Китоби тозанашри Файзализода Баҳрулло, омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав бо номи «Машғулиятҳои лабораторӣ” аз фанни “Технологияи иттилоотӣ” дар матбааи «Матбааи Қӯрғонтеппа”- и шаҳри Бохтар аз чоп баромад.

Муаллифи китоб бо мақсади муаррифӣ ва омӯзонидани фанни “Технологияи иттилоотӣ” воситаи таълимӣ-методии мазкурро таҳия намудааст.

Дастури таълимӣ ба назария ва методикаи таълим, машғулиятҳои озмоишии компютерӣ оид ба технологияи иттилоотӣ, амсиласозии компютерӣ, физикӣ ва ҳисобу китоби омориро фаро мегирад.

Дар ҳар як машғулияти лабораторӣ ду намунаи иҷроиши супоришҳо бо натиҷаҳояшон оварда шудаанд. Намунаи барномаҳо дар ду забони барномасозӣ оварда шудаанд, яке дар забони барномасозии Borland С++ Bulder 6 ва дигаре забони барномасозии PascalABC.NET мебошанд.

Китоби мазкур нишондодҳои методӣ оид ба корҳои лабораторӣ дар реҷаҳои консолӣ ва визуалӣ оварда шудааст.

Дастури мазкурро барои худомӯзии донишҷӯён, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ инчунин дар курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф истифода бурдан мумкин аст.

Маркази таҳлилӣ- иттилоотии ДДБ