Имрӯз 8-уми январи соли 2021-ум дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA – 030 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Таваров Дилшодҷон Саидмуродович, омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав рисолаи номзадии худро ҳимоя кард.

Дилшодҷон Таваров дар мавзӯи “Раванди ташаккулёбии ҷомеаи иттиоотӣ дар шароити муосир (таҷрибаи Тоҷикистон)” аз рӯйи ихтисоси 23.00.02 – ниҳодҳо, равандҳо ва технологияи сиёсӣ (илмҳои сиёсӣ), барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ, зери роҳбарии доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Нуриддинов Раймалӣ Шахбозович ҳимоя намуд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ