Давоми чанд соли охир аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва тасдиқ гардидаанд, ки самтҳои гуногуни фаъолияти занонро фаро мегирад. Татбиқи амалии онҳо ҳаёту фаъолияти бонувони кишварро боз ҳам рангин месозад.

 

Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки мақому манзалати зан дар ҷомеа баланд бардошта шавад.

 

Вобаста ба ин, қонунҳои амалкунанда аз нигоҳи баробарии гендерӣ, баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодии занон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихоб, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби бонувон такмил дода шудаанд. Имрӯз пешравии ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва фароғатию варзиширо бе иштироки бонувон тасаввур кардан имконнопазир аст. Дар моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқии занону мардон кафолат дода шудааст, ки ин заминагузори фаъолияти бонувон аст. Бонувони ҷумҳурӣ бар замми тарбия ва ба воя расонидани фарзандон ва корҳои рӯзгор, инчунин, бештар дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ фаъолият менамоянд. Ғамхориҳои давлату ҳукумат мо аҳли зиёиро бетараф намегузорад. Мо, омӯзгорону мутахассисони ҷавон, камари ҳиммат ба пажӯҳандагӣ, таҳлили масъалаҳои мубрами рӯз роҷеъ ба таълиму тарбияи шахси комил, ки ҷавобгӯ ба талаботи давру замон бошад, мебандем.

 

Тарбияи насли солим аз оила маншаъ гирифтааст ва оила як воҳиди ҷамъият ба шумор меравад. Аҳамияти педагогӣ-психологии оила аз он иборат аст, ки таҷрибаи даврони кӯдакии ҳар як фард, дар муҳити он ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, агар фазои оила аз меҳр ва муҳаббат, фидокорӣ ва гузашт, самимият ва ғамхорӣ ҷудо бошад, дар ин ҳолат интарзи муносибатҳо ба рашк, душманӣ ва кина, нафрат ва хашм бурда мерасонад. Кӯдакон дар рафти ҳаёт ин гуна муносибатҳоро дар симои волидайн, хоҳарон ва бародарони худ меомӯзанд. Ба он маънӣ, ки аҳли оила ба рафтори ҳамдигар таъсири мутақобила мерасонанд.

 

Оила рукни табиӣ ва асоси ҷамъият буда, нахустин мактаб ва макони асосии тарбия аст. Оила дорои қонуни муқаддас буда, бо пайдоиш ва тавлиди фарзанд ранг ва ҷилваи хосе пайдо мекунад. Фарзанд бояд ҳамчун узви ҷомеаи инсонӣ, умеде дар оянда ва чун ҳимоятгари Ватан ва ҷомеа ба воя расад.

 

Оила макони асосиест, ки дар он бачаҳо бо фарҳангу тамаддун ва одобу суннатҳои миллӣ мусаллаҳ гардонида шудаанд. Оила бисёр масъалаҳои муқаддасу масъулиятнокро дар рушд, таҳаввул, тарбия ва саодати инсонӣ ба уҳда дорад.

 

Зинаи нахустини зиндагӣ ва парвариши кӯдак дар оила ранг мегирад. Ҳаёти оилавӣ заминае барои вуруд ба зиндагии иҷтимоӣ аст. Оилаи хуб беҳтарин мактабест, ки дар он мактаб кӯдак лабханд, хушҳолиро меомӯзад, инкишоф ва такомул меёбад, ба зиндагии оянда ворид мешавад. Баръакси ин ҳолат, оилаи номуносиб бадтарин мактабест, ки кӯдак дар он ҷо дарси интиқом, туршрӯӣ ва дурӯягиро ёд мегирад.

 

Н. НУРАЛИЗОДА,

раиси созмони бонувони донишгоҳ