Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши ташкили бонизоми ту­ризми экологӣ қадамҳои аввалин гузошта шуда истодааст. Одатан, туризми экологӣ дар дохили ҳудудҳои ҳифзшаванда, паркҳои миллӣ, мамнуъгоҳҳо, парваришгоҳҳо ва ғайра ташкил карда мешавад. Маҳз дар ин гуна ҷойҳо, сарватҳои нодири табиӣ, ки шиносоӣ бо онҳо диққати шумораи зиёди сайёҳонро ба худ ҷалб мекунанд, имкони зиёдтар ташриф овардани сайёҳон вуҷуд до­рад.

 

Дар сурати дуруст ба роҳ мондани фаъолияти корӣ, ин намуди соҳаи сайёҳӣ метавонад, барои аҳолии маҳаллӣ сарчашмаи даромади муваққатӣ ва ё доимӣ гардида, аксари онҳоро аз истифодаи доимии захираҳои биологӣ дур мегардонад ва шавқу ҳавасашонро ба ҳифзи табиати ёбоӣ ва меросҳои мадании минтақа, ки барои сайёҳон арзиши баланд дорад, афзун менамояд.

 

Мувофиқи пешбиниҳои Ташкилоти байналхалқии сайёҳӣ (ТБС), дар асри XXI рушди ин соҳа босуръат афзуда, дар рушди иқтисодиёти бисёр мамлакатҳои ҷаҳон, махсусан рӯ ба тараққикарда ва кӯҳистон саҳми даромади он зиёд мегардад. Ин имконият медиҳад, ки баландшавии сатҳи иҷтимоӣ-иқтисодиро дар минтақаҳои ақибмонда ва пеш аз ҳама дар минтақаҳои кӯҳистон босуръат тезонад. Бесабаб набуд, ки соли 2002 аз тарафи Созмони Милиали Муттаҳид ҳамчун соли рушди туризми экологӣ ва соли кӯҳ эълон гардид.

 

Ҳадафи асосии ин соҳаи туризм, баланд бардоштани маърифатнокӣ ва маданиятнокии экологӣ, дарккунии табиат, муоина намудани рафтор ва фаъолияти ҳайвоноту наботот, шифоёбӣ тавассути истифодабарии захираҳои табиӣ, такомулёбии ҷисмонӣ, саҳмгузорӣ намудан дар ҳифзи экосистема бо зоҳир намудани ҳурмату эҳтироми манфиатҳои аҳолии маҳаллӣ, мебошад.

 

Имрӯз вобаста аз бойгарӣ ва гуногунии захираҳои экотуристӣ, минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон, аз ҷумлаи минтақаҳои ояндадори Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд. Ҷолиби таваҷҷуҳ қарор гирифтани табиати минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон дар он аст, ки дар ин ҷо кӯҳҳои баланд, пиряхҳои бузург, кӯлҳои гуногун, биёбонҳои алпӣ, намудҳои сершумори набототу ҳайвоноти эндемӣ ва реликтӣ, обҳои минералию нарзании хунук ва гарм, ҳайкалҳои таърихӣ-маъданӣ, ландшафтҳои куҳӣ ва куҳию ҷангалӣ, ҳудудҳои беҳамтои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ – куҳӣ ва ғайра мавҷуданд.

 

Мутаассифона фаъолияти сайёҳӣ таъсироти тез ва бевоситаро ба ҳолати табиӣ ва ҳайати намудии ратаниҳо мерасонад. Ҳангоми чунин фаъолият аз ҳама тез набототи қабати поёнӣ дар натиҷаи поймолкунӣ зарар мебинанд. Чунин амал ҳамеша ба камшавии ҳайати намудии наботот оварда мерасонад. Нестшавии баъзе намудҳо  бошад, бо ҷамъоварии мақсаднок ва кофтагирии оно вобастагӣ дорад.

 

Бо назардошти сабабҳои мавҷуда, туризми экологӣ бояд мавқеи сазоворро дар системаи фаъолияти сайёҳӣ ишғол намояд. Ташкили дуруст ва идоракунии самараноки туризми экологӣ имконияти нигоҳ доштани мувозинати манфиатҳои ҳифзи табиӣ, экологӣ, иҷтимоиро ба вуҷуд меорад. Яке аз мушкилоте, ки пеши роҳи иҷроиши ин мувозинатро, мегирад, проблемаи истифодаи мақсадноки неруӣ сайёҳӣ  мебошад.

 

Ҳамин тариқ, ҳангоми ба роҳ мондани фаъолияти устувори туризми экологӣ ба чунин хусусияти сайёҳӣ диққати махсус зоҳир кардан зарур аст: танзими шумораи сайёҳон; мунтазамии омадани  онҳо ба минтақаҳо ва объектҳои алоҳида; хусусияти фаъолияти сайёҳон; хусусияти экологии ҳудудҳои мушаххас; хусусиятҳои сикли ҳаётии ҳаёвонот ва наботот дар давоми тур ва ғайра.

 

Дилором Давлатова,

саромӯзгори кафедраи экологияи умумии факултети химия

ва биологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав