Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар кишвари мо ҳар сол дар якшанбеи сеюми моҳи октябр ҷашни Меҳргон таҷлил мешавад. Ин яке аз ҷашнҳои бостонию миллии мо-тоҷикон аст ва аз ин рӯ, бояд ҳамагон, дар бораи он маълумоти зарурӣ дошта бошанд.

 

Мо бояд донем, ки Меҳргон чӣ гуна арзи ҳастӣ кардааст, чӣ таърихе дорад, чӣ тавр таҷлил мешавад, чӣ гуна он вартаҳои зиёдеро убур намудааст. Дар бораи ҷашни Меҳргон маъхазҳои муътамаде, чун «Авасто», «Тавҳид-ут- таърих», «Шоҳнома», «Осорул-боқия», маълумоти зарурӣ медиҳанд. Сараввал бояд донист, ки Меҳргон калимаи асили тоҷикӣ буда, аз решаи меҳр ва анҷомаи гон таркиб ёфтааст. Ба ин тариқ, калимаи мазкур маънои «меҳрмоҳ», «аҳли меҳр», «меҳрубонон» ва амсоли инҳоро ифода менамояд.

 

Ҳамчунин, зери ин вожа маънои меҳру муҳаббат, меҳрубонӣ, дӯстиву рафоқат ва шодиву нишотро метавон эҳсос намуд. Меҳргон калимаи хеле гӯшнавозу хушлаҳн ва суфтаву рехта аст ва садсолаҳост, ки дар муҳити тоҷикона садо медиҳаду дилҳоро мусаххар мекунад. Вожаи меҳр дар забони тоҷикӣ таърихи баѓоят дерин дошта, дар «Авасто» фаровон истифода шудааст. Калимаи мазкурро ба маъноҳои «худои офтоб», «нур», «равшанӣ», «меҳрубонӣ», «меҳрбандӣ» низ тавсиф бахшидаанд.

 

Хушбахтона, дар замони истиқлол ҷашнҳои миллӣ, расму оинҳо ҷойгоҳи пешинаи худро боз соҳиб гаштанд. Ҳарчанд дар замони Шӯравӣ иди ҳосилот ҷашн гирифта мешуд, аммо вожаи Меҳргонро касе ба забон намеовард. Ҳоло бошад, дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон дар ин ҷашн аҳли заҳмат ҳосили ҷамъовардаашонро ба намоиш мегузоранд, ҳамчунин, мардум ба ҳам омада, таронаҳо дар васфи Меҳргон месароянд ва ҳамдигарро шодбош мегӯянд.

 

Ҳамчунон, ки Манучеҳрии Домѓонӣ фармуда:

 

Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон,

Норанҷу нору арѓавон овард аз ҳар ноҳия.

 

Пайдост, ки ҳар анъанае, ки ба табиату хулқу атвори мардум писандида аст, пойдору устувор мемонад. Ҷашни Меҳргон низ аз бисёр ноадолатию маҳдудаҳои таърихӣ гузашта, поянда монд ва имрӯз дар замони истиқлоли кишварамон неруи тоза дарёфтаасту дар муҳити гуворо, бо шукуҳу тантана, дар заминаи ифтихори миллӣ таҷлил мешавад. Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айёми тирамоҳ ҷашнҳое бо номи Иди асал, Иди харбуза, Иди каду, Иди ангур, Иди себ ва монанди инҳо баргузор мегардад. Ин ҳама бахшҳои ҷашни Меҳргон ва марҳилаҳои омодагии аҳли мамлакат ба ин фархундаҷашн мебошад.

 

Ҳоло ҷашни Меҳргони тоҷикон шуҳрати ҷаҳонӣ дарёфтааст ва ба гунаҳои мухталиф дар баъзе аз кишварҳои хориҷӣ таҷлил мешавад. Меҳргони нишотовару пурҷилои тоҷикон, пеш аз ҳама, чун рамзи бахту саодати мардум ва ҳосили фаровону баракату саховат, бешубҳа ҳастии ҷовидонӣ дорад.

 

М. НАЗАРОВ,

омӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ