Як гурӯҳ донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ҳамкори бо Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент ҷиҳати боздид намудан аз ҷойҳои таърихӣ ва мавзеъҳои шаҳри бостонии Панҷакент сафарбар шуданд.

Шаҳри Панҷакент бо ёдгориҳои беназири таърихӣ чун Саразми бостонӣ, Панҷакенти қадим, оромгоҳи саромади адабиёти форсӣ-тоҷикӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дигар мавзеъҳои зебо кайҳост, ки мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.

Нахуст, донишҷӯён ва омӯзгорон аз шаҳри Панҷакент, ки бо таърихи ғановатманд ва мавқеи ҷуғрофӣ низ аз минтақаҳои муҳими мамлакат маҳсуб меёбад дидан карданд.  Дар идомаи сафар ичтирокчиён аз Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент дидан карда бо масъулини доникада вохӯрӣ намуданд.

Пас аз вохурӣ аз мамнунгоҳ- шаҳристони Панҷакенти қадим ва оромгоҳи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, ки бо тарҳи нав, бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷдид гардидааст, воқеъ дар деҳаи Панҷрӯд ҷойгир аст тамошо намуданд.    

Инчунин, ҳангоми боздид аз гулгашти  муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон, устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ дидан карданд.

Дар идомаи сафар иштирокчиён аз шаҳраки бостонии Саразм тамошо намудданд.  

Иттилоъ дода шуд, ки Панҷакент яке аз шаҳрҳои қадимаи Тоҷикистон маҳсуб ёфта, он бо ёдгории беназири таърихӣ — шаҳраки бостонии Саразм, ки ба Феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид асту соли 2020 бо пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон 5500-солагии он таҷлил мегардад, дар ҷаҳон шуҳратёр гаштааст.

Шаҳркадаи Саразм яке аз ёдгориҳои қадимтарини давраи энеолит ва аввали асри биринҷӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Саразм дар соҳили чапи яке аз дарёҳои бузурги Осиёи Миёна — Зарафшон, дар баландии 910 метр аз сатҳи баҳр, дар 15 километрии шаҳри Панҷакент ва 45 километрии Самарқанд воқеъ гардидааст. Ба ақидаи барҷастатарин муҳаққиқи суғдшинос В.А. Литвинский Саразм маънои «Сари замин»-ро дорад.

Сафарбаршудагон дар раванди саёҳат хеш тавонистанд аз манзараҳои шаҳри Панҷакент дидан намуда, таассуроти хуберо аз бар карданд.  

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ