..

Аз хабари даргузашти олими тавоно, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон, мушовири ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав Ҳасани Муродиён сахт андуҳгин шудем.

 

Ин вабои ҳамагир боз як муҳаққиқи барҷастаи адабиёт, инсони шарифро бо худ бурд.

 

Воҳ, чӣ инсони наҷиберо аз даст додем. Хайрхоҳ, зиндадил, меҳрубон, донишманд, дурандешу дардошно буданд, маслиҳату машварати худро аз ҳеҷ кас дареғ намедоштанд.

 

Худованд ба бозмондагони Устод сабру шикебоӣ диҳад ва ҷойи марҳумро дар фирдавси барин қарор диҳад.