ҲАЗЛНӮШ

Эй вируси корона,

Тоҷут аз сарут мона.

Ранги Гитлер гуфтӣ ту,

«Мегирум ин ҷаҳона».

Аспи хута зин кадӣ,

Рӯ ба сӯи Чин кадӣ.

Як кишвари обода,

Ту хоки замин кадӣ.

Уруса гаранг кадӣ,

Асабша таранг кадӣ.

Дар илоҷи кори худ,

Аҳволша ба танг кадӣ

Ҳама ай ту тарсонай,

Ай дастут гурезонай.

Дар хонаҳо ҷо шуда,

Чу барги бед ларзонай.

Ай муши паронӣ ту,

Монанди ҳайвонӣ ту.

Хуни одам мехӯрӣ,

Заҳҳоки моронӣ ту.

Ту безебу беорӣ,

Ранги дузди мазорӣ.

Ҳазорҳо каса куштӣ,

Қотили нобакорӣ.

Як гап мегӯм, э нобоб,

«Шӯхӣ накун ба арбоб».

Беҳуда нест ин мақол,

«Арбоб занад ба ҳар боб».

Инсон мавҷуди зӯрай,

Бо ақлу бо шуурай.

Давои тура меёва,

Як рӯз, наздик ё дурай.

Оқибат «капут» мешай,

Ай дунё нобуд мешай.

Баройи аҳли башар,

Нақли «Буд-набуд» мешай.

 

М. ФИРӮЗ