Раванди корҳои сохтмонӣ дар блоки Б-и зербинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бомаром идома дошта сохтмончиён аз соати 6-и субҳ то 9-и шаб кор мекунанд.

Корҳои бунёдиро дар иншооти мазкур ҳамчун пудратчии асосӣ ҶДММ «Собир САМ» ба уҳда дошта барои бунёди иншооти мазкур беш аз 100 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

То ба имрӯз таҳкурсии болҳои А, Б ва В ба анҷом расонида сохтмончиён бинои таҳхонаи блоки Б- ро омода намуда истодаанд.

Бино ба иттилои Файзиддин Файзалов, саркори иншооти мазкур 25 нафар сохтмончӣ ҷалб шудааст.

– Ман одатан барои кор ба Россия рафта кӯшиш мекардам, ки аҳли оилаамро таъмин намоям, – афзуд устои арматурсоз ва васлгари техникӣ. – Имсол, ки бемории КОВИД -19 дар ҷаҳон паҳн гашт, роҳҳо баста шуданд тобистони имсола ман ҳамон кореро, ки дар Россия иҷро мекардам, дар сохтмони донишгоҳ дарёфт кардам. Ман дарк намудам, ки имкон дорам зиндагии худро дар ин ҷо, дар наздикии хонаам ба роҳ монам.

Иттилоъ дода шуд, ки ба сохтмончиён аз ҷониби ҶДММ «Собир САМ» бо шароити хуб ва ғизои дастрасу бо сифат таъмин таъмин карда мешавад.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ