Имрӯз 27-уми январи соли 2021 дар доираи корҳои ободониву созандагӣ баҳри беҳбуд бахшидан ба муҳити зист кормандони қисми хоҷагидории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар гирду атрофи хобгоҳи донишҷӯён ниҳолҳои ҳамесабз шинонида шуданд.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ ва ободонии ин гӯшаи донишгоҳ кормандони қисми хоҷагидорӣ саҳми худро гузоштанд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар саҳни факултетҳои донишгоҳ маъракаи ниҳолшинонӣ ҷараён дорад.