳои инсон. Муаллим пешвою омӯзандаи алфози неку таҷассумгари ростию росткорист, ки машҳуртарин бузургони рӯи оламро навиштану хондан ва гуфтору рафтори дуруст омӯхтааст.