Паёми Президенти кишвар ҳамасола роҳи яксолаи соҳаҳои ҳаётан муҳими кишварро ба пуррагӣ ифода карда, барои фаъолият ҳамчун дастуру роҳнамо истифода мешавад. Дар паёми имсола бо мақсади таъмин намудани рушди устувори иқтисодии мамлакат дар бобати ҳалли масъалаҳои вобаста ба пешрафти технология ва барои таҷдиду бунёди он вазифагузориҳо шудаанд.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди тағирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амнияти чаҳон дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисоди расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Вале пешрафти ояндаи Тоҷикистон дар шакли инноватсионӣ пешбинӣ гардида, ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардоштани самаранокии саноати коркард ва қобилияти рақобати маҳсулоти ватанӣ бисёр муҳим мебошад.

 

Ҳукумати мамлакат ҳамаи захираву имкониятҳоро барои таҷдиду бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ, ворид намудани технологияҳои ҳозиразамон, ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои обу энергетика, махсусан фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузориву соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва таъмини волоияти қонун сафарбар кардааст. Вобаста ба пешрафти иқтисодиёт, комёбиҳои илму техника, сол то сол зиёд шудани истифодаи кортҳо ва дигар намуди ҳисоббаробаркунии ҳаҷми пули ҳамчун воситаи муомилот истифода шаванда кам мешавад.

 

Бо мақсади танзими хизматрасониҳои пардохти осон ва шаффоф гардонидани амалиёт, кам намудани истифодаи пули нақд дар муомилот ва вусъат бахшидани ҳисоббаробаркунии ғайри нақдӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гарчанде соли сипарӣ шуда, шумораи дорандагони кортҳои пардохтӣ 5,5-фоиз зиёд шуда, 1,7 миллион нафарро ташкил додааст, вале то ба ҳол 95-фоизи амалиёти кортӣ бо гирифтани пули нақд вобаста мебошад. Дар робита ба ин, Бонки миллӣ бояд назорати татбиқи стратегияи рушди низоми пардохтро пурзӯр карда, доир ба насби терминалҳои пардохтӣ ва истифодаи васеъи кортҳо чораҷӯӣ намояд.

 

Дар мамлакатҳои тараққикарда, ба монанди ИМА, Британияи Кабир, Фаронса, Олмон ва ғайра хаҷми пули нақд дар ҳаҷми умумии гардиши он хеле кам аст, зеро дар ин мамлакатҳо воситаҳои ҳозиразамони ҳисоббаробаркунӣ ба суратҳисоби кормандон, нафақахӯрон, донишҷӯён, гузаронидани музди меҳнат, нафақапулию стипендия ва аз он ҷо ба таври ғайринақдӣ (бо воситаи кортҳо) додани арзиши молҳо ва хизматрасониҳо, бо чеку векселҳо додани пули молҳои баландарзиш васеъ истифода мешавад. Масалан дар ИМА ҳамагӣ 1-фоизи кормандон маоши моҳонаи худро бо пули нақд мегиранду халос, дар Олмону Британияи Кабир ва Фаронса миқдори кормандоне, ки чунин тарзи ҳисоббаробаркуниро истифода мебаранд, аз 8 то 12-фоизро ташкил медиҳад.

 

Ҳамаи мамлакатҳо низ ба истифодаи камтари пулҳои накд дар муомилот хеле ҳавасманданд, зеро таъмини гардиши пулҳои нақдӣ харҷи хеле зиёдро талаб мекунад. Мувофиқи маълумотҳо ҳаҷми умумии пулҳои нақд дар дунё 10 миллион тоннаро ташкил медиҳад, ки аз он 250 ҳазор тоннааш ба долларҳои ИМА рост меояд. Барои таъмини муомилоти пулӣ, на камтар аз 100 миллион тонна коғазу ширеш ва лавозимоти дигар зарур аст. Бар замми ин, мардуми зиёд ба ҳисобу китоб, бастакунӣ, ҷобаҷогузорӣ, нигоҳдорӣ, бурдан аз як ҷой ба ҷойи дигар ва ғайраҳо машғуланд. Арзиши як мошини калони пулҳисобкунӣ аз 40 ҳазор то 2-миллион доллари ИМА аст. Аз ин рӯ, мамлакатҳо доимо дар ҷустуҷӯи шаклҳои нави ҳисоббаробаркунианд. Мақсади муомилоти пулии нақдию ғайринақдӣ таъмини самаранокии муомилоти молӣ ва пардохтҳо мебошад. Ташкили дурусти он имкон медиҳад ки устувории қурби пули миллӣ, ки яке аз шартҳои пешрафти иқтисодиёт мебошад, таъмин карда шавад.

 

Исфандиёри ҶУРАБОЙ,

донишҷӯи бахши чоруми факултети иқтисодӣ