Об яке аз сарватҳои бебаҳои табиат буда, асоси пайдоишу пойдории олам аст. Сарсабзиву шукуфоӣ ва пойдории олам ба он марбут мебошад. Бешубҳа дар он ҷое, ки об вуҷуд дорад нишони ҳаёти зинда, ободонӣ ва хушбахтиву комронӣ низ дида мешавад. Агар ба ойинномаи таърихи гузашта нигарем, чунин ба назар мерасад, ки ниёгони мо обро чун неъмати муқаддасу пок парастиш намуда, баъзе анъанаҳои миллиро тавассути он амалӣ мегардонанд. Яъне аз ибтидо об ба сифати неъмати поку равшан ва атокунандаи бахту иқбол шинохта шудааст.

 

Ҳаёти инсонро бидуни об наметавон тасаввур намуд, зеро нарасидани об фаъолияти мунтазами организмро вайрон намуда,ба заволи он сабаб мегардад. Рангорангии табиати сеҳрангез, хандаи гулҳои тар, сабзиши рустаниҳо, навои обшор, мавҷи сабзи талу теппаҳо бо шарофати ин неъмати беназир ба амал меояд.

 

Хушбахтона, Тоҷикистон аз ҷиҳати дороии об яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намудааст. Зиёда аз 50 адад дарёҳои манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ, ки аз оби яху борон пур мешавад, дар пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқ нақши муассир доранд.

 

Новобаста аз ин, баъзе аз шаҳрвандон дидаю дониста ба об ҳар гуна партовҳо мепартоянд ва боиси ифлосшавии он мегарданд. Дар ривояти осори аксар халқҳои қадим: тоҷикон, ҳиндуён, юнониён, об пеш аз замину осмон вуҷуд доштааст.

 

Яке аз файласуфони юнон Фалес обро мабдаи олам мешуморад ва гуногунии табиатро ба он вобаста медонад. Имрӯз низ ниёзи ҷомеаи мутамаддин ба об афзуда, ҳамзамон норасоии он дар баъзе кишварҳо боиси нигаронии аҳли башар гардидааст.

 

Гардиши об дар кураи замин ба таври ҳамешагӣ бо таъсири омилҳои табии ва инчунин омилҳои сунъӣ мегузаранд. Дар кишвари мо 29- уми ноябри соли 2000 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст, ки аз 5 фаслу 24 боб ва 146 модда иборат мебошад. Мақсад аз қабул кардани Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳифзи фонди давлатии об барои беҳтар гардидани шароити иҷтимоии аҳолӣ ва муҳити зист, ҳифзи об аз ифлосшавӣ, олудашавӣ, камшавӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири зараровари обҳо, беҳтар кардани ҳолат ва ҳимояи объектҳои об, таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба истифодабарии об мебошад.

 

Хулоса, яке аз масъалаҳои муҳими замони ҳозира ҳифзи сарватҳои табиат мебошад. Агар мо обро сарфакорона мавриди истифода қарор дода, софии онро таъмин созем, ҳаёти солимро хоҳем дарёфт.

 

Тарзи солими зиндагӣ ба маданияти баланди худи инсон вобаста аст. Субҳ бо нур оламро мунаввар мегардонад, вале об вуҷуди оламу одамро пок сохта, равшан менамояд. Пас «Ташнаро як қатра об аз дурри дарё беҳтар аст» ҳикмати сабзи ҷаридаи олам буда, инсониятро баҳри ҳифзи неъмати бебаҳо ҳидоят менамояд.

 

Бахтинисо РАҲИМОВА,

донишҷӯи курси дуюми факултети филология, ихтисоси рӯзноманигорӣ